Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брейк-данс метавонад намуди олимпии варзиш шавад


Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) пешниҳодро дар бораи ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 ворид кардани брейкданс, скейтборд, серфинг ва шӯхпаймоии варзишӣ пазируфтааст. Дар ин бора сомонаи КБО хабар додааст.

Ба назари президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, ба барномаи Олимпиада дохил намудани ин намудҳои нави варзиш имкон медиҳад, ки Бозиҳо барои ҷавонон хеле ҷолиб гарданд.

Вале барои он ки брейк-данс ва дигар намудҳои пешниҳодшуда ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил шаванд, тасмими кумитаи иҷроияи КБО, ки моҳи июн баргузор мешавад, зарур аст.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018, ки дар Аргентина доир шуданд, аллакай мусобиқот оид ба брейк-данс барпо гардид. Дар он писарон, духтарон, дастаҳои ҷуфти омехта иштирок карданд.

Брейкданс, скейтборд, серфинг ва шӯхпаймоии варзишӣ бо пешниҳоди кумитаи тадорукоти Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ҳамчун намудҳои муваққатӣ ба барномаи Олимпиада ворид хоҳанд шуд, вале онҳо бояд ба тамоми муқаррароти мавҷуда мутобиқат кунанд.

Натиҷаи ниҳоӣ оид ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи КБО моҳи декабри соли 2020 гирифта хоҳад шуд.

Дарвоқеъ, брейк-данс ва шӯхпаймоии варзишӣ феълан дар Тоҷикистон маъмуланд ва оид ба ин намудҳои варзиш мусобиқот баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG