Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии чанде вакилон аз болоравии нархи Интернет дар Тоҷикистон. САДО


Порлумони Тоҷикистон
Порлумони Тоҷикистон

Баъзе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии порлумон - гуфтанд, ки зидди боло бурдани нархи Интернет дар кишвар ҳастанд.

Ҳадди ақал чаҳор вакили порлумон рӯзи 16-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки иҷрои фармони Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои мардуми оддӣ "сангинӣ" ва "сафи норозиёнро бештар мекунад". Аммо порлумон расман шарҳе надодааст.

  • Дар чанд рӯзи охир гаронии Интернет ба баҳси хосу ом дар Тоҷикистон табдил шудааст ва дар ин миён вакилон низ барои сукут дар баробари чунин тасмим интиқод шуниданд. Вале вакилони порлумон мегӯянд, хомӯш нестанд ва мушкилро пайгирӣ доранд.
Ин қарор умуман ба манфиати мардум равона карда нашудааст. Аз манфиати мардум дида, ба манфиати Хадамоти алоқа дахл дорад.

Ширкатҳои мобилӣ рӯзи 13-уми апрел нархномаи нави интернетро нашр карданд, ки бар асоси он як мегабайт интернет бо назардошти андоза аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам (1гигабайт = 62 сомонӣ) таъйин шудааст. .

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси раиси ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, нархҳое, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои Интернет муайян кардааст, "ба сатҳи зиндагии мардум рост намеояд". Ба қавли Усмонзода, агар боло бурдани нарх ба хотири пур кардани будҷа аст, пас, "амали нодуруст аст".

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

"Ин қарор умуман ба манфиати мардум равона карда нашудааст ва аз манфиати мардум дида, ба манфиати Хадамоти алоқа дахл дорад. Бигзор сохторҳои поёнӣ камбуд ва эроди мардумро зидди ҳукумат ва президент напартоянд. Дар муқобили ҳукумат мардуми норозиро қатор накунанд. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад бо як амали нодурусти худ бар зидди ҳукумат як гуруҳи мардумро норозӣ кунад. Баланд рафтани нархи Интернет танҳо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисорӣ нест ва манфиатбари асосии ин кор Хадамоти алоқа аст,” - гуфт Усмонзода.

Болоравии нархи Интернет ба вокунишҳои тунд дар ҷомеа рӯбарӯ шуд. Норозиёни ин қарор мегӯянд, аз 30 ба 62 сомонӣ боло бурда шудани нархи як гигайбат Интернет бо шароити мардум дуруст намегирад. Мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ин тасмими худ ҳимоят мекунанд ва мегӯянд, барои ин кор “зарурат" пеш омадааст. Аммо вакилони Маҷлиси намояндагон мегӯянд, феълан ягон зарурати боло бурдани нархи Интернет вуҷуд надорад.

Олимҷон Бобоев
Олимҷон Бобоев

Олимҷон Бобоев, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, гуфт, "алоқа бахши инфрасохторӣ аст, ки ҳатто дар ҳолати зарурат нархаш набояд боло бурда шавад". Чун , ба гуфтаи Бобоев, вақте нархҳо дар бахшҳои инфрасохторӣ боло мераванд, таъсири он ба бахшҳои дигари иқтисод мерасад.

“Ин ба будҷаи оила таъсир мерасонад. Пасандозе, ки аз ҳисоби муътадил будани нархҳо ҷамъ мешуд, хароҷот мешавад ва пасандоз кам мешавад,” - гуфт ин вакили порлумон.

“Тирамоҳ шавад, дахолат мекунем”

Бо инки вакилони Маҷлиси намояндагон аз боло бурдани нархи Интернет, ба гуфтаи худашон, норозианд, аммо ба суоли мо, ки чаро масъала то ҳол аз ҷониби порлумон баррасӣ нашудааст посухи ягона надоранд.

Олимҷон Бобоев мегӯяд, таъйини нарх масъулияти ҳукумат аст ва вакилон бештар ба қабули қонунҳо машғуланд.

Хайрулло Асозода
Хайрулло Асозода

Намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки аксари курсиҳои Маҷлиси намояндагонро дар ихтиёр доранд мегӯянд, масъалаи гаронии нархи Интернетро бо мақомот ҳатман дар миён мегузоранд.

Хайрулло Асозода, вазири пешини нақлиёт ва вакили феълии порлумон аз ҳизби ҳоким гуфт, дар ҷаласаҳои тирамоҳӣ қонуни будҷа ва тағйирот ба Кодекси андоз баррасӣ мешавад. “Албатта, ин масъалаҳо дар онҷо бе дахолат намемонанд. Дар ҳалли масъалаҳое, ки ба порлумон вобастагӣ доранд, мо ақибнишинӣ намекунем,” - гуфт Асозода.

Хайрулло Асозода: Болоравии нархи интернет тасмими порлумон набуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00
Линки мустақим

Ин вакили порлумон низ аз қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ интиқод кард ва гуфт, "беҳтар буд ба ҷойи боло бурдан, баръакс, нархи Интернетро пойин меоварданд".

“Муҳоҷиронро аз тамос маҳрум накунед”

Сарфи назар аз норизоияти мардум давоми ду рӯзи оянда ширкатҳои мобилӣ нархи Интернетро ду баробар гарон мекунанд. Коре, ки ба гуфтаи Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистӣ ва вакили порлумон барои мардум мушкилии сангинеро ба миён меорад.

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров

Ғаффоров таъкид мекунад, ки феълан Интернет аз воситаи аслии тамоси муҳоҷирони тоҷик бо наздиконашон дар ватан аст. "Вақте нархи Интернет баланд шуд, пеш аз ҳама мардуми камбизоат азият мекашанд", - гуфт ӯ.

Абдуҳалим Ғаффоров: Болоравии нархи Интернет ба нафъи мардум нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:38 0:00
Линки мустақим

Мухолифони қарори боло бурдани нархи Интернет ҳам мегӯянд, бештар аз як миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон дар хориҷ кору иқомат мекунанд ва ягона василаи иртиботи волидон ё зану фарзанди онҳо бо муҳоҷирон Интернет ва василаҳои иртиботӣ ба мисли Вайберу ИМО-ву, Вотсапп аст.

Аммо тарафдорони боло бурдани Интернет мегӯянд, ин тасмим "ба ҷамъоварии андози бештар кумак мекунад", "амнияти кишварро ҳифз менамояд" ва "мардумро китобхон мекунад".

Баҳс сари қимати Интернет моҳи гузашта шуруъ шуд ва бисёриҳо интизор доштанд, ки баъди танқиди зиёд, пешниҳоди созмонҳои ғайриҳукуматӣ, мақомот аз ин қарор даст мекашанд. Аммо ғайриинтизор ширкатҳои мобилӣ гуфтанд, ки ночор қиматҳоро боло мебаранд, зеро мақомот чунин қарор қабул кардаанд.

XS
SM
MD
LG