Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати "Кӯктош" ва "Истиқлол" дар финали Ҷоми ФФТ-2019


Дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Истиқлол»-и Душанбе ба финали Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболиТоҷикистон)-2019 роҳ пайдо карданд. Ҳарду дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 3-юми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуданд, пирӯзӣ ба даст оварданд.

“Кӯктош” дар нимфинал бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. “Истиқлол” бошад, дар бозии ниманиҳоӣ тими «Душанбе-83»-и Душанберо бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Ҳамин тариқ, «Кӯктош» ва «Истиқлол» ба финал баромаданд.

Ба ин тартиб, дар финали Ҷоми ФФТ-2019 рӯзи сешанбе, 5-уми март, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дастаҳои «Кӯктош» ва «Истиқлол» бо ҳам рақобат мекунанд. Бозии ниҳоӣ соати 14:00 шуруъ мешавад.

Зимнан, бозии ниҳоиро рақобати бародарон Фузайловҳо унвон кардан мумкин аст. Зероки сармураббии “Истиқлол” Ҳаким Фузайлов ва сармураббии “Кӯктош” бародари хурдии ӯ Раҳматулло Фузайлов мебошанд.

Пеш аз финал рӯзи сешанбе соати 11:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозӣ барои ҷойи сеюм миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Душанбе-83» оғоз меёбад.

Барандаи феълии Ҷоми ФФТ, ки шуруъ аз соли 2012 барои бори ҳаштум доир гардидааст, дастаи «Истиқлол» мебошад. “Истиқлол” соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуда, бори чорум ин Ҷомро ба даст овардааст. «Регар-ТадАЗ» ду бор ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.

Ҷоми ФФТ-2019

Нимфинал

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош» – 1:3

Голҳо: Муҳсин Абдуғаффоров, 35 (0:1). Абдурасул Раҳмонов, 61 (0:2). Меҳроҷиддин Музаффаров, 81 (0:3). Сироҷиддин Аллаев, 88 (1:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Далер Шомуродов («Регар-ТадАЗ»), 31 – корти 2-юми зард.

Бозигари беҳтарин: Абдурасул Раҳмонов («Кӯктош»).

Сардовар: Ҳалим Шерзод (Афғонистон).

3 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

«Истиқлол» – «Душанбе-83» – 5:0

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 33 (1:0). Шериддин Бобоев, 52 (2:0). Комрон Турсунов, 59 (3:0). Эҳсони Панҷшанбе, 63 (4:0). Комрон Турсунов, 88 (5:0).

Бозигари беҳтарин: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

3 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 400 тамошобин.

5 март (сешанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Оғози бозӣ - соати 11:00

«Регар-ТадАЗ» — «Душанбе-83»

Финал

Оғози бозӣ - соати 14:00

«Кӯктош» — «Истиқлол»

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2018):

2012 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2014 «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

XS
SM
MD
LG