Муаттара Ҷӯраева – муҷрии пешини телевизиони давлатии Тоҷикистон – аз зиндони занонаи шаҳри Норак озод шуд. Ӯ соли 2015 бо иттиҳоми қаллобӣ ба нӯҳ соли зиндон маҳкум гардид. Наздиконаш гуфтанд, ки муҳлати ҳабси ӯ бар асоси қонуни афв ихтисор шудааст.
Дар зиндон маънои озодиро хуб дарк кардам
Икром Қаландаров, писари Муаттара Ҷӯраева, рӯзи 11-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модараш як ҳафта пеш озод шуд ва ҳоло дар хонаашон дар Душанбе қарор дорад. Қаландаров гуфт, озодии модараш барои онҳо хабари хуш аст, вале ба сабаби будубошаш дар Русия то ҳол натавонист ба дидорбинии ӯ биравад.
“То ҳозир танҳо телефонӣ суҳбат кардем ва аз озодиашон бениҳоят шод ҳастам”, - афзуд ӯ.
Муаттара Ҷӯраева дар гузашта аз гӯяндагони маъруфи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд. Вай дар интихоботи порлумонии соли 2005 аз ҳавзаи Ашт, зодгоҳи падараш Рустам Ҷӯраев, номзад шуд, то аз ин тариқ ба Маҷлиси Намояндагон роҳ биёбад. Ҳузури густардаи тарафдорони ӯ сабаб шуд, ки интихоботи ҳамон сол дар Ашт ба даври дувум кашонда шавад, вале мақомот гуфтанд, дар даври дувум ӯ раъйи кам ба даст овардааст.
Баъд аз ин, ӯ тарки кори телевизион кард ва ба тиҷорату нашри маҷаллаи "Ҷаҳоннамо" рӯ овард.
Маъмурони Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон ӯро соли 2014 дастгир карда, гуфтанд, ки Муаттара Ҷӯраева аз мардум барои сохтани як тарабхона пул гирифта, вале барнагардондааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро моҳи марти соли 2015 ба нуҳ сол зиндон маҳкум кард.
Охири соли гузашта Муаттара Ҷӯраева дар суҳбат бо ҳайати журналистон дар зиндони занонаи шаҳри Норак хабар дода буд, ки ба зудӣ раҳо мешавад. “Дар зиндон маънои озодиро хуб дарк кардам”, - гуфта буд Ҷӯраева дар суҳбат бо хабарнигори нашрияи “Вечерка”.
Ӯ гуфта буд, ки дар зиндон дар анбори либоси зимистона кор мекунад ва дар давоми ин солҳо ҳунари дӯзандагиву пазандагиро ёд гирифтааст.
Муаттара Ҷӯраева 4-уми июни соли 1975 дар хонаводаи забоншиноси тоҷик - Рустам Ҷӯраев - таваллуд шуда, мактаби миёнаи рақами 60-и шаҳри Душанбе ва факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар соли 2003 иловатан факултаи молия ва қарзи ҳамин донишгоҳро хатм кардааст.
Ӯ соли 2000, вақте 25 сол дошт, мудири шӯъбаи наттоқони телевизиони давлатии Тоҷикистон таъйин шуд. Тайи 12 сол дар шабакаи аввали телевизиони давлатӣ наттоқи барномаи "Ахбор" ба забонҳои русиву тоҷикӣ ва ҳам муҷрии намоишҳои телевизиони "Субҳ" буд. Солҳои 2004-2005 сардабири идораи эҷодии "Субҳи Тоҷикистон" буд. Ӯ барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттиҳодияи журналистон дар соли 2003 мебошад.