Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷопон бо ҳисоби 0:3. Сабаб чӣ буд?


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ин бозии даври чаҳорум дар гурӯҳи "F" 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури бештар аз 19 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз шеваи бозии аъзои мунтахаби Тоҷикистон ва амалкарди сармураббӣ Усмон Тошев танқид кардаанд. Яке аз корбарони Фейсбук навиштааст, "футбол дар Тоҷикистон нисбат ба чанд сол қабл як каме пеш рафтааст", вале дигаре гуфтааст, "агар даста маҳорати хуб надорад, бозигари 12-ум ҳам ҳеҷ нақше дошта наметавонад."

Дар ҷараёни нимаи аввали дидор бозигарони ҳарду даста аз фурсати хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Бахусус меҳмонон чандин вазъияти мувофиқро аз даст доданд.

Дар баъзе мавридҳо маҳорати баланди дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов ба футболбозони ҷопонӣ имкон надод, ки муваффақ шаванд.

Дар дақиқаи 23-юм нимҳимоягар Эҳсони Панҷшанбе бо дарвозабони мунтахаби Ҷопон Гонда як ба як баромада, аз масофаи наздик натавонист тӯбро вориди дарвоза намояд.

Нимаи дувуми дидор бо ҳуҷумҳои пайиҳами ҷопониҳо шуруъ шуд ва онҳо дар муддати се дақиқа ду гол заданд. Ҳарду голро Минамино Такуми ба ҳадаф расонд. Ӯ дар дақиқаи 53-юм бо зарбаи сар тӯбро ба дарвозаи мизбонон ворид кард.

Голи дувумро ҳам Такуми аз ҷаримагоҳи мизбонон дар дақиқаи 56-ум ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон зад. Голи севумро Асано Такума дар дақиқаи 82-юм бо зарбаи сар ба дарвозаи мизбонон ворид намуд.

Ин севумин бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон ба шумор мерафт. Дар ҳарду бозии пешин дар марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2014 футболбозони тоҷик бо ҳисобҳои бузург шикаст хӯрда буданд. Бозии аввал 11-уми октябри соли 2011дар шаҳри Осака бо ҳисоби 8-0 ва бозии дувум 11-уми ноябри ҳамон сол дар Душанбе бо ҳисоби 4:0 ба нафъи мунтахаби Ҷопон хотима ёфтааст.

Дар бозии дигари марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи F мунтахаби Қирғизистон дар меҳмонӣ дастаи Муғулистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дар ин бозӣ меҳмонон дар нимаи аввал ба дарвозаи мизбонон ду гол заданд. Голҳоро Гулҷигит Алиқулов дар дақиқаи 14-ум ва Мирлан Мурзаев дар дақиқаи 42-юм ба самар расониданд. Голи мизбононро Норҷмуу Тседенбал дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 57-ум, аз пеналтӣ зад.

Ҳаҷимэ Мориясу, сармураббии мунтахаби Ҷопон, дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ гуфт, ки ин ғалаба ба шогирдонаш ба осонӣ ба даст наомадааст.

“Шогирдони мо барои ба даст овардани ғалаба тамоми қувваашонро сарф карданд ва бозии хуб нишон доданд. Фишорҳо аз ҷониби мунтахаби Тоҷикистон буданд, хусусан дар нимаи аввали дидор. Ҳолатҳое буданд, ки мизбонон имкон доштанд ҳисобро кушоянд. Дар нимаи дувум мо рафти бозиро каме тағйир додем, фишорҳоро бештар кардем ва пирӯз шудем.»

Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, дар ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки бо вуҷуди бохт аз бозии шогирдонаш қаноатманд аст.

“Бачаҳои мо ҳамаи имконияташонро ба кор бурданд. Албатта натиҷа ғайриқаноатбахш аст, вале аз ҷиҳати бозӣ даста як қадам пеш рафт. Мутаассифона, ба бозигарони мо маҳорат ва каме қувва намерасид. Мунтахаби Ҷопон, ки сатҳаш олист, ғолиб омад. Ва маҳз дар бозӣ бо чунин дастаҳои қудратманд маҳорати футболбозони мо баланд хоҳад шуд.»

Мунтахаби Ҷопон дар ду бозии пешини марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи F дастаи Мянмарро бо ҳисоби 2:0 ва мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст дода буд.

Мунтахаби Тоҷикистон бошад, таҳти сарварии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар ду бозии пешин бар дастаҳои Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шудааст.

Ба ин тартиб, мунтахаби Ҷопон, ки бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи F мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад.

Дастаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд.

Мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи F рӯзи панҷшанбеи 14-уми ноябр баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ муқобили дастаи Мянмар рақобат мекунад. Дар бозии дигар мунтахаби Қирғизистон дар майдони худ бо дастаи Ҷопон рӯбарӯ мешавад.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Даври 4-ум

15-уми октябр (сешанбе)

Тоҷикистон Ҷопон 0:3

Голҳо: Минамино Такуми, 53 (0:1), Минамино Такуми, 56 (0:2), Асано Такума, 82 (0:3).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Хуршед Бекназаров, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев (Кароматулло Саидов, 17, Тоҳир Маладӯстов, 87), Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Эҳсони Панҷшанбе, Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 66).

Ҷопон: Сюити Гонда, Мая Ёсида, Наомити Уэда, Юто Нагатомо, Гаку Сибасаки, Минамино Такуми (Такефуса Кубо, 87), Сёя Накадзима (Асано Такума, 64), Кэнто Хасимото, Даити Камада (Кэнсукэ Нагаи, 80), Ҳироки Сакаи, Ритсу Доан.

Огоҳонида шуд: Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).

Беҳтарин бозигари дидор: Минамино Такуми (Ҷопон).

Сардовар: Муҳаммад Зайд Тҳамер (Ироқ).

Ёварони сардовар: Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ, Ҷаббор Акрам Алӣ (ҳарду аз Ироқ).

Довари эҳтиётӣ: Чоримурод Қурбонов (Туркманистон).

Нозири доварон: Энтони Ҷон Да Коста (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 19100 тамошобин.

Муғулистон Қирғизистон – 1:2

Голҳо: Гулҷигит Алиқулов, 14 (0:1), Мирлан Мурзаев 42 (0:2), Норҷмуу Тседенбал, 57 - аз пеналтӣ (1:2).

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи F

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

3

3

0

0

11-0

9

2

Қирғизистон

3

2

0

1

9-2

6

3

Тоҷикистон

3

2

0

1

2-3

6

4

Муғулистон

4

1

0

3

2-9

3

5

Мянмар

3

0

0

3

0-10

0

Бозиҳои боқимонда дар гурӯҳи F

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Қирғизистон – Ҷопон

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Ҷопон – Мянмар

Даври 8-ум

31 марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Ҷопон – Қирғизистон

XS
SM
MD
LG