Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров аз Раҳмон хост, гаравпулии интихоботро бекор кунад


Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва мушовири пешини раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз президент Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки гаравпулии номзадҳоро барои интихоботи порлумонӣ бекор кунад.

Гаравпулӣ барои ҳар номзад 5 ҳазору 800 сомонӣ (баробар ба тақрибан 600 доллар) муқаррар шудааст.

Зоиров рӯзи 9-уми декабр дар изҳороте гуфт, "барои 10 номзади ҳизб 58 ҳазор сомонӣ ва барои 22 нафар беш аз 127 ҳазор сомонӣ зарур аст. Ин ғорат дар рӯзи равшан аст."

Гаравпулӣ як шарти асосии иштирок дар интихобот аст. Ҳар касе пирӯз шуд, маблағашро пас мегирад, вале афроди ноком пули худро аз даст медиҳанд.

Намояндагони мақомот мегӯянд, гаравпулӣ дар гузашта ба 200 нишондиҳанда, яъне ба ҳисоби ҳозира ба 11 ҳазору 600 сомонӣ баробар буд ва соли 2014 онро ба сад нишондиҳанда поин оварданд.

Дар гузашта баъзе аз афроди алоҳида низ гаравпулии номзадҳоро гарон хонда ва ба бекор кардани он даъват намуда буданд. Қувваталӣ Муродов, як намояндаи пешини "Фронти Халқӣ", ки аз эҳтимоли иштирокаш дар интихоботи президентӣ хабар дода буд, соли 2018 барои аз байн бурдани ҳамагуна гаравпулӣ дар интихобот даъват кард.

Раҳматилло Зоиров мегӯяд, "ҳамин тавр, пуле, ки бо меҳнати сангин ба даст овардем, ба "фоида”-и буҷаи давлатӣ мубаддал мегардад. Яъне, ин як роҳи даромад гирифтани давлат аз ҳисоби одамонест, ки ба ҳукумат номақбул мебошанд. Гарави интихоботиро фавран бекор кунед, ончунон ки 10 сол пеш Русия бекор карда буд."

Ба қавли Зоиров, онҳо дар 10 соли ахир беш аз понздаҳ бор масъалаи бекор кардани ҳама гуна гарави интихоботиро дар миён гузоштанд, вале бенатиҷа.

"Дар Президиуми Шӯрои сиёсии ҲСДТ суолҳо дар бораи вазъи кишвар, аз ҷумла, масъалаи гарави интихобот муҳокима шуд. Ба хулосае омадем, ки ҳукумат, аз ҷумла порлумон, ба маънои пурра одамони бовиҷдон ва боэътимодро таҳқир карда, ба манфиати онҳо туф мекунанд, заминаҳоро фароҳам мекунанд, ки интихобот таҳрим гардад... Бо қаҳру ғазаби мардум бозӣ накунед", -- афзудааст ӯ.

То ба ҳол мақомот ба дархост ва изҳороти Раҳматилло Зоиров ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG