Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Улан-Удэи Русия ҷараён дорад, аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷоизаҳо маҳрум шуданд.
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Русия чаҳор варзишгар - Миҷгона Самадова (-57 кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг), Нилуфар Бобоёрова (-64 кг) ва Идимоҳ Холова (-69 кг) - бо раҳбарии Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон-2012, намояндагӣ карданд.
Аз миёни варзишгарони тоҷик танҳо Нилуфар Бобоёрова то даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар вазни то 64 кило дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Чаҳира Селмоунӣ аз Алҷазоир ғолиб омад. Вале Нилуфар рӯзи панҷшанбеи 10-уми октябр дар даври чорякниҳоӣ аз Екатерина Динники русиягӣ шикаст хӯрд.
Динник, ки ҳадди аққал соҳиби медали биринҷӣ мешавад, ҳамакнун рӯзи шанбе дар даври ниманиҳоӣ бо қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 Дан Доу аз Чин рақобат мекунад. Вале Нилуфар аз медали қаҳрамонии ҷаҳон бенасиб монд.
Муштзани дигари тоҷик Миҷгона Самадова, ки дар даври муқаддамотӣ бар Марселат Сакобӣ аз Кот д-Ивуар пирӯз шуд, дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Каррис Артингсталл аз Англия мағлуб гашт.
Ду варзишгари дигари тоҷик - Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило ва Идимоҳ Холова дар вазни то 69 кило - аввалин қувваозмоиҳои худро бохтанд. Шоира аз Омайлин Алкала аз Венесуэла ва Идимоҳ аз Шаҳноза Юнусова аз Узбекистон шикаст хӯрданд.
Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ, ки то 13-уми октябр идома меёбад, беш аз 300 варзишгар аз 75 кишвар ширкат дорад. Муштзанҳо аз рӯи 10 дараҷаи вазнҳо рақобат менамоянд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Деҳлии Ҳиндустон се муштзани тоҷик – Шоира Зулқайнарова, Миҷгона Самадова ва Гулмира Исроилова – ширкат доштанд.
Шоира дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Пуэрто-Рико ва Ҷумҳурии Чех ба чорякфинал баромад. Вале ӯ дар даври чорякниҳоӣ аз Дан Доу аз Чин мағлуб шуд. Миҷгона дар вазни зери 57 кило ва Гулмира дар вазни зери 81 кило дар нахустин рақобати худ шикаст хӯрданд.
Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон таҳти сарпарастии Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) аз соли 2001 барои бори ёздаҳум баргузор шудааст.
Беҳтарин натиҷаи варзишгарзанони тоҷик дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ медали биринҷии муштзани маъруф Мавзуна Чориева мебошад, ки соли 2012 дар Чин дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило ба даст овардааст. Инчунин Мавзуна тобистони ҳамон сол дар Бозиҳои олимпӣ дар Лондон барандаи медали биринҷӣ гардидааст.