Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзона, шоири шинохтаи тоҷик, 55-сола шуд


Фарзона
Фарзона

Фарзона (Иноят Хоҷаева), шоири шинохтаи тоҷик, рӯзи 3-юми ноябр 55-сола шуд. Ӯ соли 1964 дар Хуҷанд чашм ба олам кушодааст. Хатмкардаи Донишкадаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Нахустин маҷмӯаи ашъорашро бо номи "Тулӯи хандарез" соли 1987 бо пешниҳоди Лоиқ Шералӣ ба нашр расондааст. То кунун беш аз 20 китоби шеъри Фарзона, аз ҷумла “Қатрае аз Мӯлиён” (иборат аз 3 ҷилд), “Муҳри гули мино”, “Себарга”, “Девон” ва гулчини ашъораш ба забонҳои анлисӣ ва русӣ дар Маскаву Лондон чоп шудаанд. Дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ ва унвони Шоираи халқии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG