Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишони тилои риёзидони ҷавони тоҷик


Олимҷони Пираҳмад, риёзидони ҷавони тоҷик, ахиран ба сандуқи нишонҳои тиллои маорифи Тоҷикистон боз як медали дигар зам кард.

Олимҷони Пираҳмад, донишҷӯи соли чаҳоруми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз озмуни байналмиллалии илмҳои дақиқ, ки рӯзҳои 18-20 уми феврал дар Беларус баргузор шуд, бо нишони тилло баргашт. Дар ин сабқат донишҷӯёни беш аз 30 донишгоҳҳои Русия, Эстония, Лаҳистону Беларус ва Словенияву Қирғизистон, ширкат доштанд.

Тоҷикистонро дар баробари Олимҷон донишҷӯйи дигар аз Донишгоҳи миллӣ Равшан Каримов намояндагӣ кард, ки вай соҳиби медали нуқра шуд. Ҳамин тавр тими дунафараи донишҷӯёни тоҷик дар сабқати ғайрирасмии гурӯҳӣ, баъд аз муҳассилини Донишгоҳи давлатии Маскав мавқеи дуввумро касб кардаанд, ин ба гуфтаи устодон, барои соҳаи маорифи Тоҷикистон дастоварди бузург аст.

Олимҷони Пираҳмад
Олимҷони Пираҳмад

Олимҷони Пираҳмад, ки қариб ҳамеша аз сабқатҳои байналмиллалӣ аксаран бо нишони тиллову нуқра ва пирӯзӣ бармегардад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ин озмун байни донишҷӯён, аспирантҳо ва магистрҳо буд. Медали мо ҳам аз байни медалҳои тилло ягон 8 ё нуҳум аст. Шарт ҳамин буд, ки 30 масъала аз чанд шохаи математика, мисли таҳлили математикӣ, алгебраи хаттӣ пешниҳод мекарданд ва мо бояд ҳал мекардем. Фикр мекунам муваффақ шудам, сабаб худомӯзии зиёд аст, ман болои худ бисёр кор мекардам.”

Профессор Каримов мегӯяд: “Агар шароит хуб бошад, онҳо воқеан боз худро беҳтар муаррифӣ хоҳанд кард. Масалан, дар бисёр сабқатҳо аз математика бачаҳо аз Узбакистон ширкат намекунанд. Аз Қирғизистон кам мераванд. Қазоқистон албатта аз мо беҳтар аст, чун шароити хуб доранд, аммо бачаҳои тоҷик ҳам бо шароите, ки доранд натиҷаи хеле хуб нишон медиҳанд.”Профессор Умед Каримов, устоди мактаби “Ҳотам ПВ” ки дар бисёр сафару озмунҳо муҳассилинро ҳамроҳӣ ва роҳнамоӣ мекунад, мегӯяд, бо вуҷуди камбудиҳо дар таълими фанни риёзӣ ва умуман илми дақиқ дар Тоҷикистон, аз ҷумла норасоии китобҳои хуби риёзӣ ва маоши пасти омӯзгорон, муҳассилини тоҷик лаёқатманданд ва дар рақобатҳо аз фанни риёзӣ натиҷаҳои хуб ба даст меоранд.

Бино ба иттилои вазорати моарифи Тоҷикистон, танҳо дар соли 2014 164 муҳассили мактабҳои миёнаву олии ин кишвар дар сабқатҳои ҷаҳонӣ ширкат кардаву соҳиби 128 медал, аз ҷумла 19 нишони тилло шудаанд. Аксари медалҳои тиллоро хонандагон дар озмунҳои илмҳои дақиқ аз худ кардаанд. Шокир Гадоев, як масъули вазорати маорифи кишвар мегӯяд, роҳи бачаҳои тоҷик баъд аз соли 2008 ба озмунҳои ҷаҳонӣ кушода шуд ва имрӯз онҳоро дар бисёр кишварҳо медонанду даъват мекунанд.

Аксари ғолибони озмунҳои ҷаҳонӣ ҳам муҳассилини мактаби “Ҳотам ПВ” ва таълимгоҳҳои туркӣ дар Тоҷикистонанд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Олимҷони Пираҳмад, хатмкардаи гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва ПВ", донишҷӯе, ки акнун теъдоди нишонҳои тиллояш аз илмҳои дақиқ ба 8 расид, ба ин бовар аст, ки донишу муваффақияти шахс бештар аз талошу хоҳиши ӯ вобастааст то ба донишгоҳу кишваре, ки вай таҳсил мекунад.

Худи Олимҷон, ки ҳанӯз аз соли 2010 дар сабқатҳои ҷаҳонӣ ширкат ва дар расонаҳо аз пирӯзиҳояш хабарҳо нашр мешавад, мегӯяд, баъди муваффақиятҳояш дар озмунҳои байналмиллалӣ, даъвату пешниҳодҳои зиёде аз донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои дигар гирифт, аммо бо тавсияи волидайн ҷое нарафт ва дар ДМТ монд.

Ӯ мегӯяд: “Аз як тараф шояд мушкили молӣ сабаб буд ё шояд худи падару модарам намехостанд ман аз ин ҷо равам, вале дар ҳар сурат ман бо бисёр донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои хориҷ таҳсил мекунанд, ҳамсӯҳбат мешаваму қиёс мекунам, на ҳамаи онҳо дониши хуб мегиранд. Фикр мекунам, ин аз худи шахс вобастааст. Агар шахс худ хоҳаду кӯшиш кунад метавонад дониши худро баланд бардорад. Вале ҳоло ҳам пешниҳоду даъватҳое ҳаст ва ман ҳам омӯхта истодаам, агар ягон варианти хубе пайдо шавад, баъди хатми Донишгоҳи миллӣ таҳсиламро дар хориҷ идома медиҳам.”

Олимҷон, мегӯяд, аз дарсҳои донишгоҳ қонеъ намешавад ва тамоми вақти холии худро ба худомӯзӣ тавассути интернет сарф мекунад. Вай ҳамчунин шогирдони худро дорад ва барои омода кардани онҳо ба сатҳи озмунҳои ҷаҳонӣ кӯмак мерасонад. Ин ҷавони риёзидон, ки ният дорад, баъди хатми Донишгоҳи миллӣ таҳсилашро дар кишварҳои хориҷ идома диҳад, ба ҳамсолони худ ҳам машварат медиҳад, ки ба барномаи таълимии донишгоҳ маҳдуд нашаванд ва бештар аз болоӣ худ кору худомӯзӣ кунанд.

Ғолибияти Олимҷони Пираҳмад ва Равшан Каримов дар Беларус дар ҳолест, ки имрӯз, 27 февлал як гурӯҳи дигари 28 нафараи муҳассилини тоҷик, барои ширкат дар озмуни ҷаҳонии барои ҳимояи лоиҳаҳои илмии математикӣ роҳии Қазоқистон мешаванд.

XS
SM
MD
LG