Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи се паҳлавони тоҷик дар Marrakech Grand Prix 2019


Дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Marrakech Grand Prix 2019), ки имрӯз, 8-уми март, дар Марокаш шуруъ шуда, то рӯзи якшанбе, 10-уми март, идома меёбад, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Marrakech Grand Prix 2019 дар рақобатҳо 443 варзишгар (259 мард, 184 зан) аз 67 кишвари дунё ширкат меварзад.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон се гуштигир – Беҳрӯзи Хоҷазода (вазни то 73 кг), Акмал Муродов (вазни то 81кг) ва Темур Раҳимов (вазни беш аз 100 кг) - дохиланд.

Барои асоси қуръакашӣ дар даври аввали ин мусобиқаи байналмилалӣ Хоҷазода бо Оқилбек Серик (Қазоқистон), Муродов бо Калонҷӣ Мбуйӣ (Конго) ва Раҳимов бо Ҷур Спиҷкерс (Нидерланд) рақобат мекунанд.

Имрӯз, 8-уми март, занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбеи 9-уми март барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи якшанбе, 10-уми март, бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ба ин тартиб, ду гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода ва Акмал Муродов - рӯзи шанбеи 9-уми март, як нафари дигар – Темур Раҳимов – рӯзи якшанбеи 10-уми март – вориди рақобатҳо мешаванд.

Зимнан, Grand Prix дар Марокаш, ки баъди Grand Prix дар Телавиви Исроил, Grand Slam дар Парижи Фаронса ва Grand Slam дар Дюсселдорфи Олмон чорумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Гран-прии ҷудо дар Марокаш ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 3000 доллар, барои ҷойи дуюм 2000 доллар ва барои ҷои сеюм 1000 доллари ИМА супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG