Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати таъинкардаи мақомот ба поён расид. Тақдири симкортҳо чӣ хоҳад шуд? ВИДЕО


Муҳлати таъинкардаи мақомоти Тоҷикистон барои сабтиноми дубораи симкортҳо бо шиносномаи нави пластикӣ рӯзи 15-уми феврал ба анҷом расид. Баъзе аз ширкатҳои мобилӣ ба муштариён ҳушдор додаанд, ки дар сурати сабт накардани симкортҳо бо шиносномаи нав, фаъолияти симкортҳо қатъ карда хоҳад шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳукумат хост, ин муҳлатро дароз кунанд. Сокинон мегӯянд, ба сабаби тӯлонӣ будани навбат ҳанӯз шиносномаи нав нагирифтаанд.

Пушти дари идораҳои шиносномадиҳии шаҳри Душанбе агарчӣ гурӯҳе аз тарси қатъ шудани симкорт навбатпойӣ мекунанд, зоҳиран мисли дафъаҳои пеш дигар анбуҳи одамон ва ҷангу ҷанҷол ба назар намерасад.

Салима, сокини шаҳри Душанбе, яке аз садҳо нафарест, ки натавонист то имрӯз шиносномаи нав бигирад ва симкорташро дубора сабтином кунад. Рӯзи 14-уми феврал ҳам аз идораи шиносномадиҳӣ бо дасти холӣ баромад, вале мегӯяд, чандон нигарон нест.

"Фикр мекунам, муҳлатро дароз мекунанд. Агар нашуд, аз баҳри симкорт мегузарем. Ҳарчанд ба кору зиндагиамон таъсир мегузорад. Маҷбур мешавем боз аз нав симкорт бигирем", -- афзуд ӯ.

ГУЗОРИШИ ВИДЕОӢ ДАР ИНҶОСТ:

Тақдири симкортҳо чӣ хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Мақомот ҳанӯз расман тамдид ёфтани муҳлати ба қайдгирии симкортҳоро бо шиносномаи нав, ки қаблан то 15-уми феврал муайян шуда буд, эълон накардаанд. Дар баъзе аз идораҳои шиносномадиҳӣ мардумро бо ин ором мекунанд, ки эҳтимол муҳлат то 2 соли дигар дароз карда мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки муҳлати иваз кардани шиноснома барои сабти номи симкортҳо тамдид карда шавад.

Ҳусейн Халилзода, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 14-уми феврал гуфт: "Ин масъала дар баррасии ҳукумат қарор дорад. Мо аз нав хоҳиш кардем, ки масъалаи дароз кардани муҳлат дар баррасӣ аст ва рӯзҳои наздик маълум мешавад."

Дар маҷмуъ, тибқи маълумоти расмӣ ҳоло дар кишвар 3,5 миллион симкорте ҳаст, ки бо шиносномаи куҳна ва 3,2 миллион бо шиносномаи нав сабтином шудаанд.

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам дар охири моҳи январ гуфтанд, дар сурати то 15-уми феврали имсол сабтином накардан бо шиносномаҳои нав ё пластикӣ, мумкин аст, фаъолияти ин симкортҳо қатъ карда шавад. Сокинон ба ин қарор розӣ набуданд.

Мижгона Тошева, сокини дигари шаҳри Душанбе, ҳам тамоми талошашро кард, то рӯзи 15-уми феврал шиносномаи нав бигираду симкорташро сабти ном кунад, аммо муваффақ нашуд. Шиносномаи ӯ ҳанӯз омода нест. "20 рӯз шуд, ки барои шиноснома ҳуҷҷат супурдам, ҳоло омадам, ки тайёр нашудааст. Мегӯянд, фурсат нашуд, одам зиёд аст", -- нақл кард ӯ.

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳое, ки фурсати то 15-уми феврал иваз кардани шиносномаро пайдо накардаанд, "нигарон набошанд. Ҳанӯз масъалаи қатъ шудани симкорти телефонҳои ин гурӯҳ дақиқ нест".


Тасмими бо шиносномаи нав сабтином кардани симкортҳо моҳи феврали соли гузашта бар асоси як қарори ҳукумат шурӯъ шуд. Ин тасмим анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ овард ва интиқодҳои зиёдеро дар пай дошт.

Аксарият аз аввал ба ин бовар буданд, ки мақомот дар муҳлате, ки муайян кард, зарфияти додани шиносномаҳои навро ба сокинон надорад. Мақомот ба тавоноиҳои худ таъкид доштанд. Дар ин муддат ду дафъа муҳлат тағйир ёфт.

Барои иваз кардани шиносномаи дохилӣ дар Тоҷикистон 10 доллар ё наздики 100 сомонӣ зарур аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG