Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вакили ман, садои маро ба "боло" расонед!"


Ёқуби Саид
Ёқуби Саид

Бо шарофати Интернет ниҳоят чеҳра ва ному насаби вакили порлумон аз ҳавзаи Синои шаҳри Душанберо шиносоӣ кардам.

Баъд аз интихоботи соли 2015 то кунун ҳеч куҷо аз ӯ хатту хабаре нашунида ва ному насаб ва симои ӯро ҳам фаромӯш карда будам. Танҳо ҳамин рӯз дар Интернет ҷустуҷӯ ва пайдо кардам, ки вакили мо дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Ҷамшед Саидов будааст.

Ҷустуҷӯҳои ман бе сабаб нест.

Мехоҳам ба мулоқоти ӯ биравам ва дархост кунам, ки дастандаркорони боло бурдани қимати Интернетро ба порлумон даъват ва арзи маро расонад.

Дар мулоқоти рӯ ба рӯ ба ӯ хоҳам гуфт:

  • Интернет манбаи зиндагист;
  • Интернет манбаи дониш аст;
  • Интернет манбаи тафреҳ аст;
  • Интернет манбаи иттилоъ аст;
  • Интернет манбаи корҷӯӣ, корофаринӣ ва корёбӣ аст;
  • Интернет васлкунандаи гумшудаҳост;
  • Интернет пайвандгари ҳудуди 1 миллион муҳоҷири тоҷик бо хонаводаҳояшон аст;
  • Интернет воситаи робита байни тоҷикони бурунмарзӣ ва тоҷикистониён аст.

Боло бурдани қимати Интернет маънии қатъи ҳамаи робитаҳо ва василаҳои дар боло зикршударо дорад.

Гарон кардани Интернет маънии эълони таҳрим зидди шаҳрвандони Тоҷикистонро низ дорад. Чуноне, ки Русияву Амрико бо ҳадафи ба зону шинондани якдигар таҳримҳои иқтисодиро ҷорӣ кардаанд, болоравии Интернет дар Тоҷикистон ҳам мардумро варшикаста хоҳад кард.

Аз ӯ дархост мекунам, ки аз дастандаркорони гарон кардани Интернет талаби бекоршавии ин тасмимро бикунад.

Ба ӯ ҳамчунин хоҳам гуфт, ки агар ҳамин Интернет набуд, ному насаби ӯ ҳам фаромӯш мешуд.

Ба ӯ хоҳам гуфт, ки ҳар бор амру дастури “болоҳоро” ба мо мерасонанд, ин бор ҳатман дастури моро ба “болоҳо” бирасонанд.

XS
SM
MD
LG