Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари президент блогери тоҷикро мафтун кард


Аламдидагон, беморон, дармондагон, гоҳе нобиноён шабона бароям занг мезаданд ва дарди дил мекарданд. Ҳарчанд ин барномаи радиоӣ “Шабзиндадор” ном дошт ва тафреҳӣ буд, гоҳе ба ғамхона табдил меёфт. Барномаи зинда ва мебоист ба онҳо посух медодам. Вале бисёр вақт намедонистам, чӣ гӯям. Он гоҳ фақат ин мемонд, ки бигӯям, дуо мекунем, мушкилатон осон шавад.

Субҳ коргардони Радиои Тоҷикистон, Хайруллоҳ Иброҳим, маро хонда, гуфтанд, "дуъогӯӣ вазифаи ту нест, роҳи раҳоӣ аз мушкилро мегуфтӣ. Ту рӯзноманигорӣ, ё шайхи мазор?" Хеле хандидем. Чаро ин воқеаи солҳои 2008-2010 ҳоло ба ёдам омад? Имрӯз агар рӯзноманигоре бар хилофи қонун боздошт шавад, бар сари тоҷике дар муҳоҷират фоҷиае ояд, ё инсоне латукӯб шуда, аз зулм бимирад, хоси мо шудааст, ки ба ҷои таҳқиқ бештар дуъогӯӣ кунем. “Дуо мекунем, ки мушкили бечора осон гардад”, дуо мекунем, ки мушкилсоз ба рӯзи бад гирифтор шавад”, “дуо мекунем, омин”. Доноёне, ки замоне масъаларо ба ҳоли худ нагузошта, қалам тез мекарданд, акнун бо чанд ҷумлае дар Фейсбук дуо мекунанд, то Худо худаш мушкилро осон кунад. Метавон гуфт, ки фишорҳо моро ба шайхи мазор монанд карданд?

ДУХТАРИ ПРЕЗИДЕНТ БЛОГЕРОНИ ТОҶИКРО МАФТУН КАРД

Дар ин рӯзҳои зимистонӣ, ки ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз саркӯб гардидани озодии сухан ва вазъи бӯҳронии рӯзноманигорону блогерон ҳарф мезанад, дар кишвари ҳамсоя Ӯзбакистон давлат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷӯҳи дигар нишон дод. Ҳамин тавр, рӯзи 3-юми феврал, Саида Мирзиёева, духтари раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҳузури блогерон ва рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ аз таъсисёбии Бунёди ҷамъиятии пуштибонӣ ва рушди расонаҳои миллӣ паём дод.

Духтари раисҷумҳур ҳадафи асосии корро мусоидат ба рушди озодии сухан гуфт. Гуфт, рушди давлати демократӣ бе кайфияти кори рӯзноманигорон ва бе озодии баён ғайриимкон аст. “Президенти мо дарк мекунад, ки назорат ба иҷрои ислоҳот муассиртар хоҳад буд, агар ба кори мақомот миллионҳо чашм дӯхта мешаванд. Албатта, ин ба масъулон начандон роҳатбахш хоҳад буд, аммо танҳо ба ҳамин шева ҷомеаи қавии шаҳрвандӣ сохта мешавад», -- гуфт Мирзиёева.

Ин суханонро духтари раисҷумҳур бо камоли бовар ва рост ба чашми аҳли толор нигариста гуфт. Дар поёни суханаш Саида Мирзиёева пас аз як нафаси амиқ инро ҳам гуфт, ки “духтари президент будан имтиёз набуда, масъулияти бузург аст”. Ин видеоро садҳо блогер ва рӯзноманигорони тоҷик писандида, бознашр намуданд. Дар назари аввал иқдоми фарзанди раисиҷумҳури Ӯзбекистон дар мавзӯи рушди рӯзноманигорӣ ва озодии сухан барои Тоҷикистон на танҳо намунаи омӯзанда, инчунин ин қадами бону Мирзиёева метавонад, ки аз имрӯз ба рушди матбуоти тоҷик низ таъсир гузорад. Тоҷикон яке аз ду миллати пурнуфузи Ӯзбекистонанд, ки дар ин кишвар матбуоти миллии худро доранд. Расонаҳои тоҷикзабони ин кишвар фишорҳои сиёсиро дар аҳди салтанати Ислом Каримов паси сар карда, имрӯз дар замони беҳбуди муносибатҳо ба дастгирии давлат, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва тоҷикони ин кишвар ниёз доранд. Пуштибони расонаҳои тоҷикзабони Ӯзбакистон будани давлати Тоҷикистон низ имконпазир ва зебанда аст, аммо, вале, лекин...

МАТБУОТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚИЁС БО ҲАМСОЯКИШВАР

То имрӯз ҳеҷ яке аз хабаргузориҳои Тоҷикистон на дар Ӯзбекистон ва на дар ягон кишвари олам дафтар ва гӯрӯҳҳои хабарнигории худро надоранд. Аз ин мушкили сахттаре ҳаст. Даҳ сол пеш рӯзноманигори тоҷик бо сатҳи озодии баёнаш барои рӯзноманигори ӯзбек омӯзанда буд, вале имрӯз дар қиёс ба Ӯзбекистон дар Тоҷикистон муносибати мақомдорон бо рӯзноманигорон сардтар аст. Масъулон аз ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон худдорӣ менамоянд. Дақиқтараш мегурезанд. Дастрасии иттилоот ба ҷуз дар мавсими конфронсҳои матбуотӣ барои рӯзноманигорон мушкил дорад. Рӯзноманигорон дар расонаҳои давлатӣ, ки қаблан имтиёзҳо доштанд, имрӯз дастнигаранд.

Дар панҷ соли ахир ду нашрияи пурхонандаи Тоҷикистон “Нигоҳ” ва “Озодагон” аз байн рафтанд, даҳҳо хабарнигор ба Аврупо кӯч бастанд. Бонуфузтарин хабаргузории Тоҷикистон “Азия плюс”, ки таҳлилу кандукови такондиҳанда дошт, таҳти фишорҳо ба як расонаи эҳтиёткор табдил ёфтааст. Чанд тӯда ҷаълиҳо (фейкҳо) дар шабакаҳои иҷтимоӣ зидди рӯзноманигорон фаъолият мебаранд. Бо ҳадафи беобрӯ кардани рӯзноманигорон, волидайнашон ва аҳли оилаи онҳо матолибе мунташир мекунанд, ки мӯҳтавояш берун аз ахлоқ, бо иҳонат ва дар баъзе маврид таҳдидомез аст. Зоҳиран ҳадафи ин фаъолияти пинҳонӣ густариш додани мизоҷи бадбинӣ нисбат ба рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеа дар Тоҷикистон аст.

Маҳдудият ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаргузориҳо, душвории дарёфти иҷозатномаи кор ба рӯзноманигорони хабаргузориҳои байналмиллалӣ, аз фаъолият мондани расонаҳо, нархи гарони интернет, муҳоҷирати шумори зиёде аз рӯзноманигорон, музди кам, шароити пасти техникӣ, фишору огоҳии ошкоро ва пинҳонӣ, худсонсурӣ аз мушкилотест, ки матбуоти тоҷикро дар ҳоли шадиди бӯҳронӣ шинонидааст. Занон дар ҷомеаи мо мушкилоти сахте доранд, аммо мардон низ роҳат нестанд. Барои феминистон занони ҷомеаро хеле ҷабрдида ва мардонро хеле ҷоҳил нишон додан ба кори татбиқгарон мушилсоз нест. Созмонҳои байналмиллалӣ имрӯз бештар дар масоили монанд ба ҳуқуқи зан ва дигар лоиҳаҳои расонаии бе дарди сар таваҷҷӯҳ мекунанд. Созмонҳое, ки дар самти ҳуқуқи инсон, демократия, озодии сухан фаъолияти пуртаъсир доштанд, рӯз аз рӯз ба меъёрҳои нонавиштаи фазои рӯз мутобиқ мешаванд.

ГУФТАН ХАТАРНОК ШУДААСТ?

Намунаҳое аз бӯҳрони ҷомеаи маданӣ дар ду моҳи ахир боздошти рӯзноманигор Далер Шарифов ва исломшиноси ҷавон Хайриддин Абдуллоҳ аст. Хайриддин Абдуллоҳ бештар дар масоили фарҳанг, адабиёт ва дин менавишт. Маҷмӯаи мақолаҳояш бо унвони “Ислоҳи хеш” дар Маскав ба табъ расидааст. Ифротгароӣ, терроризм ва созмони Доъишро шадидан интиқод мекард. Ӯ дар масҷиду маҳофили динии Русия бо пайравони равияи Салафия баҳс намуда, онҳоро ба мазҳаби Ҳанафӣ даъват мекард. Ба ҷуз ҳадису оят ба муҳоҷирон гоҳе аз давлатдории Куруши кабир, “Шоҳнома” ва Наврӯз мегуфт, даъват мекард, ки бо таърихи тоисломӣ ва фарҳангу адаби миллати худ ҷанг накунанд.

Душманонаш ӯро пайрави аҳли ташайюъ эълон намуданд, ки Хайриддин инро рад карда, худро ҳанафӣ эълон дошт. Соли 2015 дар Маскав ба ҷонаш сӯиқасд шуд, ба ҷисмаш корд хӯрду зинда монд. Ӯ натарсид ва аз мубориза бо ифротгароӣ даст накашид. Пас аз боздошт гардиданаш дар шаҳри Душанбе шумори каме аз дӯстонаш аз ӯ пуштибонӣ карданд. Аммо гурӯҳҳои динӣ барои ӯ чандон садо баланд накарданд. Шояд аз он сабаб, ки Хайриддин Абдуллоҳ яке аз исломшиносони камшуморест, ки аввал фазо ва тарзи тафаккури динии ҷавононро интиқод мекард, дар мавориди хос аз сиёсатҳои фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ нишон дода, дар саҳифаи фейсбукаш хабарҳои расмии давлатро мунташир менамуд. Аммо гоҳе аз фаъолияти мақомоти қудратии Тоҷикистон, инчунин аз фаъолияти мухолифин интиқод мекард. Ӯ ба барномаҳои шабакаи “Висоли ҳақ” ва фаъолияти Ҳизби дар Тоҷикистон манӯъи наҳзати исломӣ назари интиқодӣ дошт ва муҳоҷиронро даъват мекард, ки ба ҳизбу гурӯҳҳои динӣ напайванданд ва бо таҳсилу омӯзиш машғул шаванд.

Хайриддин воизон ва имомони масҷидҳои Тоҷикистонро барои манфиатҷӯӣ, дурӣ аз адабиёти бадеӣ, ноогоҳӣ аз ҷаҳони ислом, безориашон аз таърихи тоисломии миллат интиқод мекард. Аз ин сабаб ӯро бештар пайравони равияи Салафия ва Ваҳҳобия бад медиданд ва аз боздошт гардиданаш шодинома навиштанд. Ин чӣ хабар, ки мағзи инсон гиҷ мешавад. Оё ҷавоне, ки ба таърихи тоисломии миллаташ, адабиёту фарҳанг ва бузургони сарзаминаш эҳтиром зоҳир мекунад, метавонад, ки ҳамзамон ифротгарову терорист бошад?

Ҷавони дигаре, ки китоберо бо унвони “Муҳаммад ва терроризм” навишта, то ин рӯз фаъолияти рӯзноманигорӣ дошт. Пораҳои китоби Далер Шарифов дар Фейсбук мунташир гардид, ки дар он муаллиф дини Исломро зидди ҷангу хунрезӣ нишон дода, даъваташ ба осоиштагист. 30-юми январ ба ду моҳи ҳабс маҳкум шудани ӯ рӯзноманигорони Тоҷикистонро нигарон кард. Онҳо талош доранд, то бо мусоидати ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ӯро озод намоянд. Мақомот дар навиштаҳои Далер Шарифов ифротагароӣ мушоҳида намуда, аммо рӯзноманигорони тоҷик ин амалро як шеваи фишор ба озодии сухан медонанд.

Бархӯрди Тоҷикистон ба озодии сухан ва ташаббусҳои Тошканд ба рушди ин озодӣ, ду чизи зидди ҳам рӯзноманигорони тоҷикро ба андеша овардааст. Дар ин маврид сухани Саида Мирзиёеваро бо ҳамандешӣ иқтибос меоварам, ки гуфт, “мо ба озодии баён ва нерӯи он бовар дорем”.

РАИСҶУМҲУР ЧӢ ГУФТААСТ?

Бовар дорам, ки фарзандони раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ низ имкони бештар доранд, ки ба бӯҳрони ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон назари хайр кунанд. Мавқеъгирии онҳо дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои кишвар таъсир дорад ва шояд онҳо огоҳ нестанд, ки бо рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон имрӯз чиҳо мегузарад?

Раисҷумҳури Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо дар баёни беҳбуди кору фазои рӯзноманигорон суханварӣ кардааст. Ӯ дар қиёс ба Шавкат Мирзиёев муфассалтар гуфтааст. Иқтибосе аз суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, ки 10-уми феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд: “...на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд. ...Баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқиди шахсияти худ пиндошта, изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд. ...Танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад”. Озодии андеша ва назари интиқодӣ сабаби зиндонӣ шудани Далер Шарифов ва Хайриддин Абдуллоҳ дониста мешаванд. Пас ба ғайр аз дуо чӣ мемонад? Худро шайх наномем, ки ҳатман пайомаде дорад...

Соҳибёр Толиб, рӯзноманигор

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG