Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, гирифторшавӣ ба вируси норасоии масунияти бадан ё СПИД дар кишвар ташвишовар аст.
Масъулини Вазорати тандурустӣ рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, соли гузашта дар Тоҷикистон 1422 ҳолати нави сирояти вируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст. Ба ин тартиб, ҳар рӯз дар Тоҷикистон то чаҳор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан ё СПИД гирифтор мешудаанд.
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз чунин вазъ нигаронӣ карда, онро мояи ташвиш хонд. Вазир гуфт, барои пешгирӣ аз ин вазъ соли гузашта ҷазо барои табибон ва кормандони сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн сахттар карда шудааст.
Масъулини Вазорати тандурустӣ гуфтанд, аксари шаҳрвандон дар Тоҷикистон ё 72,6 дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вируси норасоии масъунияти одам сироят ёфтанд. Ба қавли манбаъ, дигар гирифторшудагон ба вируси норасоии масъунияти бадан аз роҳҳои тазриқӣ, аз модар ба кӯдак ва аз роҳҳои номаълум гирифтори ин вирус шудаанд.