Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виталий Левченко сармураббии нави "Истиқлол" шуд


Виталий Левченко, сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.
Виталий Левченко, сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.

Виталий Левченко, мутахассиси 47-сола, сармураббии нави дастаи "Истиқлол"-и Душанбе таъйин гардид. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, бошгоҳи «Истиқлол» бо сармураббии нави даста Виталий Левченко, ҳимоятгари дар гузашта маъруфи мунтахаби Тоҷикистон, то охири соли 2020 шартнома ба имзо расондааст.

Роҳбарияти бошгоҳ дар назди ин мутахассис дар ҳамаи мусобиқоте, ки қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон ширкат меварзад, вазифаҳои баланд гузоштааст.

Ба Левченко дар бошгоҳи «Истиқлол» Алишер Тухтаев, ки то охири мавсими соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста буд, инчунин Анвар Норқулов кӯмак мекунанд. Норқулов дар гузашта дар дастаи "Истиқлол" ба ҳайси футболбоз ҳунарнамоӣ дошт. Вазифаи мураббии дарвозабонҳо ба уҳдаи Фаррух Бердиев гузошта шуд.

Виталий Левченко 23-юми марти соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Шогирди мактаби футболи Хуҷанд аст. Ба ҳайси бозигар дар дастаи «Хуҷанд», баъдан дар бошгоҳҳои Украина - «Динамо» ва ССКА (Киев), «Таврия» (Симферопол), тимҳои русиягии «Волгар» (Астрахан), «Спартак» (Кострома), «Динамо» (Ставропол), «Урал» (Екатеринбург), ҳамчунин дар бошгоҳи «Чанчун Ятай» (Чин) ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар даҳ бозӣ ширкат варзидааст.

Виталий Левченко бошгоҳҳои украинии «Княжа» (вилояти Бориспол), «Еднист» (вилояти Чернигов), «Десна» (Чернигов)-ро машқ дода, дар вазифаҳои ёвари сармураббии мунтахаби ҷавонони Украина, ёвари сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), сармураббии дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор, инчунин мураббӣ оид ба тарбияти баданӣ дар бошгоҳи русиягии «Криля Советов» (Самара) фаъолият дошт.

Ҷойи охирини кори ӯ бошгоҳи футболи «Хуҷанд» буд. Бо роҳбарии Виталий Левченко "Хуҷанд" соли гузашта дар қаҳрамонии Тоҷикистон мақоми дувумро соҳиб шуда, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё ) иштирок кардааст.

«Истиқлол», ки 17-уми феврал пеш аз сафар ба Туркия тамрини ниҳоияшро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе анҷом дод, ҳамакнун бо раҳбарии Виталий Левченко барои баргузор намудани ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Анталия меравад. Дар доираи ин ҷамъомад қаҳрамони Тоҷикистон бо бошгоҳҳои хориҷӣ якчанд бозии санҷишӣ хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки бозиҳои контролӣ дар Анталия барои “Истиқлол” як навъ санҷишест пеш аз марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC, ки 11-уми март шуруъ мешавад. “Истиқлол” дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Олтин Асир”-и Туркманистон, “Дордой”-и Қирғизистон ва ғолиби плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни бошгоҳҳои “Нефтчӣ”-и Қирғизистон ва “Хуҷанд”-и Тоҷикистон рақобат хоҳад кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG