Дастаи «Хуҷанд», ҷоизадони нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар майдони худ бо тими “Дордой”-и Бишкек, қаҳрамони Қирғизистон, рақобат кард. Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд шоми чоршанбе ба поён расид, мизбонон бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст оварданд.
Ҳисобро дар ин дидор Бекжан Сагинбаев, бозигари “Дордой”, дар дақиқаи 17-ум боз кард. Дилшод Восиев, ҳамлагари “Хуҷанд”, дар дақиқаи 42-юм ҳисобро баробар намуд. Голи дувуми мизбононро боз ҳам Дилшод Восиев дар дақиқаи 63-юм ба самар расонид.
Дар дақиқаи 79-уми дидор Азамат Бойматов, ҳимоятгари “Дордой”, дар ҷаримагоҳи даста муқобили рақибаш қоидаи бозиро вайрон кард. Бойматов, ки аз ҷониби сардовари бозӣ корти сурх гирифт, аз майдон хориҷ шуд. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 90-ум ба ҳадаф расонд. Ҳамин тариқ, дар ин бозӣ “Хуҷанд” бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.
Ин аввалин бозӣ ва бурди “Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббии нави даста Виталий Левченко ба шумор меравад. Ӯ дар ин вазифа Нуъмонҷон Юсуповро, ки 11-уми апрел бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо дод, иваз намудааст.
Левченко баъди анҷоми бозӣ муқобили “Дордой” гуфт, “бачаҳо дастури моро ба ҷо оварданд, хуб ва саҳеҳ бозӣ карданд. Аз лаҳзаҳои голзанӣ пурсамар истифода бурданд. Ба онҳо ташаккур мегӯям, ки мухлисонро шод гардонданд. Аз мухлисон низ барои дастгириашон сипосгузорам.”
Ҳамлагари “Хуҷанд” Дилшод Восиев, ки дар ин бозӣ ду гол зада, бозигари беҳтарини дидор эътироф шуд, мегӯяд, “дар ин бозӣ ҳамаи қувваамонро баҳри ғалаба равона кардем ва пирӯз шудем. Аз ин хеле хушҳолем. Дар голҳои задаи ман ҳамаи даста саҳмгузор аст.”
Дар бозии дигари даври дувуми Ҷоми AFC -2019 дар гурӯҳи “D” дастаи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, дар меҳмонӣ бо «Алтин Асир», қаҳрамони Туркманистон, рӯбарӯ шуд. Ин бозӣ, ки бегоҳи чоршанбе дар варзишгоҳи “Копетдоғ”-и шаҳри Ишқобод доир гардид, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Ҳарду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳисобро Шериддин Бобоев, ҳамлагари ҷавони “Истиқлол”, дар дақиқаи 79-ум кушод. Голи ҷавобиро пас аз як дақиқа Салим Нурмуродов зад.
Ёдовар мешавем, дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 дар гурӯҳи “D” “Истиқлол” 3-юми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд. Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи "D" миёни дастаҳои "Дордой" ва "Алтин Асир" бо ҳисоби 1:1 хотима ёфтааст.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври дувум дар гурӯҳи “D” “Истиқлол” бо чор имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Хуҷанд” бо се имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. “Алтин Асир” бо ду имтиёз ҷойи севум ва “Дордой” бо як имтиёз ҷойи чаҳрумро ишғол кардаанд.
Дар даври 3-юми Ҷоми AFC-2019 дар гурӯҳи «D» рӯзи сешанбеи 30-юми апрел "Хуҷанд" дар майдони худ бо "Алтин Асир" ва рӯзи чоршанбеи 1-уми май «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо «Дордой» бозӣ мекунанд.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ то рӯзи 26-уми июн идома хоҳад кард. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки “Истиқлол” финалисти дукаратаи Ҷоми АFC маҳсуб мешавад, вале “Хуҷанд” барои аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо кардааст.
Ҷоми AFC-2019
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
3 апрел (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) - 3:0
Голҳо: Руслан Корян, 50 (1:0). Алишер Ҷалилов, 68 –аз пеналтӣ (2:0). Руслан Корян, 72 (3:0).
«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:1
Голҳо: Воҳид Оразсаҳедов, 45+1 (1:0). Аннасаҳет Аннасаҳедов, 85 (1:1).
Даври 2-юм
17 апрел (чоршанбе)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) -1:1
Голҳо: Шериддин Бобоев, 79 (0:1), Салим Нурмуродов, 80 (1:1).
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 3:1
Голҳо: Бекжан Сагинбаев, 17 (0:1), Дилшод Восиев, 42 (1:1), Дилшод Восиев, 63 (2:1), Ҷаҳонгир Эргашев, 90 – аз пеналтӣ (3:1).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Тоҷикистон) |
2 |
1 |
1 |
0 |
4-1 |
4 |
2 |
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) |
2 |
1 |
0 |
1 |
3-4 |
3 |
3 |
«Алтин Асир» (Туркманистон) |
2 |
0 |
2 |
0 |
2-2 |
2 |
4 |
«Дордой» (Қирғизистон) |
2 |
0 |
1 |
1 |
2-4 |
1 |
Даври 3-юм
30 апрел (сешанбе)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
1 май (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 4-ум
15 май (чоршанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 5-ум
19 июн (чоршанбе)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
26 июн (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)