Сокинони Тоҷикистон аз соли ҷорӣ як ҷашни дигарро таҷлил хоҳанд кард. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар нишасти хабарии 10-уми феврал гуфт, қарор аст ҳамасола дар фасли "чиллаи тобистон ҷашни Тиргон ё даъвати борон баргузор карда шавад".
Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, ин ҷашн ба манзури "ягонагии инсон ва табиат" таҷлил мешавад ва идомаи мантиқии ҷашнҳои "Меҳргон", "Сада" ва "Наврӯз" мебошад. "Дар фасли тобистон кишоварзон дар киштукор бо камбуди об рӯбарӯ ҳастанд ва даъвати борон ба хотири ҳалли ин мушкил аст",-афзуд вай.
Дар ҳамин ҳол, донандагони Ислом мегӯянд, ки иқдоми мушобеҳе дар дини ислом бо номи "намози истисқо" ё талаби борон низ вуҷуд дорад ва мусалмонон дар ҳолати пеш омадани хушксолӣ, дар берун аз масоҷид аз Худованд талаби борон мекунанд.
Дар Тоҷикистон ба ҷуз идҳои бостонии Наврӯз Меҳргон ва Сада, боз ҷашнҳои дигаре чун Иди каду, тарбуз, ангур, асал ва харбуза баргузор мешавад. Дар мисоли ҷашнҳои ахирӣ, мунтақидон мегӯянд, азбаски дар кишвар мушкилот зиёд аст, мақомот мехоҳанд, бо таҷлили чунин ҷашнҳо таваҷҷуҳро ба дигар самт бикашанд. Аммо мақомот баргузории чунин иду ҷашнҳоро барои рушди ин соҳаҳо муҳим медонанд.