Чизе, ки аз аввалин қадам ба чашм мехӯрад, ин аст, ки шуъбаҳои шиносномадиҳӣ бо пешбинии ҷамъомади одами зиёд сохта нашудаанд. Сафи издиҳом дар долонҳои тангу гарму борик намегунҷад, ҳаво барои нафаскашии онҳо камӣ мекунад, одамон асабонӣ мешаванд ва гоҳе барои вайрон шудани навбат ё бо баҳонаи ночизе миёни онҳо баҳсу ҷанҷол сар мезанад. Бисёриҳо мегӯянд, чанд рӯз аст, киин ҷо меоянду мераванд.
Саидҷаъфар аз соати 5 субҳ ҳанӯз қабл аз оғози соати кории маркази шиносномадиҳӣ ба ин ҷо омад ва навбат гирифт. Баъд аз панҷ соати интизорӣ бидуни шиноснома аз ин идора берун шуд. “Ҳозир як милиса, намедонам полковник буд, доду вой карда даромад рафт, навбати мардумро гирифт. Якум одам ман будам, вале пеш аз ман 8 одамро ҷавоб доданд. Ман розӣ нестам аз ин кор. Бенавбат медароянд.”
Бо гузашти як моҳ шиносномаи Зарафшон Раҳмонова ҳам омода нашудааст. Ӯ мегӯяд, 25 июн барои гирифтани шиносномаи нав ба идораи шиносномадиҳии ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат карда буд. Пас аз як моҳ дубора омад, аммо дар навбати тӯлонӣ натавонист вориди утоқи зарурӣ шавад ва сарнавишти шиносномаашро пурсад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ Зарафшон мегӯяд, метарсад, ки то анҷоми давраи муайяншуда, наметавонад шиносаи нав гирад ва телефонаш хомӯш мешаваду бо ҳамин робитаи ӯ бо фарзандони муҳоҷираш қатъ мешавад.
“Мо аслан барои симкарта шуда шиносномаро иваз карданием. Бачаҳоямон дар роҳи дур ҳастанд ва бояд аз ҳолу зиндагиашон бохабар бошем,” -- мегӯяд Зарафшон.
Бо дастури ҳукумати Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2019 расонаӣ гашт, номнависи дигарбораи шумораҳои муштариёни ширкатҳои телефонӣ бояд то 16-уми август ба поён расад. Аммо мардум на фақат барои симкорт, талоши тезтар иваз кардани шиносномаи худро доранд. Бархе мегӯянд, онҳоро як талаби нав дар корхонаву идораҳои дигар ба иваз кардани шиноснома маҷбур кардааст. Дар бонку дигар идораҳо ҳам, ба гуфтаи бархе аз мусоҳибони мо, аз онҳо шиносномаи пластикӣ талаб кардаанд.
Саида Мирзоева, як сокини шаҳри Душанбе, ки низ барои шиноснома навбат мепойид, мегӯяд, “ба банк меравӣ, пул намедиҳанд, мегӯянд, рафта пластикӣ бигир. Ҳозир акнун фармон, ки ҳаст маҷбурем кунем. Ман 25-ум бояд санатория бояд равам, вале паспорт надорам. Намедонам, он кай тайёр мешавад.”
Бисёре аз навбатгирифтагон, зоҳиран, ба моҳияти масъала сарфаҳм нарафтаанд ва ба овозаҳои гуногун дода шудаанд. Бархе ҳатто фикр мекунанд, дар сурати иваз накардани шиносномаашон пас аз моҳи август ҷарима хоҳанд шуд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар посух ба ин нигарониҳо рӯзи 23-юми июл дар нишасти хабарии худ гуфт, шиносномаҳои соли 1996-ро касе бекор накардааст. Шиносномаи нав, ба гуфтаи ӯ, фақат барои номнависи дубораи симкортҳояшон зарур аст. “Шиносномаҳои пешин, ки мардум гирифтаанд ва шиносномаҳои нав аз соли 2014 ҳардуяш аз эътибор баромадагӣ нест. Фақат барои симкорти мобилӣ бо қарори ҳукумат шиносномаи намунаи соли 2014 даркор аст.”
Аммо ин дарди мардумро сабук намекунад. Чанде аз ҳамсуҳбатони мо ҳамаи ин маъракаро навъе аз фишор, ба хотири пул, расмиёти беҳуда меноманд. Онҳо ба таъмини амният рабт доштани табдили шиноснома ва қайду банд шудани он бо шумораи телефонро зери шубҳа мебаранд.
Ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, то имрӯз наздик ба 2 миллион симкортро бо шиносномаи нав ба қайд гирифтаанд. Боз бояд беш аз 3 миллион симкорти дигар дубора сабти ном шавад. Маълум нест, фурсати боқимонда хоҳад расид ё не.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, масъалаи дароз кардани мӯҳлати иваз кардани шиносномаҳоро бо дастгоҳи иҷроияи президент баррасӣ доранд. Рамазон Раҳимзода ҳамчунин гуфт, баъд аз шикояти шаҳрвандон чандин тан аз кормандони Хадамоти шиносномадиҳиро барои роҳ додан ба камбудиҳо, муҷозот кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло соати кории марказҳои шиносномадиҳӣ ду баробар зиёд шудааст.
Дар баъзе аз ноҳияҳо бо сабаби дур будани маҳалли зист аз ҷойи шиносномадиҳӣ харҷу саргардонии корафтодаҳо зиёд шудааст. Дар миёни мардум онҳое низ садо баланд мекунанд, ки ба дастур итоат нахоҳанд кард. Онҳо номнависи дубораи симкорт бо шиносномаи навро зарур намедонанд ва зарбае ба буҷаи хонаводаи худ меҳисобанд.