Қаноатшоҳ Лоиқзода рӯзи 26-уми феврал аз мақоми раиси ноҳияи Рашт барканор шуд. Дар шарҳи фармони президент дар ин бора сабаби аз мақомаш озод шудани Лоиқзода гуфта намешавад.
Ҳоло Раҳимҷон Муқимӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт аст. Маълум нест, Қаноатшоҳ Лоиқзода ба вазифаи наве дар сохторҳои ҳукуматӣ таъйин хоҳад шуд ё на.
Лоиқзода рӯзи 27-уми феврал ва пас аз чанд лаҳзаи нашри фармони барканориаш гуфт, ба ӯ кор дар мақоми дигар пешниҳод нашудааст. “Мо сарбозем. Новобаста аз он ки мансаб медиҳанд ё не, хидмат мекунем”, - афзуд ӯ.
Қаноатшо Лоиқзодаи 48-сола чаҳор сол пеш ба мақоми раиси ноҳияи Рашт таъйин шуд ва исмаш борҳо дар матбуот ва шабакаҳои интернетӣ дар робита бо ҳодисаҳои баҳсбарангез расонаӣ гардид.
Яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо – боздошту зиндонӣ шудани як фаъоли Фейсбук аз ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров буд. Худоёров соли 2018 бо ҷурми пайравӣ аз ҷараёни мазҳабии “Салафия” ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд.
Наздикони Худоёров ин иттиҳомро қотеона рад карда мегӯянд, Ҷунайдулло ба хотири интиқодаш аз мақомоти ноҳияи Рашт, аз ҷумла раиси ҳамакнун собиқ Қаноатшоҳ Лоиқзода дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба зиндон рафт.
Қаноатшоҳ Лоиқзода рӯзи 27-уми феврал гуфт, ки барканории ӯ ба ин ва дигар ҳодисаҳо рабт надорад. Лоиқзода кӯтоҳ гуфт, ки “ин нодуруст аст” ва телефонашро қатъ кард.
Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон, таъйини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихобӣ нест ва бар асоси фармони президент сурат мегирад.