Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марде дар Шаҳритус бо гумони олуда кардани дигарон ба СПИД


Утоқи бемористони зиндоне дар Русия, ки гирифтори СПИД дар он нигаҳдорӣ мешаванд
Утоқи бемористони зиндоне дар Русия, ки гирифтори СПИД дар он нигаҳдорӣ мешаванд

Додситони ноҳияи Шаҳритус, дар ҷануби Тоҷикистон мардеро бо итттиҳомӣ дидаю дониста олуда кардани дигарон ба ВНМБ СПИД (вируси норасоии масунияти бадан) боздошт намуда, дар боздоштгоҳ нигоҳ медорад.

Ин марди 48-сола сокини ҷамоати Холматови ноҳияи Шаҳритус дар тақзи моддаи 125-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон, қисми 3, яъне “Сироят кардан бо инфексияи ВИЧ нисбати ду ё зиёда шахс” гумонбар мешавад, ки дар сурати исбот шудани гуноҳаш, аз 5 то 10 соли ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Марде, ки аз бо андешаҳои ахлоқӣ исми ӯ танҳо бо ҳарфҳои Н. Р. ёд мешавад, дар пурсишҳои аввалия гуфтааст, ки ба гуноҳи худ иқрор мешавад, вале сабаби ба ин кор даст заданашро шарҳ надодааст.

Умед Каримзода, додситони ноҳияи Шаҳритус рӯзи 2 май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мард як моҳи пеш дар натиҷаи як амалиёти сохторҳои ҳифзи қонун боздошт шуда, тафтишоти парвандааш идома дорад. Ба бовари тафтишот, ин мард панҷ соли пеш гирифтори беморӣ шуда, дар гузашта дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда баъди бозгашт дар Тоҷикистон барои содир кардани ҷинояте як муддат зиндонӣ ҳам шудааст. Гумонбар дар пурсишҳои аввалия гуфтааст, ки гӯё дар дохили зиндон гирифтори вируси норасоии масунияти бадан шудааст. Умед Каримзода гуфт, ки ин иддаои гумонбар бояд санҷида ва дақиқ шавад.

“Ҳоло тафтишот идома дорад, сабабҳояшро муайян мекунем. Вале худаш гуфт, ки дар зиндон ба ин вирус олуда шудааст, яъне дар ҳабс ва зиндон, вале тафтишоти ин фарзияҳо идома дорад. Ҳоло чанд нафарро ба беморӣ гирифтор кардааст. Маълум нест, вале ҳамсараш, ки низ дар зиндон аст, ӯ ба ин вирус олуда кардааст. Хонаводаи ин мард чандон хонаводаи солим нест, ҳамсараш низ бо дуздӣ зиндонӣ шудааст.”

Мақомоти тафтишотӣ мегӯяд, фарзияи аслии гирифтории ин мард ба вирус истифода аз сӯзандоруи олуда ба ҳангоми истеъмоли нашъа гуфта мешавад. Мақомот мегӯянд, ки ин мард дар гузашта нашъаманди тазриқӣ буд.

Феълан фаҳмидани мавқеи худи гумонбар ба ин қазия ва иттиҳоми зидди ӯ имкон надорад, чун ӯ дар боздошт аст ва ба гуфтаи мақомот, феълан барои ҳимояи худ вакил надорад. Мақомот мегӯянд, ки бо анҷом расидани тафтишот ва оғози баррасии парвандаи ҷиноӣ бо вакил аз додгоҳ таъмин хоҳад шуд.

Вале дар маълумоти расмӣ гуфта шудааст, ки ҳамсари аввали ин мард соли 1992, замони шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ва гурезагӣ дар Афғонистон фавтида ӯ баъдан дар Тоҷикистон бори дуюм оиладор шудааст. Ҳамсари дуюмаш, ки як фарзанд дорад, бо ҷурмӣ дуздӣ зиндонӣ шудааст. Бовар меравад, ки ин занро шавҳараш олудаи вирус кардааст. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, пеш аз издивоҷ ин мард бояд занро дар бораи вуҷуди беморӣ хабардор мекард.

Як ҷомеашиноси тоҷик бидуни бурдани номаш дар робита бо ин қазия гуфт, ки саргузашти ин мард як фоҷеаро мемонад, чунки ба назар мерасад, ки аз тамоми мушкилоте, ки ба сараш омадааст, ноумед ва ҳам хашмгин шудааст. "Ва агар воқеан ҳам аз роҳи берабту огоҳона ҳамхоба шуданаш бо занон дигарҳоро олуда карда бошад, ин ҷо як масъалаи дигар ҳам рӯшан мешавад, ки ӯ натавонистааст дили худро таскин бидиҳад. Шояд дар зиндагӣ бо рафтори бади ҷомеа, ки гирифторони СПИД-ро қабул надоранд ва таҳаммулпазир нестанд, рӯбарӯ шуда бошад. Ба ҳар сурат, зиндагиаш як фоҷеа аст, ки вокуниш ба мушкилоти зиндагӣ ва бархӯрд бо мардум буда метавонад".

Мақомот мегӯянд, ки ба эҳтимоли онҳо ин мард дар олуда шудани чанд зани дигар ҳам ба ВНМБ СПИД гумонбар мешавад, вале феълан ин бахши маълумот дар ҳоли таҳқиқ қарор дорад.

Тошмурод Ғуломов, роҳбари маркази бемории ВИЧ СПИД дар ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки дар ноҳия 100 нафар ба ҳайси гирифторони вирус ба қайд гирифта шудаанд ва онҳо аз ҳама кӯмаки зарурии тиббӣ бархӯрдоранд. Ба гуфтаи Ғуломов, ҳамаи онҳо сари вақт огоҳонида мешаванд, ки бояд эҳтиёткор бошанд ва ҳам дар сурати барпо кардани оила ваё робитаи ҷинсӣ, бояд ҷониби дигарро дар бораи вуҷуди беморӣ огоҳ кунанд.

Зимнан моҳи августи соли 2018 Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус як занро барои гирифтор чанд мард ба вируси СПИД ба як соли зиндон маҳкум карда буд. Октябри порсол ҳам як сокини Душанбе бо айни чунин иттиҳом гумонбар дониста шуд.

Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон аз се то чаҳор нафар ба ВИЧ – вируси норасоии масунияти бадан олуда мешудааст.

Илёсиддин Саидов, роҳбари маркази мубориза ВИЧ СПИД дар Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар зиндонҳо тамоми онҳое, ки дар қайди марказ ҳастанд, ба доруҳои махсуси ройгон таъмин ҳастанд ва сари вақт онҷо ташхиси масуниятро анҷом медиҳанд. Дар Хатлон 100 нафар зане, ки ба танфурӯши банд будаанд гирифтори ВИЧ-СПИД будаанд, ки онҳо ба қайд гирифта шуда, дар назорат қарор доранд.

Дар вилояти Хатлон охири соли 2018 шумораи гирифторони ВИЧ-СПИД 2863 нафар гуфта мешуд, ки ин омор дар кишвар бештар будааст, вале дар соли 2018 дар кишвар беш аз 1000 нафар бори аввал ба ин беморӣ гирифтор шудааст.

XS
SM
MD
LG