Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ҳукумати Бадахшон ба хабари дар ихтиёри Чин гузоштани кони "Якҷилва"


Як изҳороти ҳукумати вилояти Бадахшон ба ҷойи рӯшанӣ андохтан дар бораи созиши Тоҷикистону Чин бар сари кони нуқраи “Якҷилва”-и Мурғоб, баръакс, рақамҳои тазодомезро бештар кардааст.

Изҳорот рӯзи 2-юми октябр дар ҷавоб ба вокунишҳои мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Бисёриҳо аз он ки Тоҷикистон чанд кони тилову нуқраро пайиҳам дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ мегузорад, танқид карданд.

Дар ҷаласаи рӯзи 1-уми октябр дар порлумони Тоҷикистон гуфта шуд, ки кони “Якҷилва” барои 7 сол дар ихтиёри ширкати чинӣ гузошта шудааст. Дар вокуниши мақомоти Бадахшон мехонем: “Кони Якҷилва ба мӯҳлати 20 сол барои истифода ба шарикони чинӣ дода шуд ва дар сурати розигии тарафҳо, шартнома боз идома хоҳад ёфт.”

Рӯзи гузашта дар порлумон ҳамчунин захираи ин кон 113 тонна нуқра гуфта шуд, вале ҳукумати Бадахшон мегӯяд, захираи ин кон ба 415 тонна мерасад. Маълум нест, ин рақамҳо аз куҷо ба даст омадаанд ва чаро гуногунанд.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи якуми октябр мувофиқат кард, ки кони нуқраи Якҷилва барои истифода дар ихтиёри ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед"-и Чин гузошта шавад. Масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфтанд, ин ширкати чинӣ барои корҳои истихроҷ дар кони нуқраи "Якҷилва" 39,6 миллион доллар сармоя ҷудо кардааст.

Вале мақомот ҷузъиёти созиш бо ширкати чиниро ошкор накарданд. Ҳамчунин маълум нест, ин ширкат дар натиҷаи музояда ё тендер кор дар ин кони нуқраро ба даст овардааст ё аз тарафи мақомот интихоб шудааст.

Бо ишора ба чунин норӯшаниҳо чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шаффофияти корро зери суол бурдаанд. Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 2-юми октябр гуфтаанд, “ин ягон фурӯш ё ба каси дигар додани бойигарии табиӣ ва пардохти ягон намуди қарз набуда, раванди маъмулии кор дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад".

Ҳукумати Бадахшон ҳамзамон мегӯяд, “роҳи ягонаи рушди иқтисоди вилоят тараққӣ додани саноатӣ кӯҳӣ дар ин минтақаи кӯҳистонӣ мебошад, аммо чун сармояҳои дохилӣ барои ба кор андохтани чунин конҳо кофӣ нест, бояд сармояҳои хориҷӣ ҷалб шаванд.”

Ҳоло ширкатҳои чинӣ истихроҷи аксар конҳои тилои Тоҷикистонро дар даст доранд. Ба ҷуз аз ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -- "Зарафшон", чиниҳо кони тиллои "Покруд" дар Ромит ва ширкати ТВЕА-и ин кишвар бар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, парвонаи ду кони тилло дар ноҳияи Айнӣ -- "Дуобаи шарқӣ" ва "Кумарғи боло"-ро ба даст овард.

XS
SM
MD
LG