Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи мақомоти тоҷику қирғиз дар робита ба корҳои сохтмонӣ дар марз


Назорати марзи Қирғизистону Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сар задани низоъ миёни сокинони ду кишвар пурзӯр карда шудааст.

Ба огаҳии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, рӯзи 14-уми сентябр вазъ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон муътадил буд. Сардори Ситоди кул ва муовини раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон Абдукарим Олимбоев 15-уми сентябр барои ҳалли масоили ба миён омада ба вилояти Бодканд, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, сафар кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки гӯиё сокинони ҷамоати Овчи-Қалъачаи Тоҷикистон, ки бо деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст, дар минтақаи марзии баҳсӣ сохтмонеро оғоз кардаанд.

Дар натиҷа намояндагони хадамоти марзбонии ду кишвар бо ҳам вохӯрда, ҷониби Қирғизистон хостааст, корҳои сохтмонӣ дар минтақаи баҳсӣ қатъ карда шаванд. Рӯзи 14-уми сентябр ҳангоми оғози корҳои сохтмонӣ сокинони ду кишвар дар маҳалли ҳодиса ҷамъ гашта, вале то бегоҳ дубора пароканда шудаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, вазъ дар марзи ду кишвар таҳти назорат буда, бо сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон рӯзи 15-уми сентябр ҷониби Қирғизистонро ба сохтмони КПП – посгоҳи назоратӣ – дар як минтақаи, ба гуфтаи онҳо, баҳсӣ ва дар роҳи байни Исфара ва Ворух муттаҳам карданд. Бишкек дар ин бора расман чизе нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG