Даҳҳо мошини борбар аз Тоҷикистон дубора дар марзи Туркманистон дармондаанд. Ронандаҳо гуфтанд, мақомоти Туркманистон рӯзи 4-уми феврал иҷоза надоданд, ки ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд. Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти Туркманистон шарҳи далели чунин рафторашонро хостаанд.
Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол ҷавоби суоли худро нагирифтаанд. Ӯ афзуд, "ба интиқолдиҳандагони мол гуфтем, як муддат сабр кунанд, то маълум шавад, сабабҳои манъи вуруди мошинҳо ба Туркманистон чист."
“Убури мошинҳои борбари Тоҷикистон аз 4-уми феврал манъ шудааст. То ҳоло тақрибан 20 мошин ҷамъ шуда буд. Имрӯз боз бештар мешавад. Дирӯз ҳатто аз тарафи Термиз ворид шудан намонданд”, - афзуд Ганҷалзода.
Шералӣ Ганҷалзода, инчунин, гуфт, соҳибони мошинҳо метавонанд аз ду роҳи алтернативии дигар истифода кунанд. Ин роҳҳо ба қавли ҳамсӯҳбати мо, тариқи Ҳироти Афғонистон ва бандари Озарбойҷон мебошад. Аммо ба гуфтаи соҳибкорон бо ин ду роҳ масофа зиёд мешавад.
Бори аввал нест, ки Туркманистон бе ягон шарҳ гузаштани мошинҳои боркаши Тоҷикистонро аз қаламраваш манъ мекунад. Аз ҷумла, мақомоти Туркманистон аз охири моҳи августи соли гузашта ба мошинҳои Тоҷикистон иҷоза надод, аз қаламрави Эрон вориди кишварашон шаванд. Гурӯҳе аз ронандагон он вақт гуфта буданд, дар марзи Туркманистон ва Эрон дармондаанд ва намедонанд, сабаби роҳ надодани онҳо ба қаламрави Туркманистон чӣ ҳаст.
Ин роҳбандии мақомоти туркман дар роҳи мошинҳои боркаши Тоҷикистон бештар аз як моҳ идома кард. Дар ин муддат мақомоти Ашқобод ҳеҷ шарҳи возеҳе дар бораи манъи вуруди мошинҳо ва қаторҳои Тоҷикистон ба қаламраваш надод.
Охири моҳи август ва аввали сентябри соли гузашта дар маҷмӯъ танҳо дар гузаргоҳи Лутфобод-Ортиқ 100 мошин дармонда буд. Ин мошинҳо асосан молу маҳсулотро аз Туркияву Эрон меоранд ва аз хоки Эрон ба Туркманистон гузашта, сипас ба Тоҷикистон меоянд.
Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки соли гузашта дар равобиташон сардӣ эҳсос мешуд. Ин ду кишвар ҳарчанд барои якдигар шарики стратегӣ ба ҳисоб мераванд, вале ҳаҷми тиҷораташон ночиз аст.