Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умед Бобохонов: Доираи "хатти сурх" боз ҳам тангтар шуд. ВИДЕО, САДО


Умед Бобохонов
Умед Бобохонов

Аз чопи шумораи аввалини "Азия-Плюс", яке аз нашрияҳои бонуфуз дар Тоҷикистон, 20 сол гузашт. Умед Бобохонов, муассис ва сардабири нашрия гуфт, дар ин муддат тавонистанд хонандаи худро пайдо карда, ба яке аз ҳафтаномаҳои беҳтарин табдил ёбанд. Аммо, ба қавли ӯ, солҳои ахир фазои корӣ барои онҳо ва расонаҳои дигари мустақил дар Тоҷикистон тангтар ва доираи "хатти сурх" маҳдудтар шудааст.

Суҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Умед Бобохонов рӯзи 22-юми январ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар аввал аз Бобохонов пурсидем, ки аз маҳсули кори худ дар ин муддат то куҷо розист?

Яке аз шумораҳои нашрияи "Азия-Плюс"
Яке аз шумораҳои нашрияи "Азия-Плюс"

Умед Бобохонов: "Дар умум, бисёр ифтихор мекунем, ки ингуна рӯзномаро нашр мекунем. Шумораи аввали ҳафтанома бо мушкил рӯйи чоп омад. Он вақт таҷриба надоштем. Ҳафтанома ба ҷойи он ки дар аввали моҳи январи соли 2000-ум чоп шавад, се ҳафта дертар ба нашр расид. Тоҷикон як мақол доранд: "дер ояду шер ояд" ва ин чиз дар мисоли мо амалӣ гашт. Нашрияи мо дар муддати кӯтоҳ хонандаи худро пайдо кард ва яке аз беҳтарин ҳафтаномаҳои русзабони Тоҷикистон шуд ва ҳанӯз ҳаст."

Радиои Озодӣ: Вале онҳое, ки мақолаҳои нашрияро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, "Азия-Плюс" дар солҳои охир аз чопи матолиби танқидиву сиёсӣ то ҷое канор меравад ва бештар бо нашри хабарҳо иктифо мекунад. Бо ин интиқодҳо розӣ ҳастед?

Умед Бобохонов: На фақат "Азия Плюс", балки расонаҳои дигар низ дар баррасии мавзӯъҳо иваз шуданд. Чун вазъият дигар шуд, вазъияти сиёсӣ дигар шуд. Он чизе, ки мо метавонистем дар нимаи солҳои 2000-ум бигӯем, ҳозир гуфтанаш мушкил аст. Агар гӯед, метавонед бо мушкилот рӯ ба рӯ шавед. Фикр мекунам, дар ин давра баъзе мавзуъҳое ҳастанд, ки мо бояд худдорӣ кунем ё хеле боэҳтиёт бошем."

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00

Радиои Озодӣ: Яъне, ба ин бовар ҳастед, ки барои "Азия Плюс" ва расонаҳои дигари мустақил дар Тоҷикистон "хатти сурх" вуҷуд дорад?

Умед Бобохонов: "Ин хат пеш ҳам вуҷуд дошт, аммо боз маҳдудтар шуд. Ин воқеият аст. Мутаассифона, ин воқеиятро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари минтақа ва дунё мебинем. Умед дорам, ин марҳила ҳам рӯзе тамом мешавад ва фазое, ки журналистони тоҷик кор мекунанд, васеътар мешавад."

Радиои Озодӣ: Охирҳои соли 2019 овозаҳои мухталифе шунидем, ки гӯё медиа-ҳолдинги "Азия-Плюс"-ро фурӯхтед ва нархаш ҳам 1 миллион доллар будааст ва бо ҳамин сабаб ҳам бархе аз кормандон аз кор рафтаанд? Ин гапҳо то куҷо ҳақиқат дорад?

Ҳолномаи Умед Бобохонов

Умед Бобохонов 29-уми ноябри соли 1962 дар Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1985 шӯъбаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1987-1989 хабарнигори рӯзномаи “Комсомолец Таджикистана” ва баъд аз он ду сол муҳаққиқи Институти таҳқиқоти сиёсии Тоҷикистон буд. Бобохонов соли 1991 дубора ба кори рӯзноманигорӣ баргашта, то соли 1995 хабарнигори махсуси "Комсомолская правда" дар Тоҷикистон буд. Ҳамзамон Умед Бобохонов аз соли 1994 то 2001 мухбири хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" дар Тоҷикистон буд. Бобохонов соли 1995 хабаргузории "Азия Плюс"-ро таъсис дод. Ба думболи таъсиси хабаргузорӣ, Умед Бобохонов соли 2000 бо номи "Азия Плюс" ҳафтанома ва соли 2002 радио таъсис додааст. Умед Бобохонов оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.


Умед Бобохонов: "Ягон кас аз рӯи ин хабарҳо аз кор нарафтааст. Аз аввал намедонам, кӣ ин овозаро баровардааст. Ин дурӯғ буд ва ягон асос надошт. Шояд ба хотири онки фарзандони ман берун аз Тоҷикистон таҳсил мекарданд ва худи ман ҳам бо оилаам берун аз Тоҷикистон будам. Шояд сабаби пайдо шудани ин овозаҳо дар ин буд, ки камтар дар дафтари кории худам будам. Ин чиз асос надорад, мо ҳаминҷо кор мекунем ва барои оянда нақшаву умедҳои зиёд дорем."

Радиои Озодӣ: Шумо шахсан аз кор дар Тоҷикистон дилсард нашудед ва кишварро тарк карданӣ нестед?

Умед Бобохонов: "Ба ҳамон дилсардие, ки мегӯед, хусусан қишри зиёӣ ва аҳли эҷод рӯбарӯ мешаванд. Ман ҳам 10-12 сол пеш инро ҳис кардам. Шояд ин сабаб буд, ки вақте писаронам барои таҳсил ба хориҷа рафтанд, гуфтам, биё як муддате берун аз Тоҷикистон бошам ва каме аз кори ҳамарӯза дуртар шавам. Аммо чанд вақт гузашт, фикр кардам, ки ватан ватан аст. Дар инҷо сарфи назар аз онки чӣ мушкилоте ҳаст, худамро роҳаттар ҳис мекунам."

"Фазо барои кори расонаҳои мустақил созгор нест"

Радиои Озодӣ: Дар бист соли охир нашрияҳои зиёди пештози сиёсӣ ё аз бозор рафтанд ё маҷбур шуданд, ки баста шаванд. Журналистони зиёде ҳам тарки Тоҷикистон карданд. То куҷо фазои сиёсиву ҷамъиятӣ барои кори шумо созгор аст?

Умед Бобохонов: "Фазо созгор нест. Ин яке аз сабабҳое шуд, ки баъзе рӯзномаҳо баста шуданд ва як қисми журналистон рафтанд. Сабаби дигар ин мушкилоти иқтисодӣ буд. Яъне, на ҳар як рӯзнома ё расона метавонад дар ин шароит фаъолият кунад, чун бозори таблиғотии Тоҷикистон хеле заиф аст. Маблағе, ки расона ба воситаи реклама гирифта метавонад, хеле маҳдуд аст. Агар пул набошад, расона маҷбур аст, ки фаъолияташро қатъ кунад. Барои ҳамин вазъият, чи хеле ки гуфтам, душвориҳои ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ дошт. Дар чанд соли ахир навъи сеюми мушкил пайдо шуд -- мушкили технологӣ. Мо мебинем, ки хонандаи рӯзнома ё шунавандаи радио ба Интернет мегузарад ва Интенерт барои ҷавонон сарчашмаи асосии гирифтани хабар мешавад. Ин проблема аст ва мо бояд роҳи ҳаллашро ёбем. Яъне, чӣ кор кунем, хонандаеро, ки ба Интернет рафт, ба рӯзнома баргардонем ё чӣ хел рӯзномаро ба шароити нав мутобиқ кунем. Мушкилот бисёр ва он мушкилотеро, ки ҳалли он аз дасти мо меояд бояд бартараф кунем."

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Линки мустақим


"Журналист дар Тоҷикистон монад ё аз берун танқид кунад?"

Радиои Озодӣ: Соли гузашта сомонаи оҷонсии "Азия Плюс" на ин ки дастнорас, балки аз кор монд. Ин чиз то куҷо ба кори медиа ҳолдинг ё гуруҳи расонаҳои Шумо таъсир гузошт?

Лаҳзае аз суҳбат бо Умед Бобохонов. 22-юми январи соли 2020
Лаҳзае аз суҳбат бо Умед Бобохонов. 22-юми январи соли 2020

Умед Бобохонов: "Аз охири моҳи ноябри соли 2018 дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Азия-плюс" маҳдуд шуд. Аммо бо филтиршикан ё ВПН боз кардани сомонаи мо имкон дошт. Бисёре аз хонандаҳои мо ёд гирифтанд, ки чӣ хел ба сомонаи мо дастрасӣ пайдо кунанд, аммо тобистони соли гузашта сомонаи мо тамоман аз кор монд ва ин як муаммоест мисли детектив. Кӣ ин корро кард? Ба ҳар ҳол, мо медонем, ки як сохтори давлатӣ аст, ки бо тамоми доменҳо дар зонаи tj масъул аст ва бояд онро назорат кунад. Мо ба онҳо расман мактуб навиштем, аммо то ҳозир ҷавоб нагирифтем. Рӯзҳо ва ҳафтаҳои аввал бисёр душвор буд. Чун аксари хонандаҳо домени нави моро намедонистанд ва барои ҳамин шумори хонандаҳои сомона хеле кам шуда буд. Аммо ҳоло дар давоми 3-4 моҳ вақте хонандаҳо суроғаи нави сомонаи моро пайдо карданд, боз шумораи аудитория бештар шуд."

Радиои Озодӣ: Дар бораи монеаҳо суҳбат кардем. Дар шароите, ки чунин монеаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ахиран монеаҳои техникӣ вуҷуд дорад, чӣ гуна метавон кори худро дуруст ва ҳамаҷониба иҷро кард?

Умед Бобохонов: "Агар гӯем, ки ҳамаҷониба ин душвор ва шояд ғайриимкон аст. Барои ҳамин ҳар як расона ё журналист худаш интихоби худро кунад. Дар инҷо истода кор кунад ва мушкилоте, ки дар инҷо ҳаст то ҳадди имкон баррасӣ кунад? Ё инки гӯяд, не ман мехоҳам дар бораи тамоми мушкилот нависам, дар инҷо барои ман имкон надорад ва барои ҳамин ман ҷумҳуриро тарк мекунам. Агар дар инҷо истода кор карданӣ бошед, хеле проблемаҳои зиёде ҳастанд, ки метавонед онро инъикос ва ба мардум кумак кунед. Мо ин роҳро интихоб кардем ва фикр мекунам, ки қобили таҳсин аст."

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо аз фишор мегӯянд. Ин фишор аз куҷо меояд, чӣ шаклу сурате дорад ва ҳадаф аз он чист?

Умед Бобохонов: "Вақте дар мисоли мо гӯем, яке аз намудҳои фишор ин бастани сомона ё шикастани сомонаи мо аст. Ин аст як намунаи фишор. Шукри Худо, вақтҳои ахир дигар фишорҳои сахтро ҳис накардем. Шояд барои он бошад, ки маводе, ки мо менависем чандон танқидӣ нестанд ва барои ҳукумат ё сохторҳои давлатӣ проблема намесозад. Пеш ба додгоҳ муроҷиат мекарданд ё ба сохторҳои қудратӣ барои суҳбат даъват мекарданд. Имрӯз ин чизҳо нестанд, ягон кас занг намезанад ва намеояд. Ягона фишоре, ки мо феълан ҳис мекунем ин бастани сомона аст."

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед агар матолиби танқидии сахт чоп кунед фишорҳо дубора бармегарданд?

Умед Бобохонов: "Бале, имкон дорад аз нав сар шавад."

"Чаро "Азия плюс" бо забони русӣ нашр мешавад?"

Сомонаи "Азия-Плюс"
Сомонаи "Азия-Плюс"

Радиои Озодӣ: Бархе бар инанд, ки "Азия-Плюс" бо сабаби касбияти баландаш дар давоми мавҷудияти худ нагузошт, ки забони русӣ аз фазои иттилоотии Тоҷикистон равад ё нуфузаш кам шавад ва дар ин замина расонаи Шуморо русиягаро ҳам меноманд. Дар ин бора чӣ назар доред ва нақши забони русӣ дар рушди расонаи Шумо чӣ будааст?

Умед Бобохонов: "Аслан барои чӣ расонаҳое, ки мо 25 сол пеш таъсис додем, нахуст хабаргузорӣ ва баъдан рӯзнома бо забони русӣ аст. Пеш аз ҳама барои он ки ман аз журналистикаи русзабон баромадам. Барои худи ман роҳаттар буд бо забони русӣ навиштан ва таҳрир кардани мавод. Дувум, таъсири Иттиҳоди Шӯравӣ дар он солҳо буд. Вақте мо хабарҳои тоҷикӣ бароварда ба обуначиён мефиристодем, мегуфтем, ки кадомашро интихоб мекунед, ба шумо хабарҳои тоҷикӣ фиристем ё русӣ? Мегуфтанд, ки бо забони русӣ, чун забони тоҷикии имрӯза мураккаб шудаст, барои мо русӣ фаҳмотар аст. Барои ҳамин, мо бештар ба забони русӣ таваҷҷуҳ мекардем. Лекин солҳои ахир ҳис кардем, ки вазъият дигар шуда, аудиторияи русзабон маҳдудтар мешавад. Барои ҳамин ба хулосае омадем, ки агар хоҳем, ки хонанда дошта бошем, бояд маводро бо забони тоҷикӣ зиёдтар кунем. Бахши тоҷикии хабаргузории "Азия Плюс"-ро тақвият медиҳем."

Радиои Озодӣ: Инки бархеҳо нашрияи "Азия Плюс"-ро русиягаро меноманд шумо чӣ назар доред?

Умед Бобохонов: "Ин гапро шояд одамоне мегӯянд, ки чандон аз мӯҳтавои рӯзнома бохабар нестанд. Моро нафақат русгаро, баъзан ғарбгаро ва ҳатто эронгаро мегӯянд. Вале на ин ва на дувуму севумаш ба ҳақиқат рост намеояд. Бале, ин рӯзнома бо забони русӣ аст, аммо ин рӯзнома пеш аз ҳама тоҷикгаро аст."

Радиои Озодӣ: Бо ин вазъ Шумо тасдиқ мекунед, ки нуфузи забони русӣ дар фазои иттилотии Тоҷикитон камтар шудааст?

Умед Бобохонов: "Албатта."

"Журналист пеш аз чопи матлаб ҳазор бор фикр мекунад"

Радиои Озодӣ: Гузоришгарони САҲА ҳафтаи гузашта дар як гузориши худ гуфтанд, ки худсензура дар миёни рӯзноманигорони тоҷик ба як падидаи маъмул табдил ёфтааст. Шумо ба ин то куҷо розӣ ҳастед ва агар ҳа сабабашро дар чӣ мебинед?

Нашрияи "Азия-"Плюс"
Нашрияи "Азия-"Плюс"

Умед Бобохонов: "Ман бо ин хулоса сад дар сад розӣ ҳастам. Сабабаш ҳам маълум аст. Вазъияти сиёсӣ чандон мувофиқ нест, ки кушоду равшан ҳама чизро гӯйӣ ё инъикос кунӣ. Барои ҳамин ҳар рӯзноманигор ё расона пеш аз чопи мақола ё баррасии ин ё он мавзӯъ ҳазору як бор фикр мекунад. Фикр мекунад, ки баъд аз чопи мавод оё ягон аксуламал мешавад ё ба ягон мушкилот рубарӯ мешавем ё не. Ҳар кас ин чизро фикр мекунад, барои ҳамин бисёриҳо мегӯянд, ки мо худдорӣ мекунем."

"Ояндаи расонаҳои мустақил дар гарави ду омил"

Радиои Озодӣ: Ояндаи нашрияи "Азия Плюс" ва дар умум расонаҳои мустақилро дар Тоҷикистон чӣ гуна мебинед?

Умед Бобохонов: "Ояндаи расонаҳои мустақил аз ду фактори асосӣ вобастагӣ дорад. Мисле, ки гуфтам: фактори сиёсӣ ва иқтисодӣ. Фактори иқтисодӣ ин аст, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ оё расона метавонад дар ин бозор фаъолият дошта бошад. Оё метавонад даромади кофӣ барои фаъолияти худаш ҷамъ кунад ва фаъолияташро давом диҳад? Фактори сиёсӣ дар ин аст, ки кадом мавзӯъҳоро ин расона инъикос мекунад? Масалан, агар вазъият сахтар ва фазо маҳдудтар бошад, ин расонаи мустақил метавонад тамоман ба чизҳои вазнини сиёсӣ, танқиди сиёсӣ напардозаду фақат иктифо кунад, ба мазвуъҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву фароғатӣ. Агар вазъияти сиёсӣ фарохтар бошад, метавонад ба мушкилоти сиёсӣ ҳам пардозад. Мо дар давоми 15-20 соли ахир масалаан ин чизро дар кишвари Узбекистон дидем. Дар онҷо давоми 20 сол радио, телевизион ва газетаҳои мустақиле доштанд, ки пурқувват буданд ва хонандаву бинанад ва шунавандаи зиёд доштанд. Аммо азбаски аз боло аз ҳукумат иҷозат намедоданд, ки ба масъалаҳои сиёсиву танқидҳои сиёсӣ нависанд, дахолат намекарданд ва фаъолияташонро ба дигар соҳаҳо равона мекарданд. Барои ҳамин боз ҳам мегӯям, ки ояндаи расонаҳои мустақилии Тоҷикистон аз ҳамин ду фактор: сиёсӣ ва истиқодӣ вобастагӣ дорад. Барои вуҷуд доштани расона бояд иқтисодиёти Тоҷикистон кор кунад. Чунки ҳар расона ин як бизнеси хусусӣ аст ва мисли дигар бизнесҳо барои фаъолият шароит дошта бошад."

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG