Масъулини Шӯъбаи Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Сино дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд ва сабабҳои рух додани онро муайян мекунанд. Дар ин ниҳод, рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин садама ду навраси сокини Душанбе ҷон додаанд. Манбаъ гуфт, бар асоси ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вале бо далели халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот наметавонад онро шарҳ диҳад.
Садамаи маргборе, ки ҷони ду наврасро гирифт, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар назди Маркази исмоилӣ рух додааст. Дар он ду наврас Аюбҷон Муҳиддинзода ва Сиёвуши Зафар ба ба ҳалокат расиданд. Ҳарду дар мактаби №25 дар синфи 11 ва 9 таҳсил мекарданд. Волидони онҳо кормандони радиои “Садои Душанбе” ва Шабакаи аввали Тоҷикистон буда, дар бинои Кумитаи телевизион ва радио зиндагӣ мекарданд.
Ситам Муҳиддинов, корманди Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон ва падари Аюбҷон Муҳиддинзода дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса баъд аз даҳ дақиқаи аз хона баромадани фарзандаш рух додааст.
Муҳиддинов дар ин ҳодиса ронандагони “Мерседес” ва “Хундай-Старекс”-ро гунаҳкор медонад. Чун ба гуфтаи ӯ, ронандагони ин ду мошини сабукрав қоидаи роҳро риоя накарданд ва фарзанди ӯро дар роҳи пиёдагард пахш намуданд.
“Писарам Аюбҷон ҳангоми рух додани ҳодиса на дар роҳи мошингард, балки дар роҳи пиёдагард будааст. Ҳатто аз наздикони ронандаҳо касе ба назди мо барои ҳамдардӣ кардан наомад. Насибу тақдир будааст, лекин агар меомаданду мегуфтанд ҳамин хел ҳодиса шудааст, мо ҳам мефаҳмидем, вале касе наомад,” - афзуд Ситам Муҳиддинов.
Ҷасади ду навраси ҳалокшуда баъд аз зуҳри рӯзи 9 сентябр ба хок супурданд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ронандаи худрави “Мерседес”, ки дар садамаи шаби гузашта иштирок дошт, Фазлиддин Авлиёқулови 29-сола мебошад. Наздикони ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Авлиёқулов дар ҳолати вазнин бистарӣ мебошад.
Яке аз наздикони Фазлиддин Авлиёқулов дар Беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе бидуни зикри номаш ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ ҳанӯз дар ҳолати кома қарор дорад.” Наздикони Фазлиддин, ки ба дидори ӯ ба беморхона омадаанд, гуфтанд, дар садамаи мазкур писари онҳо айбдор набуда, як мошини дигар ба ӯ халал расонидааст, ки боиси сар задани садама гардид.
Мақомот мегӯянд, ҷузъиёти пурраи ҳодисаро танҳо баъди санҷиш эълон мекунанд.
Зимнан бо вуҷуди пурзӯр намудани муҷозот барои нақзи қоидавайронкунии ронандагон дар роҳҳо, сокинони Тоҷикистон мегӯянд, фарҳанги ронандагӣ дар миёни мардуми кишвар тағйир наёфтааст. Ҳанӯз маргу мири сокинон дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ахиран Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ иттилоъ дод, ки ҳар сол бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон аз 100 ҳазор аҳолӣ 19 нафар ҷон медиҳанд. Ин нишондоди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ ва тақрибан баробар бо омори Чину Русия будааст.
Моҳи майи соли равон зимни як нишаст дар Душанбе Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагон барои пешгирӣ аз садамаҳои маргбор дар роҳҳои кишвар пешниҳод кард, ки ҷаримаи ронандаҳоро боло баранд. Ӯ гуфт, ҷарима барои набастани тасмаи бехатарӣ ва надоштани курсии кӯдакона дар мошин боло бурда шавад.
Пешниҳоди пурзӯр намудани муҷозот дар ҳолест, ки бархе аз огоҳон бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҷаримаҳо афзоиш ёфтаву садамаҳо коҳиш наёфтааст, мегӯянд, яке аз сабабҳояш он аст, ки қонун барои ҳама яксон татбиқ намешавад. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, ронандагон ҳам медонанд, ки бо ҳар роҳе худро аз банди қонун раҳо мекунанд, бинобар ин бидуни ҳарос бо суръати баланд мошинро меронанд.
Ҷомеашинос Бобоҷони Шафеъ мегӯяд, бар асоси мушоҳидаҳои ӯ, аксари садамаҳо аз ҷониби ҷавонон сурат мегирад, зеро бештари ҷавонон асноди ронандагиро харидаанд ва қоидаро намедонанд.
"Аз сӯйи дигар, қонунҳои мо ба сурати кулл риоя намешаванд. Як ронандае, ки се-чор касро куштаст, дар озодӣ мегардад ва гуноҳаш исбот намешавад. Як ронандае, ки як нафарро маҷруҳ кардааст, ҳабс мешавад. Бисёр ҳолатеро дидаему шоҳидем, ки сабабгори фоҷеа тиллоиҳоянд (фарзандони сарватмандону афроди бонуфуз ва ё мақомот) ва онҳоро касе ба ҷавобгарӣ намекашад. Хулоса, агар хоҳем садама кам шавад, ба фасод дар системаи омӯзиши ронандагӣ хотима бахшем. Гунаҳгоронро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашем, то ба дигарон ибрат шавад", - гуфт Бобоҷони Шафеъ.
Тибқи омори мақомот, дар тақрибан ду соли ахир бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта, зиёда аз ду ҳазор каси дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, аксар садамаҳои нақлиётӣ бо айби пиёдагардон, суръати баланди мошин, сабқат ва рӯёрӯӣ рух медиҳад.