Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дурӯғ аст, ки мегӯянд мактабҳои хусусӣ пули бисёр доранд". ВИДЕО


Хонандагони литсейи хусусии "Ҳотам ПВ"
Хонандагони литсейи хусусии "Ҳотам ПВ"

Тобистони имсол дар олимпиадаҳои ҷаҳонии риёзиёту физика ва информатика, ки аз ҷумла дар Лондон сурат мегирад, Тоҷикистонро 19 хонанда намояндагӣ мекунанд. Сездаҳ нафари онҳо аз литсейи хусусии "Ҳотам ПВ" ҳастанд.

Фараҳманд Ҳасанов, хонандаи синфи 11-и литсей аст, ки барои ширкат дар олимпиадаи тобистона омодагӣ мегирад. Се сол боз Фараҳманд иштирокчии олимпиада аз физика дар дохил ва хориҷи кишвар аст ва чандин медал ҳам дорад.

Ҳамсолони Фараҳманд аз мактабҳои дигар ба имтиҳонҳои донишгоҳҳои олӣ омода мешаванд, аммо ӯро аз ҳоло як донишгоҳи бонуфузи Маскав пазируфтааст. Фараҳманд орзу дорад, мутахассиси соҳаи мушаксозӣ шавад. "Албатта, омӯзиши фанҳои дақиқ осон нест, вале донистани онҳо бисёр хуб аст. Чун тамоми чизе, ки сохта мешавад, аз илмҳои дақиқ аст", афзуд вай.

Фараҳманд Ҳасанов.
Фараҳманд Ҳасанов.

Шоҳрухи Муҳаммадҷон, шогирди дигари литсейи хусусии "Ҳотам ПВ" аст, ки номаш дар феҳрасти дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомил шудааст. Шоҳрух яке аз шаш узви дастаи риёзидонҳои тоҷик аст, ки пас аз як моҳ дар олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Англия ширкат мекунад.

Як сирри муваффақияти шогирдони литсейро омӯзгорон ба талоши худи хонандаҳо рабт медиҳанд. Яке дигар аз бартарии хонандагони ин гимназия, муҳити мактаб ва омӯзгорон гуфта мешавад, ки хонанда ҳақ дорад бе маҳдудият аз омӯзгор суол кунад ва ҳатто барои боло рафтани сатҳи дониш бо хонандагони синфҳои болоӣ ва муаллимон вориди баҳсу рақобат шавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Мудири "Ҳотам ПВ": Мактабҳои хусусӣ пули зиёд надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Абдуфаттоҳ Ҳотамов, муассиси мактаби хусусии "Ҳотам ПВ", рӯзи 23-юми май гуфт, талаби аввали омӯзгорон аз хонандаҳо ин аст, ки шогирдон бояд мустақилона омӯзанд ва имкони бештари фикр карданро дошта бошанд. Ҳотамов иқрор мекунад, ки яке дигар аз бартариҳои шогирдонаш таҳсили онҳо бо забони русӣ аст. Чун ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, "барои мисол, аз фанни риёзӣ бо забони русӣ қариб 40 китоб вуҷуд дорад, аммо бо забони тоҷикӣ як ё дуто аст".

Абдуфаттоҳ Ҳотамов, муассиси мактаби хусусии "Ҳотам ПВ".
Абдуфаттоҳ Ҳотамов, муассиси мактаби хусусии "Ҳотам ПВ".

Абдуфаттоҳ Ҳотамов таъриф кард, ки шеваи таълиму тарбия дар литсей натиҷа медиҳад: "Соли гузашта дар олимпиадаи ҷаҳонӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз фанни физика, ҷои 27-умро ишғол кард. Узбекистон дар зинаи 62 ва Қазоқистон дар ҷои 43 қарор дошт. Як хонандаи синфи 9-и гимназияи мо Далер Пиров аз иштирокчиёни дигар се сол хурд буд, вале тавонист медали нуқраро соҳиб шавад".

Гимназияи мазкур дар бинои барҳаво ё муосири шишагӣ ҷойгир нест, балки дар кӯдакистоне иҷоранишин аст. Хонандагон ҳам дар синфхонаҳои оддие, ки аз мактабҳои дурдасти Тоҷикистон фарқ надорад, таҳсил мекунанд.

Ҳоло масъулон ва хонандагони литсей интизори анҷоми сохтмони бинои нави мактаб ҳастанд, ки барои он шаҳрдории Душанбе ду гектар замин додааст. Ҳоло як чиз муассисону омӯзгорони литсейро нигарон кардааст. Он ҳам 18 дарсад боло рафтани андоз аз арзиши иловашуда барои ҳаққи таҳсил аст.

"30 дарсади хонандагон аз пардохти ҳаққи таҳсил озоданд"

Аз соли 2019 молиёти дарсадӣ аз мактабу муассисаҳои таълимии хусусӣ то ба 18 фоиз боло рафт. Абдуфаттоҳ Ҳотамов мегӯяд, гарон шудани қимати таҳсил барои ду тараф мушкил эҷод кардааст: "Ҳам барои худи литсей ва ҳам барои волидон мушкили зиёд эҷод кардааст. Дар ҳолати гарон шудани молиёт, литсей ҳам маҷбур аст, нархи шартномаи таҳсилро боло барад. Мо ҳатто инро аз аввали соли таҳсил ба нақша нагирифта будем. Аз замоне ки андоз боло рафт, мо ҳар моҳ қарздор мешавем."

Абдуфаттоҳ Ҳотамов мегӯяд, дар гимназия 30 дарсади хонандагон аз пардохти ҳаққи таҳсил озоданд. Ин имконият ба онҳое дода мешавад, ки бо баҳои аъло хонда, иштирокчии олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ҳастанд. Бархе ҳам ятим ва камбизоат мебошанд.

Ҳотамов мегӯяд, дар Тоҷикистон андешае шакл гирифтааст, ки гӯё мактабҳои хусусӣ даромади ҳангуфте доранд, "вале ин комилан дурӯғ аст".

"Ҳама пули таҳсилро ҳисоб мекунанд. Аммо намепурсанд, ки мактаби хусусӣ мизу курсӣ, тахтаи синф, китобу журнал ва маводи лабораториро аз куҷо дастрас мекунад? Ҳамаи ин хароҷот дорад ва маблағе, ки волидон медиҳанд, тақрибан харҷи ҳамин мешавад. Литсей танҳо дар як сол барои харидани китоб як миллион сомонӣ сарф мекунад",-афзуд ӯ.

Айни ҳол дар ин мактаб ҳудуди 900 хонанда таҳсил мекунад ва қимати солонаи таҳсил дар мактаб аз 1000 доллар боло аст. Аз ин рӯ, аксар волидони доро ва миёнҳол талош мекунанд, фарзандонашон шомили ин мактаб шавад.

Боло рафтани қимати таҳсил дар Тоҷикистон

Боло рафтани қимати таҳсил дар донишгоҳу муассисаҳои таълимии хусусии Тоҷикистон дар гузашта ҳам боиси танқиди мақомот шудааст.

Як санҷиши Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон, ки моҳи феврали имсол анҷом шудааст, харҷи таҳсил дар аксар донишгоҳҳои олии кишварро "баланд" арзёбӣ кардааст. Дар 40 донишгоҳ ва коллеҷи касбии Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсил доранд.

Нархи таҳсил дар донишгоҳҳо ҳам қариб ҳар сол ва ба андозаи беш аз 10 дарсад боло бурда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, танқид аз савияи дониши муҳассилони мактабҳои олӣ ҳеҷ гоҳ кам намешавад.

XS
SM
MD
LG