Муттаҳамон дар додгоҳ гуфтаанд, ки ҳар моҳ тақрибан ҳазор сомонӣ маош мегирифтанд ва барои ба даст овардани пули изофӣ ин корро карданд. Вале маълум нест, онҳо дар ивази кам нишон додани барқи истифодашуда аз сокинону корхонаҳо чӣ қадар "подош" гирифтаанд. Ҳамчунин, миқдори "барқи дуздидаи" онҳо ба мо маълум нест.
Масъулони Додгоҳи шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ин афрод нозирони ширкати "Барқи Тоҷик" набуда, балки ба ҳайси электрик ё барқчӣ дар ширкатҳои "Аъзам-Ю" ва "Сохтмончӣ-1" кор мекарданд.
Яке аз айбдоршудаҳо Дмитрий Раҳимов, сардори як бахши нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум будааст.
Мавҷуда Шарифзода, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, 2 май дар нишасти хабарӣ гуфт, "онҳо ба даҳҳо ҳисобкунаки барқӣ "чип" гузоштаанд, ки гардиши ҳисобкунакро суст мегардонад ва даҳҳо киловатт-соат барқи истифодашударо сабт намекунад."
Шарифзода гуфт, Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бори аввал тибқи моддаи 299-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "тағйир додани иттилооти компютерӣ" ҷазо таъйин кардааст. Ин қарор 30 апрел содир шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.
Чанд сол пеш дар манзили сокинон ва корхонаву муассисаҳои шаҳри Хуҷанд ба хотири шаффофият ва пешгирӣ аз талафоти барқ ҳисобкунакҳои рақамӣ гузошта шуд. Мақомот мегӯянд, ҳарчанд талафоти нерӯи барқ дар муқоиса ба солҳои қабл хеле кам шуд, зоҳиран мушкили дуздии барқ аз байн нарафтааст.
Саидҷон Саидов, вакили мудофеи афроди муттаҳам гуфт, нафарони зери ҳимояташ аз қарори додгоҳ розиянд. Ӯ 2 май ба Радиои Озодӣ гуфт: "Айбдоркунанда аз онҳо 18 ҳазор сомонӣ ҷарима хост. Онҳо розӣ шуданд, ки ҷарима ҳар моҳ аз маоши онҳо гирифта шавад. Онҳо ҳудуди 1 ҳазор сомонӣ маош мегиранд ва хостаанд, ки бо роҳи кам нишон додани ҳисоби нерӯи барқ аз сокинон пул бигиранд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуданд ва сидқан пушаймон ҳастанд."
Дар гузашта бархе аз сокинон ва коршиносони соҳа нозирони "Барқи Тоҷик" ширкати фароҳамкунандаи нерӯи барқро дар талафот ва дуздии нерӯи барқ муттаҳам карда буданд.
Аз ҷумла, Баҳром Сироҷов, раиси собиқи ширкати “Барқи тоҷик”, моҳи марти имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "дуздони асосии нерӯи барқ дар Тоҷикистон нозирони барқ мебошанд. Онҳо бо сокинон ва раҳбарони корхонаҳо забон як карда, барои пардохт миқдори андаки нерӯи барқи истифодашударо сабт мекунанд. Чунин наҳваи пардохт ба муштарӣ ҳам хуш меояд. Аммо, дар маҷмӯъ, ин бар зарари ширкати “Барқи тоҷик” ва давлати Тоҷикистон мебошад."
Ба навбати худ ширкати "Барқи Тоҷик" аз аввали имсол беш аз 800 нозирашро, ки охири ҳар моҳ барои ҷамъоварии пули барқ дари сокинонро мекӯбанд, бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бемасъулиятӣ, дониши ками тахассусӣ ва муомилаи сард бо муштариҳо аз вазифа озод кардааст.
"Барқи тоҷик" -- ширкати фароҳамкунандаи нерӯи барқ -- дар қатори аввали идораҳои қарздор ҷойгир аст ва қарзи он ба беш аз 23 миллиард сомонӣ ($2,5 миллиард доллар) расидааст. Умдатан пули барқро ширкату муассисаҳои давлатӣ намепардозанд. “Талко” корхонаи бузурги истеҳсоли алюминий яке аз қарздорони бузурги “Барқи Тоҷик” аст.
Ҳамзамон ширкати "Барқи тоҷик" аҳолии Тоҷикистонро аз бузургтарин қарздорони худ аз истифодаи барқ меномад ва тибқи омори ин ширкат, қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ ба марзи як миллиард сомонӣ, наздики 100 миллион доллар расидааст.
Вале ин даъвои "Барқи тоҷик" дар бораи қарздории аҳолӣ ҳамеша мавриди шубҳа ва баҳсҳои коршиносон қарор гирифтаст. Ҳарчанд мақомот ба дурустии арқоми худ таъкид мекунанд, аҳолӣ ва ҳам таҳлилгарон ба он шубҳа доранд.