Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба шикам хобонданду дасту поямро бастанд ва дар барқ гузоштанд." Шикояти нав аз шиканҷа. ВИДЕО


Майрам Содиқова ва Мастона Зайниддинова, сокинони шаҳри Душанбе, иддао доранд, ки ду корманди пешини Раёсати корҳои дохилии пойтахт онҳоро шиканҷа кардаанд ва бояд ҷазои сахт гиранд. Сухан аз Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев меравад, ки дар пайи шикояти чанд нафари дигар дастгир шуда, ҳоло парвандаашон дар додгоҳ муҳокима мешавад. Вакили мудофеи ду милисаи собиқ мегӯяд, шикояти занҳо "беасос аст, чун ташхиси тиббиву додгоҳӣ шиканҷаи онҳоро исбот накард".

Ду зане, ки ҳоло шикоят доранд, арӯси як хонадонанд. Ба иддаои Майрам Содиқова ва Мастона Зайниддинова, шиканҷаи онҳо моҳи декабри соли 2017 рух додааст, замоне ки шавҳари аввалӣ бо иттиҳоми дуздӣ таҳти пайгард буд ва милисаҳо ӯро ҷустуҷӯ мекарданд. "Ду сол пеш ба додситонӣ шикоят карда будем, то чора бинанд, вале ҳеч натиҷа надод", -- гуфтанд шикоятгарон.

Занон мегӯянд, баъд аз он ки ду маъмури пешини милиса дастгир шуданд, қазияи онҳо низ ба парванда илова гардид.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Шикоят аз шиканҷа: "Дасту поямро баста, дар барқ гузоштанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Зидди Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев барои шиканҷаи Ҳамза Солеҳов, сокини шаҳри Душанбе ва чан тани дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамроҳи онҳо ду ҳамкори дигарашон – Икромиддини Аҳлиддин ва Умед Ваҳҳобов – низ барои даст доштан дар шиканҷа дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Мурофиаи додгоҳии кормандони собиқи пулис дар Додгоҳи шаҳри Душанбе идома дорад.

Абдукарим Абдулҳамидов, вакили мудофеи Фарҳод Нурхонов, рӯзи 8-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шикояти Майрам Содиқова ва Мастона Зайниддинова нисбат ба нафари зери ҳимояташ асос надорад. Вай гуфт, ин ду сокини Душанбе дар яке аз мурофиаҳои додгоҳӣ аз Нурхонов шикоят карданд, вале арзи онҳо "тасдиқи худро наёфт".

"Ҳамон масъуле, ки дар вақташ барои муайян намудани шиканҷа ташхис гузаронидааст, ба мурофиа омад ва гуфт, шиканҷа дидани онҳо исбот нашуда буд. Тани яке аз занҳо, ки каме харошида шудааст, худаш бемории пӯст доштааст", -- шарҳ дод вакил.

Дар нусхаи ташхиси тиббиву додгоҳии Майрам Содиқова гуфта шудааст, ки "ҷароҳати бадани ӯ дар намуди хароша буда, ҳамчунин дар фарқи сараш набуди мӯйҳои сар дида мешавад". Инҳо ҳамчун ҷароҳат ба саломатии ӯ зиёновар ҳисобида нашудаанд.

Наргис Абдураҳмонова, вакили мудофеи Майрам Содиқова мегӯяд, ташхис нисбат ба зерҳимояаш дар ҳузури кормандони пулис анҷом шудааст ва «бино бар ин ғайривоқеӣ аст».

Ҳарчанд ҷониби айбдоршавандаҳо шиканҷаро як тӯҳмат меноманд, ҷабрдида Майрам Содиқова мегӯяд, ӯро дар идораи пулис Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев зери шиканҷаи шадид қарор додаанд. Ӯ рӯзи 8-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ду сол қабл шавҳараш Рустам Сафаров барои дуздии маблағ зери пайгард буд ва барои пайдо намудани шавҳараш ӯро ба Шуъбаи корҳои дохилии Шоҳмансур бурда, се шабонарӯз нигоҳ доштаанд.

"Ба ман гуфтанд, ки дар болои фарш ба шикам хоб рав. Дар он ҷо чанд нафари дигар буд. Гуфтам, чӣ хел миёни ин қадар мард ба шикам бизанам? Гуфтанд, шин. Ба зону истодам. Аваз Сабзаев аз муйҳоям дошта, дар сарам зад. Ҳамкораш Фарҳод омад ва аз муйҳоям кашид. Маро зада мепурсиданд, ки Рустам дар куҷост? Мегуфтам, хабар надорам. Баъдан ба сарам як кӯлоҳи мардонаро пӯшонда, ба як утоқи дигар бурданд ва маҷбур ба шикам хобонданду дасту поямро бо «скотч» ва даҳонамро бо як шими низомӣ баста, 5 дафъа аз панҷаҳои дастам барқ (ток) монданд. Тамоми баданам месӯхт, аммо онҳо шиканҷаро идома медоданд", -- нақл кард зан.

Ба қавли ӯ, танҳо пас аз он ки бародари шавҳараш Ҷонибек макони Рустамро ба кормандони пулис гуфт, мақомот онҳоро раҳо карданд.

Аммо тасдиқи дурустии ҳарфи даъвогарон ва ҷавобгарон дар ҳоли ҳозир аз манобеи дигар ғайриимкон аст.

Мастона Зайниддинова, ҷабрдидаи дигар мегӯяд, ҳамроҳ бо Майрам Содиқова ӯро низ шиканҷа кардаанд. «Аз ман низ мехостанд, ки ҷойи Рустамро гӯям. Чанд бор дар барқ гузоштанд. Гуфтанд ту хароб астӣ ва як бори дигар дар барқ монем, мемурӣ, зуд қоил шав. Дар ҳақиқат, ман чизеро намедонистам".

Меҳриннисо Шералиева, хушдомани Майрам ва Мастона мегӯяд, соли 2017 писараш Рустам ба иттиҳоми дуздии ним миллион доллар аз як ташкилоти молӣ 12 сол зиндонӣ кардаанд. Писари дигараш Ҷонибек барои пинҳон нигоҳ доштани ҷинояти дуздӣ 4 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Ин зан мегӯяд, умед дорад, додраси парванда нисбат ба кормандони собиқи пулис барои шиканҷаи аъзои хонаводааш ҳукми одилона содир кунад.

Парвандаи зидди чаҳор маъмури милиса бар асоси шикояти сокини Душанбе Ҳамза Солеҳов ва пас аз гузориши видеоии Радиои Озодӣ дар ним соли пеш оғоз гардид. Мурофиаи додгоҳии кормандони собиқи Раёсати умури дохилии Душанбе беш аз ду моҳ боз идома дорад.

Зимни мурофиаҳои додгоҳӣ дар баробари Майраму Мастона 15 нафари дигар ҳамчун ҷабрдида нисбат ба онҳо шикоят кардаанд. Акнун танҳо вақт нишон медиҳад, ки иттиҳоми кормандони собиқи пулис исбот шуда, онҳо ҷазо мегиранд ва ё "аз об хушк" мебароянд.

Шиканҷа дар Тоҷикистон аз масъалаҳоест, ки борҳо дар сархати расонаҳо ҷой гирифтааст. Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд, ки 7 нафараш занонанд. Бино ба қонунҳои Тоҷикистон, шиканҷа ҷиноят аст ва афроди муттаҳам ба шиканҷа бо хатари ҳукми тӯлонии зиндон рӯбарӯ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG