Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз вазирӣ ба вакилӣ. Порлумон барои мансабдорон чӣ ҷоест?


Рустам Шоҳмурод, Вазири адлия. Акс аз саҳифаи фейсбукии ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Рустам Шоҳмурод, Вазири адлия. Акс аз саҳифаи фейсбукии ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рустам Шоҳмурод, Вазири адлияи кишварро ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Рустам Шоҳмурод, ки аз моҳи январи соли 2012 Вазири адлияи Тоҷикистон аст, ба гуфтаи коршиносон, бо эҳтимоли зиёд аз мақомаш канор меравад.

Аз мансабҳои калидӣ дар ҳукумат канор рафтан ва узви порлумон шудан дар Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Аз ин рӯ, коршиносон пешниҳоди номзадии Рустам Шоҳмуродро канор рафтан аз мансаби вазирӣ медонанд.

Мусо Асозода, раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Сино рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҷониби ҲХДТ танҳо номзадии Рустам Шоҳмурод пешниҳод шуд ва аксари аъзои ҳизб дар овоздиҳии пушида райъ доданд, ки вазир номзади онҳо дар интихобот бошад.

Маъмулан, мансабдороне, ки аз ҷониби ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон номзад ба вакилии порлумон пешбарӣ мешаванд, аз мақомашон истеъфо медиҳанд, чун ба гуфтаи коршиносон, "номзади ҲХДТ шудан маънои пирӯз будан аст."

Мусо Асозода мегӯяд, бар асоси қонун Рустам Шоҳмурод ҳақ дорад, ки барои машғул шудан дар маъракаи таблиғи пешазинтихоботӣ аризаи аз кор рафтанашро нависад.

“Ӯ метавонад ариза нависад, вале боз ҳам метавонад то анҷоми интихобот муваққатан аз кор равад. Агар дар интихобот ғолиб шуд, пурра аз кор меравад, ғолиб нашуд, боз ба ҷойи кораш бармегардад”, --гуфт Мусо Асозода.

Рустами Шоҳмурод, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд буда, дақиқан 8 сол пеш, 5-уми январи соли 2012, Вазири адлия таъин шуда буд.

ҲХДТ, ки тарафдоронаш идораи ҳукуматро дар Тоҷикистон дар даст доранд, аз аввалин ҳизбест, ки номзадҳояшро барои ширкат дар интихоботи порлумонии соли 2020 маълум мекунад. Рӯзи 13-уми декабр ин ҳизб аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзадии 28 нафарро пешбарӣ кардааст. Дар миёни онҳо низ исми мансабдорони баландпоя ба назар мерасад, ки бояд вориди порлумон шаванд.

Аз ҷумла, Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила дар садри даҳгона қарор доранд. Маъмулан, исми онҳое, ки аз ҲХДТ дар руйхати даҳгона ҷой мегиранд, вориди порлумон мешаванд.

Сулаймон Шоҳзода, коршиноси масоили сиёсӣ порлумони Тоҷикистонро ба «иттифоқи касабаи мансабдорони нафақахур» ташбеҳ мекунад.

Ӯ мегӯяд, зоҳиран дар Тоҷикистон як мансабдоре, ки барои ҳукумат солҳо хидмат кардааст, барои садоқаташ ӯро ба порлумон мефиристанд то як муддат истироҳат кунад.

Ӯ мегӯяд, номзад шудани мансабдор ба он маъност, ки "ҳукумат аз ӯ розист, вале бояд барои дигаре ҷойро холӣ кунад".

"Ин як навъ изҳори сипос кардан ба мансабдор аст. Ин таҷрибаи хуб нест. Чеҳраҳои нав бояд ҷалб карда шаванд. Вазире, ки дар Вазорат кореро ҳал карда натавонист, ҳоло порлумон меравад ва ин ҷиддӣ нагирифтани як шохаи муҳими ҳокимияти давлатӣ аст. Қонунҳое, ки ин порлумон қабул мекунад, ба манфиати ҳукумати иҷроия кор мекунанд",-гуфт ӯ.

Абдураҳим Сафарзода, як муҳоҷири тоҷик, ки тасмими ширкат дар интихоботи порлумониро дорад, мегӯяд, бо дарназардошти таҷрибаҳои гузашта, нафаре аз ҷониби ҲХДТ номзад пешниҳод мешавад, вакил шудани ӯ масъалаи ҳалшуда аст. То ҳол, ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи пирӯз нашудани номзади пешниҳодии ҲХДТ сабт нашудааст.

Ӯ мегӯяд: "Ин як навъ таъинот аст. Вақте бо чунин шева одамонро вакил интихоб не, таъин мекунанд, беҳтараш аз баҳри ташвишҳову сарфҳои интихоботи гузарем".

Аммо Мусо Асозода, раиси ҳавзаи интихоботии рақами 4 дар ноҳияи Синои пойтахт, ки дар гузашат яке аз фаъолони Ҳизби халқии демократӣ буд, мегӯяд, интихобот дар доираи қонун мегузарад.

Ӯ мегӯяд, аз пеш маълум будани ғолибони интихобот гапи беҳуда аст ва асос надорад.

1-уми марти соли 2020 дар Тоҷикистон барои 63 курсии Маҷлиси намояндагони Маҷлисии олии Тоҷикистон шаҳрвандон вакил интихоб мекунанд.

Мунтақидон мегӯянд, ҲХДТ бо истифода аз фишангҳои давлатӣ номзадҳояшро ба таври сунъӣ пирӯз эълон мекунад. Назаре, ки онро вакилон аз ҳизби ҳоким дар порлумон қабул надоранд ва ин ҳарфро "тӯҳмати рақибони ноком" меноманд.

Аксари курсиҳои порлумони Тоҷикистонро феълан номзадҳои ин ҳизб соҳибӣ доранд.

XS
SM
MD
LG