Бар асоси дастури ҳукумат, тамоми шаҳрвандон бояд то рӯзи 15-уми август симкортҳояшонро аз нав ба номи худ сабт кунанд, дар акси ҳол аз он ба таври автоматӣ маҳрум мешаванд. Аммо мушкилӣ дар ин миён на сабти симкорт, балки муқаррароти дигар аст. Ва он ҳам сабти симкорт бо корти пластикии дохилӣ, ки ба ҷойи шиноснома соли 2014 берун омад ва мардуми зиёде онро надоранд.
Бо наздиктар омадани моҳи август, навбатҳо пушти дари шӯъбаҳои шиносномадиҳии вазорати умури дохилӣ дарозтар ва ғавғову норозигӣ ҳам бештар шудааст. Аммо норизоиятӣ дар байни онҳое зиёдтар аст, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва корти нави ҳуввият надоранд ва бо шиносномаҳои кӯҳна мегарданд.
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо Радиои Озодӣ тамос гирифтанд, мегӯянд, солҳост як рақам доранд, ки бо худ ба Русия бурдаанд ва аҳёнан истифода мебаранд, то баъди бозгашт ҳамонро дошта бошанд. Аммо мушкил ин аст, ки дар Русия имкони гирифтани корти ҳуввият нест ва касе ҳам барои иваз кардани корт садҳо доллар харҷ кардаву корашро монда ба Тоҷикистон барнамегардад. Ҷовидон Назаров, сокини 30-солаи Душанбе феълан дар вилояти Тамбов дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад. Вай рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ман дар сохтмон кор мекунам ва касе иҷозат намедиҳад, ки ба Тоҷикистон равам. Маблағ ҳам надорам. Аммо вақте тирамоҳ ба ватан бармегардам, дигар симкортам кор намекунад ва ин як мушкили ҷиддӣ мешавад”.
Бо айни шикоят даҳҳо муҳоҷири кории тоҷик аз тариқи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба Радиои Озодӣ муроҷиат карданд. Онҳо мегӯянд, шумораи телефонашонро мехоҳанд, нигаҳ доранд, то рақамҳои хешованду дӯстонашонро гум накунанд ва ҳам ин шумораро дар муассиса ва дигар ҷойҳое гузоштаанд, ки дар сурати зарурат ба онҳо тамос бигиранд.
Дастур тағйир наёфтааст
Дар ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин мушкилро бояд ниҳоди тасмимгиранда шарҳ бидиҳад. Холиқназар Ҷумъаев, суханӯи ширкати “Вавилон” мегӯяд, онҳо бояд дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро иҷро кунанд, чун бояд бар асоси меъёру муқаррароти кишвар амал намоянд. Ӯ афзуд: “Дар қарори хадамот омадааст, ки баъд аз 15-уми август алоқаи муштариёне, ки бо шиносномаи нав сим корти худро ба қайд нагирифтаанд, қатъ карда шавад. Шояд, барои шаҳрвандон мӯҳлат дода мешавад, ки шиносномаҳояшонро иваз кунанд, ё аслан мӯҳлати иваз кардани шиносномаҳо тамдид карда мешавад”.
Коршиносон мегӯянд, мақомот бояд пеш аз судури чунин дастур андешаи онҳоеро ҳам мекарданд, ки дар хориҷ ҳастанд ва намехоҳанд, аз рақами телефони худ маҳрум шаванд. Парвина Ибодова, коршиноси фанновариҳои иртиботӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён имкон надоранд, соле чанд маротиба ба ватан сафар кунанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, ин қишри ҷомеа маблағ ҳам надорад, ки танҳо барои иваз кардани шиноснома ба Тоҷикистон биёяд. Сафоратҳои кишвар дар хориҷ имкони додани шиносномаи хориҷиро доранд ва аз ҳаққу шароити судури корти ҳуввият маҳруманд.
Парвина Ибодова мегӯяд: “Таҷҷубовар аст, ки мақомот бо чӣ андешае мӯҳлати ивази шиноснома барои беш аз 3 миллион аҳолии кишварро то 15-уми август муқаррар карданд? Ин мӯҳлат бояд ба камиаш то 2 соли дигар тамдид карда шавад. Дар акси ҳол, қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон бидуни иртиботи телефонӣ мемонад”.
Мақомоти расмӣ мушкили гирифтани корти ҳуввият ва эҳтимоли маҳрум шудани даҳҳо ҳазор нафар муҳоҷир аз шумораи телефонашонро шарҳ надодаанд. Маълум ҳам нест, мӯҳлати сабти дубора тамдид мешавад, ё не. Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар қарори ҳукумат тамоми муқаррарот барои сабти дубораи симкортҳо муайян шудааст ва ба қавли ӯ: "то ҳол ба ин дастури корӣ тағйироте ворид карда нашудааст."
Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 9-уми феврал дастур дод, ки сокинони кишвар шумораи телефон ё симкортҳояшонро дигарбора ба номи худ сабти ном кунанд. Ҳадаф аз он ба гуфтаи мақомот, таъмини амният, аз ҷумла роҳ надодан ба сӯистифода аз телефонҳо ва ёфтани зуд ва иттиллои дақиқ дар бораи соҳиби телефон аст. Аммо як муқаррароти иловагӣ ин аст, ки сабти номи дубора фақат бо корти пластикӣ сурат мегирад, ки баръакси шиносномаҳои қадимӣ дар он нақши ангуштон ва навъи хуни соҳибаш ҳифз шудааст. Аз ҳамон рӯзи аввал бисёре аз коршиносон мегуфтанд, мумкин аст, дастури мазкур сабаби ҳарҷу марҷ дар иваз кардани симкорту шиносномаҳо шавад.