Имомхатибон дар ноҳияи Масчоҳ дар сохтмони бинои маъмурии Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ширкат карданд. Руҳониён асосан тариқи ҳашар дар корҳои сохтмони ин бино иштирок доранд.
Саидҳомид Ниёзов имомхатиб аз ҳавзаи дуввуми ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 2-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мо сохтмони ин биноро дастгирӣ мекунем ва “дар ҳашари сохтмони он ширкат кардем.”
Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар ҳашари сохтмони биноҳи ҲХДТ имхатибони масҷидҳо ва аз ҷумла сархатиби масҷиди ноҳияи Мастчоҳ ширкат варзид. Ниёзов афзуд, бар замми ин айни замон ӯ масъули таъмири роҳи мошингард миёни ҳавзаҳои як ва ду аст, ки то ба шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мерасад.
"Ҳоло мо бо ёрии мардум ҳамин роҳро таъмир ва навсозӣ дорем, дар ҷойҳои таъмирталаб асфалт мехобонем,"- иброз дошт Ниёзов.
Масъулини ҳизби ҳоким дар ноҳияи Мастчоҳ гуфтанд, руҳониён як рӯз барои дуои хайр кардан даъват шуданд.
Дилшод Зокиров роҳбари Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 2-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо онҳоро танҳо як рӯз танҳо барои дуои хайр кардан даъват кардем, омаданд. Дигар рӯзҳо корро ҳафт нафар сохтмончиён давом дода истодаанд.”
Зокиров афзуд, сохтмони бинои ҳизб асосан аз ҳисоби дастгирии аъзои фаъоли ҳизб ва соҳибкорони саховатпеша ҷараён дорад.
Гуфта мешавад бинои Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, мувофиқи тарҳи тасдиқшуда дуошёна буда, аз чаҳор ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат аст ва харҷи сохтмонаш 500 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад. Қарор аст сохтмони ин бино то охири соли 2019 ба анҷом расад.
Ҷалби руҳониён, имомхатибони масҷидҳо дар Тоҷикистон ба корҳои ободонӣ чанд сол инҷониб сурат мегирад.
Сентябри соли 2018 имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дар ноҳияи Шаҳритус дар иқдоми камсобиқае як дасти шикастаи ҳайкали Владимир Ленин, пешвои коммунистҳоро таъмир карда, пайкараи дар зери барфу борон ва таъсири офтоб тирашудаашро рангу бор намуданд. Онҳо низ гуфтанд, ки ин кор ихтиёрӣ ва бо харҷи пулҳои хайрияи мардум сурат гирифтааст.