Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷунайдулло Худоёров аз зиндон раҳо шуд


Ҷунайдулло Худоёров
Ҷунайдулло Худоёров

Ҷунайдулло Худоёров, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо ҷурми ифротгароӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 28-уми октябр озод гардид.

Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдулло Худоёров, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло дар роҳ ба сӯи ноҳия аст ва бояд ба зудтарин фурсат бирасад. Ҳамроҳаш телефонӣ гап задам."

Ду бародари Ҷунайдулло низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ раҳоии ӯро тасдиқ карданд. Фарҳод Худоёров, яке аз онҳо, гуфт, "Ҷунайдулло, ки 22 моҳ боз дар зиндон бидуни ҷурме ба сар мебурд, озод шуд."

Худоёров дар гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кори мақомоти Рашт, кони ангишт, шӯъбаи маориф ва идораи андози ноҳия ба шиддат танқид мекард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соли 2018 ӯро ба ҷурми пайравӣ аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи салафия муҷрим шинохт. Вале худи ӯ ва наздиконаш ин айбро бофта хонданд ва парвандаи ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ донистанд.

Раҳоии Ҷунайдулло Худоёров баъд аз қабули қонуни афв дар Тоҷикистон имконпазир шуд. Вале мақомот мегӯянд, афв ба маънои сафед ё бегуноҳ шудани зиндониён нест, балки доғи судӣ ҳамчунон мемонад.

Қарор аст, қонуни афв бист ҳазор нафарро дар бар гирад. То кунун тақрибан ду ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шудаанд.

XS
SM
MD
LG