Мақомоти интизомии Тоҷикистон як афсари баландрутбаи вазорати умури дохилиро, ки ба шиканҷа ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешуд, дастгир кардаанд.
Дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки подполковник Фарҳод Нурхонов, афсари Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми феврал дар Душанбе боздошт шуд.
Фарҳод Нурхонов, муовини сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ дар раёсати умури дохилии Душанбе ва Аваз Сабзаеву Икромиддини Аҳлиддин - кормандони идораи мазкур ба он гумонбар мешаванд, ки бо ифтитоҳи парвандаи сохта ба зидди як сокини Душанбе, аз ӯ ҳазорон доллар ришва хостаанд.
Як муфаттиши дигарро дар ин қазия ба ришваситонӣ муттаҳам мекунанд. Се корманди милисаро моҳи январ дастгир карданд, вале Фарҳод Нурхонов аз замон барои посух додан ба суолҳои тафтишот ҳозир намешудааст.
Ҳамза Солеҳов, ҷабрдида дар ин парванда аз ин пештар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки афсарони милиса ӯро азобу шиканҷа дода хостанд, ки иттиҳоми ҳифз ва қочоқи маводи мухаддиро бар дӯш бигиранд.
Дар Додситонии кулл гуфтанд, ки Фарҳод Нурхонов рӯзҳои наздик бо ҷабрдида рӯ ба рӯ карда мешавад. Ҷузъиёти парванда инҷост.