Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони тоҷик барои ширкат дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон ба Корея рафтанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 8-10-уми ноябр дар шаҳри Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар нӯҳ гуштигир дохил аст: Акмалиддин Каримов (вазни то 57 кг), Хушқадам Хусравов (то 62 кг), Парвиз Додов (то 68 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (то 74 кг), Зафар Олимшоев (то 90 кг), Одилҷон Сафаров (+100 кг) оид ба самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов (то 62 кг), Ҷамшед Умаров (то 57 кг), Худоёр Раҷабзода (то 68 кг) оид ба самбои размӣ.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар Чҳонҷу ҳудуди 500 варзишгар (мардону занон) аз 80 кишвар барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни занон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) мубориза мебаранд.

Дараҷаи вазнҳо - самбои варзишӣ: мардон - 52, 57, 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг, занон - 48, 52, 56, 60, 64, 68, 72, 80, +80 кг, самбои размӣ - 52, 57, 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг. Мусобиқа шоми якшанбеи 10-уми ноябр ба поён мерасад.

FIAS маблағи ҷавоизи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро дар ҳаҷми 216 ҳазор доллари ИМА муқаррар кардааст. Зӯртарин гуштигирон ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд: барои ҷойи якум – 3000 доллар, барои ҷойи дуюм – 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм – 1500- долларӣ.

Барномаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2019 дар Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ, 8-10-уми ноябр

8-уми ноябр (ҷумъа)

06:00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ

Занон: 48, 60, 72 кг;

Мардон: 52, 68, 90 кг;

Самбои размӣ: 57, 74, 100 кг

14.00 – Қувваозмоиҳои ниҳоӣ. Маросими ҷоизасупорӣ

9-уми ноябр (шанбе)

06:00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ

Занон: 52, 64, 80 кг;

Мардон: 57, 74, 100 кг;

Самбои размӣ: 62, 82, +100 кг

14.00 – Қувваозмоиҳои ниҳоӣ. Маросими ҷоизасупорӣ

10-уми ноябр (якшанбе)

06:00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ

Занон: 56, 68, +80 кг;

Мардон: 62, 82, +100 кг;

Самбои размӣ: 52, 68, 90 кг

14.00 – Қувваозмоиҳои ниҳоӣ. Маросими ҷоизасупорӣ

Эзоҳ: Замони оғози қувваозмоиҳо - бо вақти Душанбе


Ёдовар мешавем, гуштигирони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки моҳи ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, чаҳор медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гашта, бо медали тилло мукофотонида шуд. Зимнан, дар таърихи варзиши тоҷик ӯ баъди Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро оид ба самбои варзишӣ ба даст овардааст.

Дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар Бухарест Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 74 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Медали сеюми биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Сорбон Латифов дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 62 кило овард.

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ, инчунин довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев ба ҳайси ҳакам аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои Федератсияи самбои Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ ба сафари гуштигирони тоҷик барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо иҷозат дод. Сафорати ин кишвар қаблан аз додани раводид ба варзишгарони тоҷик худдорӣ карда буд.

Сафорати Кореяи Ҷанубӣ танҳо баъди гирифтани кафолат аз мақомоти Тоҷикистон, ки варзишгарони тоҷик ҳамагӣ баъди анҷоми мусобиқот ба ватан бармегарданд, ба онҳо раводид додааст.

Масъулони Федератсияи самбои Кореяи Ҷанубӣ қаблан ба ҳамкорони тоҷики худ гуфтаанд, ки соли 2016 чаҳор гуштигири тоҷик ба Сеул рафта, дигар барнагаштанд ва мақомоти ин кишвар аз такрори чунин рӯйдод хавф доранд. Маҳз ин ҳодиса сабаб шудааст, ки варзишгарони тоҷик дар гирифтани раводид ба мушкил дучор шаванд. ​

XS
SM
MD
LG