Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабек Муродов: “Дар тасмимгириҳои мақомот қонуни танзим нақш дорад”


Ҷӯрабек Муродов
Ҷӯрабек Муродов

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, то ду ҳафтаи дигар ба синни 75 мерасад. Аммо маҳфили бахшида ба ин ҷашн дар остонаи Наврӯзи соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Авали имсол Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таҷлили 75-солагии Ҷӯрабек Муродовро дар рӯзи 24-уми декабр ба нақша гирифта буд ва ҳоло маълум нест, чаро ин сана ба таъхир афтод. Худи Ҷӯрабек Муродов гуфт, зоҳиран шадидтар шудани қонуни танзим рӯи ҳама барномаҳо соя афкандааст.

Муродов рӯзи 9-уми декабр дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи таҷлил аз 75-солагии ӯ ҳеч қарори расмӣ содир нашудааст ва тамоми маъракаҳоро худ баргузор мекунад. Ӯ гуфт, “беҳтар аст, мо ҳам доду вой накарда, баробари халқ бошем. Ба ҳамин далел, танҳо бо баргузории як консерти ҷашнӣ иктифо мекунам”, - афзуд Ҷӯрабек Муродов.

Ӯ гуфт, “шукри Худо, ҳоло хубам ва машғули эҷод ҳастам. Қарор шуд, ки барномаи ҷашнии ман баъди таҷлил аз Соли нави милодӣ, дар остонаи иди Наврӯз баргузор шавад. Нахуст як барномаи консертии бузург дар Душанбе ва сипас дар ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистон баргузор мекунам.” Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ гуфт, дар консерти бахшида ба 75-солагиаш 25 суруди тоза иҷро хоҳад кард.

“Ин сурудҳо комилан нав ҳастанд ва то ҳол дар ҳеч ҷой садо надодаанд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Эраҷ Айнӣ, масъули ширкати “Мега Принт” ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ин созмон ба ифтихори 75-солагии Ҷӯрабек Муродов маҷмӯи видеоии ҳунарнамоӣ ва мусоҳибаҳои Ҷӯрабек Муродовро дар ҳаҷми 500 адад омода кардааст. Ин бастаи видеоӣ аз 7 диск иборат буда, сурудҳои тӯли беш аз 50 сол эҷодкардаи ин овозхонаи маъруфи тоҷикро дарбар мегирад.

Ҷӯрабек Муродов 24-уми декабри соли 1942 дар рустои Куруди ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ соли 1979 унвони ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG