Ширкати "Барқи тоҷик" аз сокинон хост, ки 1 миллиард сомонӣ, муодили 100 миллион доллар, пули барқи истифода кардаи худро пардохт кунанд, вагарна ба хотири як нафари қарздор, як деҳа ва ё маҳалла комилан аз рӯшноӣ маҳрум хоҳад шуд.
Ин қарор ҳаққи муштариёни дигарро нақз мекунад. Мумкин нест. Магар мешавад, ки ман ҷиноят кунам ва Шумо ҷавобгар бошед? Бояд нисбат ба ҳар нафар дар алоҳидагӣ чора андешанд.
Мақомот рӯзи 29-уми март дар муроҷиати расмӣ гуфтанд, як далели бо маҳдудият интиқол ёфтани нерӯи барқ ба хонаҳои мардум дар як моҳи охир "саривақт пардохт нашудани пули он аст". Аммо бисёриҳо бо иддаои масъулон дар бораи қарздории сокинон розӣ нестанд.
Муслима Набиева, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 29-уми март ба идораи шабакаҳои барқӣ барои пардохти пули қарзи барқ омада буд. Ӯ гуфт, дар пардохти ҳаққи истифоди барқ ҳамагӣ як рӯз дер кард ва бе барқ монд.
"700 сомонӣ қарздор шудам. Натавонистам, ин миқдор пулро дар вақташ супорам. Дирӯз аз кор омадам, ки барқи хонаро буридаанд. Кӯдакон натавонистанд дар торикӣ дарс тайёр кунанд. Маҷбур пул ёфта овардам, то хонаамон рӯшан шавад", - гуфт ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Аммо дар муроҷиати ширкати “Барқи тоҷик” гуфта шудааст, аз ин ба баъд ба хотири як муштарии қарздор аз барқ як деҳаву ҷамоат ё маҳалла метавонад аз рӯшноӣ маҳрум шавад.
“Дар натиҷаи зам шудани қарзҳо, моро лозим меояд, деҳаҳои алоҳида, ҷамоатҳо, шаҳраку микрорайонҳоро аз нерӯи барқ маҳрум кунем”, - омадааст дар матни муроҷиати ширкати “Барқи тоҷик”. Коре, ки ба таъкиди сокинон ва ҳам коршиносон мантиқӣ нест.
Имомназар Қудратов, як сокини Душанбе, гуфт, "ин қарор ҳаққи муштариёни дигарро нақз мекунад. Мумкин нест. Магар мешавад, ки ман ҷиноят кунам ва Шумо ҷавобгар бошед? Бояд нисбат ба ҳар нафар дар алоҳидагӣ чора андешанд."
Шарҳи расмии мушкили бебарқӣ аз ҷониби ширкати "Барқи тоҷик" дар ҳолест, ки як моҳ боз даҳҳо нафар аз минтақаҳои мухталифи кишвар аз камбуди шадиди нерӯи барқ шикоят мекунанд. Масъулон вуҷуди лимитро расман эътироф накарданд. Аммо қаблан бо пахши изҳороти расмӣ сабаби қатъи нерӯи барқро “иҷрои корҳои таъмирию профилактикӣ” гуфтанд.
Ваъда дода буданд, ки то ҷашни Наврӯз мушкили интиқоли нерӯи барқ пурра ҳал хоҳад шуд, аммо вазъ ҳамоно бетағйир аст.
Даъвоҳои ширкат дар бораи қарздории аҳолӣ ва рабти ин масъала ба маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар як моҳи охир мавриди шубҳа ва баҳси коршиносон қарор дорад. Таҳлилгарон мегӯянд, сабаби ҷорӣ шудани маҳдудияти навбатии барқ “дар қарздории аҳолӣ нест”.
Азизи Нақибзод, коршиноси тоҷик, гуфт, "сабаби асосӣ дар мушкилоти техникӣ дар обанбори Роғун аст ва мақомот намехоҳанд, ки он расонаӣ шавад. Бинобар ин, баҳонаҳои гуногун пеш меоранд. Мо медонем, ҳар хонае, ки қарздор аст, барқаш хомӯш мешавад. Бинобар ин шаҳрванд маҷбур аст, ки қарз гирифта онро пардохт кунад. Дар мисоли худам мегӯям, ки чанд бор дар пардохти пули барқ дер кардам, барқ қатъ шуд."
Дар ҳамин ҳол, дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳозир нашуданд масъаларо шарҳ диҳанд.
"Барқи тоҷик" солҳо боз масъалаи қарзи зиёдашро ҳал карда наметавонад. Ширкат аз идораи андозу корхонаҳои дигар беш аз бист миллиард сомонӣ, муодили беш аз ду миллиард долар қарздор аст.
Мақомоти ширкат дар навбати худ сокинон ва чанде аз корхонаҳои бузург, аз ҷумла ТАЛКО-ро ба қарздорӣ муттаҳам мекунанд.
Коршиносон сабабҳои ин мушкилотро дар мудирияти нодуруст медонанд. Айни замон баъзе аз кормандони ширкат бе зикри номи худ мегӯянд, қарзҳои зиёд умдатан аз корхонаву афродест, ки ба хешовандони мансабдорон тааллуқ доранд.
Созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, борҳо ба Тоҷикистон машварат дода буданд, ки дар ширкати "Барқи тоҷик" таҷдиди сохторӣ сурат гирад, аммо ин масъала ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.