Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти "Ҳотам ПВ" аз монеасозиҳои масъулини маориф


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раҳбарият ва хонандагони гимназия-интернети Тоҷикистону Русия мавсум ба Ҳотам-ПВ аз шеваи баргузории олимпиадаи шаҳрӣ нигаронӣ доранд.

Умеда Мирова, хонандаи синфи 10-уми гимназия-интернати Ҳотам-ПВ, мегӯяд, аз шеваи баргузории олимпиада розӣ нест. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, миёни хонандагони синфҳои ёздаҳ аз фанни кимиё ҷои аввалро сазовор шуда ба давраи озмуни шаҳрӣ роҳхат гирифт. Вале ташкилкунандагони ин чорабинӣ ӯро нагузоштаанд, ки дар озмуни шаҳрӣ ширкат кунад.


Мирова мегӯяд, "соли гузашта, вақте ки синфи 9 мехондам, ҳамроҳ бо синфҳои ёздаҳ дар олипмиадаи ноҳиявиву шаҳрӣ иштирок карда, ҷои дуюмро гирифта будам. Барои он ки ман барномаи синфҳои даҳро дар синфи ҳашт хонда, аз худ карда будам. Аслан, барои ман иштирок дар давраи шаҳриву ҷумҳурияӣ ягон мушкил надошт. Намедонам, барои чӣ маро ба ин даври озмун роҳ надоданд."

Аммо ташкилкунандагони ин озмун мегӯянд, низомномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон иштироки хонандаи синфи поёниро бо синфҳои болотар дар олимпиада иҷозат намедиҳад. Умед Сафаров, корманди Маркази кор бо кӯдакони шоистаи Вазорати маорифи Тоҷикистон, гуфт, низомномаеро дар даст доранд, ки тибқи он хонандагони синфҳои поёнӣ, ки қобилияти аз худ кардани барномаҳои синфи ёздаҳро доранд, имкон доранд танҳо дар олимпиадаҳои даставӣ ҳамроҳ бо хонандагони синфҳои ёздаҳ иштирок кунанд. Вале дар олимпиадаҳои шаҳрӣ хонандагони синфҳои поёнӣ бо хонандагони синфҳои ёздаҳ якҷоя ба озмун роҳ дода намешаванд. "Агар ин хонанда ба вазорат ё раёсати маориф ариза пешниҳод мекард, ки қобилияти иштирок дар ин озмунро дорад, шояд ин ба назар гирифта мешуд. Онҳо бояд дар алоҳидагӣ бо ҳамсолони худ ба озмун роҳ дода шаванд",-мегӯяд ин масъули Вазорати маориф.

Ин масъули Маркази кор бо кӯдакони шоиста дар идома афзуд, ба онҳо аз ҷониби хонанда ё раҳбарияти гимназия-интернати "Ҳотам-ПВ" мактуби расмӣ ворид нашудааст. Аммо масъулони гимназияи мазкур мегӯянд, Умеда Мирова хонандаи ин таълимгоҳ ба озмуни ноҳиявӣ пешниҳод шуда буд ва бо гирифтани ҷои аввал аз миёни хонандагони синфҳои ёздаҳи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва гимназияву литсейҳо аз фанни кимиё ба озмуни шаҳрӣ роҳхат гирифт: "Ба раёсати маорифи шаҳр пешниҳод карда будем. Ҳама аз ин хабар доштанд, ки Умеда дар озмуни ноҳиявӣ иштирок карда, роҳхат гирифтааст ва бояд ширкат кунад."

Бархе аз таҳлилгарон ин моҷароро ба муносибати вазорати маориф бо мактабҳои хусусӣ бастагӣ медиҳанд. Зафари Суфӣ, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, чун дар мактабҳои давлатии кишвар вазъи омӯзишу парвариш дар сатҳи поин қарор дорад, аз ин хотир комёбии мактабҳои хусусӣ бархӯрди ғаразноки масъулонро ба бор овардааст: "Шояд иддао пеш оранд, ки меъёрҳои мо чунин нест. Аммо бояд қолабҳои куҳнаро шикаст. Вақте ки бача боистеъдод аст, бигзор ширкат кунад. Чунин ҳолатҳо дар замони Шӯравӣ низ буд. Мактаббачае, ки донишаш беҳтар буд, аз синф ба синфи дигар мегузарониданд. Ҳоло бубунед, вақте хонандае, ки синнаш поинтар асту болотар аз дигарҳо медонад, чаро ӯ дар ин ё он озмун баранда набошад?"

Зимнан, дар соли гузашта низ сарони гимназия-интернати Тоҷикистону Русия Ҳотам-ПВ аз шеваи супоридани медалҳо ба хонандагонашон аз ҷониби раёсати маорифи шаҳри Душанбе низ нигаронӣ карда буданд. Ба гуфтаи хонандагони ин гимназия, ташкилкунандагони олимпиада дар соли 2012 медалу мукофотномаи онҳоро дар як халта барояшон равон карда буданд.

Феълан дар Тоҷикистон 165 литсей ва гимназия фаъолият мекунанд, ки аз ин теъдод, 33 муассисаи таълимӣ хусусӣ буда, аз ҳисоби пули волидайн кор мекунанд. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз аст, миёни мактаббачагони таҳсилоти умумӣ ва гимназияву литсейҳои шаҳрӣ даври сеюми Олимпиадаи шаҳрӣ идома дорад. Бинобар иттилои расмӣ дар давоми ду марҳилаи олимпиада, зиёда аз 1620 мактаббачагони литсейҳо, гимназия ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанҳои дақиқ, гуманитарӣ ва иҷтимоӣ имтиҳон супориданд. Дар назар аст, олимпиада то 14-уми январи соли равон идома ёфта, ғолибони он рӯзи 15-уми январ муайян шаванд.

XS
SM
MD
LG