Олиябону Ҷӯраева, модари бознишастаи Муаттара Ҷӯраева, наттоқи пешини телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки рӯзи 17 март ба иттиҳоми қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, умед бар он мебандад, ки соли оянда шояд нисбат ба фарзанди ягонааш қонуни авф татбиқ мегардад ва онҳо ба дидори ҳамдигар мерасанд.
Муаттара Ҷӯраева, наттоқи собиқи телевизиони Тоҷикистон ва номзад ба вакилии парлумон дар интихоботи соли 2005-ум рӯзи 15 октябри соли гузашта аз сӯи маъмурони Оҷонсии зиддифасод дастгир шуда буд.
Олиябону Ҷӯраева рӯзи 18 март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ интизор надошт, ки нисбат ба духтари ягона ва замоне дар саросари Тоҷикистон маъруфаш чунин ҷазои сангинро раво мебинанд. Вай мегӯяд, яккафарзандашро дар рӯҳияи поквиҷдонӣ тарбият кардааст ва агар мақомот ба ӯ фурсат медоданд, ҳатман қарзҳои гирифтаашро бармегардонд.
Модари Муаттарра бо ду наберааш ҳоло дар як манзили иҷора ба сар мебарад. Ин дар ҳолест ки чанд сол пеш ин хонавода соҳиби тиҷорати бузург буд. Олиябону Ҷӯраева гуфт, Муаттара танҳо аз ночорӣ бо ҳадафи беҳтар кардани зиндагӣ барои сохтмони тарабхона аз 7 нафар қарз гирифта ният дошт, маблағи гирифтаашро бо баҳрааш ба қарздиҳандаҳо баргардонад. Аммо дар ниҳоят ин ҳама нияту нақшаҳои бузурги соҳибкорӣ рӯи коғаз монду худи ӯ ба кунҷи зиндон рафт.
Модари Муаттара мегӯяд, ба духтараш имкон надоданд, ки тиҷораташро бичархонаду ба ҳадаф расад. Замоне ки пойи сӯҳбат бо модари Муаттара вориди хонаи онҳо шудем, вай машғули таҳрири дастнависи китоби навбатии духтараш буд. Хонум Ҷӯраева гуфт, бо вуҷуди ғаму андӯҳе, ки дар дил дорад, ният дорад, бо пайдо кардани маблағгузоре китоби нави Муаттараро бо номи “Муҳаббати гумгашта” рӯи чоп орад.
Радиои Озодӣ: Шумо интизор доштед, ки Муаттара чунин ҳукми сангин хоҳад гирифт?
Олиябону Ҷӯраева: "Мо аслан инро интизор набудем. Албатта, инҷо гуноҳи додрасҳо нест, зеро чунин айбнома ба дасти онҳо расид, вале ба ҳар ҳол мумкин буд, ки то ҳадде солро ихтисор намоянд. Ҳарчанд ману Муаттара ва вакилои мудофеъ инро интизор будем, вале ин кор нашуд. Аз ин хотир Муаттара гуфт, ман худамро гунаҳкор ҳисоб намекунам, чунки қарз гирифтану кор кардан худаш гуноҳ нест. Агар гуноҳ бошад, пас мо инро намедонистем. Барои ҳамин ман низ духтарамро гунаҳкор ҳисоб намекунам, зеро дар тамоми дунё бо қарз кор мекунанд."
Радиои Озодӣ: Яъне маълум мешавад, ки шумо аз қарздории Муаттара огаҳӣ доштед?
Олиябону Ҷӯраева: "Албатта, хабар доштам. Мо аз ин пештар соҳиби тиҷорати худ будем ва ба фурудгоҳи Хуҷанд сӯзишворӣ меовардем. Бинобар боло рафтани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ, мо дигар сӯзишворӣ харидорӣ кардан натавонистем ва муфлис шудем. Вақте муфлис гаштем, баъзе аз дӯстон ба мо кумаки молӣ расонданд ва ҳатман, ки маблағи онҳоро баргардонидан лозим буд. Мо тасмим гирифтем тарабхона бисозем ва боз ҳам бо кумаки ҳамин дӯстон сохтмонро шурӯъ кардем. Барои сохтмон пули бениҳоят зиёд лозим буд ва мо қарз пайдо намудем. Вақте тарабхона кушода шуд, баъзе аз нафарони қарздиҳанда барои бозпас гирифтани пул саросема шуданд ва ин ҳам сабаб дошт. Агар Муаттара аз бархе 5 ҳазор доллар қарз гирифта бошад, барои 10 ҳазор доллар забонхат навишта дод, ки ин пули кам нест. Ва онҳо хостанд ҳамин маблағро ба зудӣ бигиранд. Мо агар он вақт пул медоштем, худ медодем, онҳоро ҳаргиз фиреб намекардем. Ё ҳадди аққал мегузоштанд ин тарабхона чанд моҳ фаъолият мекард, пули онҳоро духтарам баргардонда медод. Ӯ ба ягон ҷо нагурехтааст, балки ҷои кори ҷамъиятӣ сохтааст. Дар ин тарабхона барои 220 нафар ҷой пешниҳод шуда буд, агар мегузоштанд ором кор мекардем, Муаттара пулро бо фоизаш медод."
Радиои Озодӣ: Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, маблағи қарз 150 ҳазор долларро ташкил мекунад. То куҷо ин дуруст аст ва ҳоло ки Муаттара зиндонӣ шуд, шумо ин маблағҳоро бармегардонед?
Олиябону Ҷӯраева: "Дар асл, ин маблағ ҳудуди 110 ҳазор доллар аст. Мо гумон надоштем, ки дар нисбати Муаттара ҳукми ҳабс раво дониста мешавад. Мо гуфтем, аз ӯ баёнот мегиранд, ҳақро аз дурӯғ ҷудо мекунанд ва барои баргардондани маблағ фурсат медиҳанд. Аммо чунин нашуд. Шояд инҷо нафарони дигари манфиатдор буданд, ки мо намедонем. Худатон фикр кунед, ман худам 67 сол дорам, пули нафақа намегирам. Болои ин як писари Муаттара ноболиғу дигарӣ бемор аст. Аммо бо ин ҳам ман ба баъзе аз онҳо, гуфтам, ки ҳатман қарзатонро бармегардонам. Ҳоло чанд пешниҳоди кор дар Русия дорам ва агар Худо хост ва корам хуб буд, ба тадриҷ қарзро медиҳам."
Радиои Озодӣ: Шумо ният доред, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят баред?
Олиябону Ҷӯраева: "Не. Зеро Муаттара гуфт, ба ҳеҷ куҷо шикоят нанавис, ба ман ин гуноҳро бор карданд ва ин хости Худо буд. Чанд соле дар насибам бошад, ман мешинам. Соли оянда боз ҷашни истиқлолият аст шояд қонуни авф татбиқ шавад. Лекин ман боварӣ дорам, ки дар он ҷо ҳам Муаттара бекор намешинад ва ҳатман ягон китоби хонданибоб менависад. Дар рӯзҳои аввал ӯ бисёр рӯҳафтода шуда буд ва ман ба ӯ гуфтам ҳеҷ гоҳ имконият мадеҳ, ки душманонат хурсанд шаванд.Ту оянда барои ман ва фарзандонат лозим ҳастӣ. Ҳатто вақте ҳимоятчиён тавсия доданд, ки ӯ ин гуноҳро ба гардан гирад, соли адои ҷазо камтар мешавад. Вале ман гуфтам, агар духтарам барои кам шудани 1 сол худро қаллоб эълон кунад, ихтиёраш, аммо ман инро қабул надорам. Худи Муаттара ҳам ба ин розӣ нашуд, чун вай қаллоб нест ва дар кунҷи хаёлаш ҳам набуд, ки ӯ маблағи мардумро гардонда намедиҳад."
Радиои Озодӣ: Гумон намекунед, ки чунин ҳукм Муаттараро шикаст медиҳад?
Олиябону Ҷӯраева: "Вақте ӯ чор моҳи аввал дар коррупсия нишаста буд ман тарс доштам, ки мешиканд. Замоне, ки ман китоби дастнависашро чоп карда бурдам ва гуфтам китоби нахустинат ҷоизаи Лоҳутиро соҳиб шуда буд ва шояд инаш ҷоизаи баландтарро соҳиб мешавад, ӯ камтар зинда шуд ва қувват гирифт. Аз тарафи дигар, ӯ рӯ ба раҳми Худо овард ва ба намозхонӣ шурӯъ намуд ва ҳатто дар толори суд бо рӯсарӣ зоҳир шуд. Ӯ ба ман гуфт, ки ҳоло пурра ба Худо такя мекунад ва саҷда меорад. Худо хоҳад, Муаттара намешиканд."
Радиои Озодӣ: Мо хуб медонем, ки Муаттара Ҷӯраева, солҳои зиёд дар телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ ё диктор кор кардааст ва хеле шинохта ҳам буд. Чаро ӯ аз телевизион канор рафт?
Олиябону Ҷӯраева: "Танҳо нотавонбинӣ буд, ки нагузоштанд вай кор кунад. Ӯ як сол афсӯс хӯрд, ҳар ҳафта ба ӯ ваъдаи барқарор намуданашро мекарданд, ӯ мерафту меомад. Ҳатто хуб дар ёд дорам, вақте Маҳмадсаид Пиров ба ӯ ваъда дод, ки дар телевизиони "Сафина" имрӯз ба эфир мебароӣ. Ӯ ҳамон рӯз ба кошонаи ҳусн рафт ва ман бегоҳ мунтазир будам, ки ҳоло ӯ барномаи "Ахбор"-ро натоққӣ мекунад, вале ба ҷои ӯ нафари дигар ба эфир баромад. Вақте ман ба вай занг задаму ӯ мобилашро набардошт, фаҳмидам, ки ин дурӯғи навбатист. Баъд дигар қадамашро аз телевизион канд."
Радиои Озодӣ: Ин ҳама мушкилот аз куҷо шурӯъ шуд?
Олиябону Ҷӯраева: "Баъд аз он, ки вай яке аз муддаиёни курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон шуд. Ба баҳонаи он, ки гӯё вай ба муқобили раҳбари давлат рафт ва бояд иштирок намекард, лекин дар аввал президенти кишвар худ ӯро дастгирӣ намуд ва ӯ 58 фисади овозҳоро соҳиб шуд, аммо он ҷо кушода натиҷаҳоро дигар карданд. Муаттара аз ҳизби президент ҳимоят мекард ва ҳеҷ вақт ба муқобили ин раванд набуд. Аммо “инҳо”ҳамин баҳонаро сипар карда, ӯро аз кор барканор карданд. Лекин ба ҳар ҳол ҳамкораш Абдуқодири Абдуқаҳҳор вақте раҳбари телевизиони "Пойтахт" таъин гардид, аввалин шуда Муаттараро ба кор даъват кард, ки мо аз ӯ миннатдорем. Вале дар ҳамон ҷо ҳам ин телевизионро кор кардан намонданд, чанд рӯз хомӯш карданд, ки гӯё антенааш кор намекунад. Баъд аз ин Муаттара гуфт, ман ба ҳеҷ кас халал намерасонам ва аз кор бо хоҳиши худ рафт. Пасон вай маҷаллаи “Ҷаҳоннамо”-ро ташкил намуд. Он вақт ин якумин маҷалла буд ва ҳарчанд нархи қиммат надошт, вале ба фурӯш нарафт. Ва чун аллакай дар ҳамон вақт корхонаи мо муфилис шуда буд, мо маҷбур шудем фаъолияти маҷалларо қатъ намоем. Ман ҳатто соле пеш ба Муаттара пешниҳод кардам, ки аз Тоҷикистон баромада равем, шояд мо инҷо бегона бошем, вале вай инро қабул накард ва гуфт, ба ҳеҷ куҷо намеравад. Ӯ мегӯяд, маро дар ватанам ҳурмат мекунанд, мешиносанд ва дӯст медоранд, аз ин хотир ман бояд дар ватанам бошам."
Радиои Озодӣ: Ин тасмим худи Муаттара буд, ки номзадияшро ба вакилӣ пешниҳод намояд?
Олиябону Ҷӯраева: "Вай дар бештари мусоҳибаҳо гуфта буд, ки ин фикри ӯ буд, аммо дар асл чунин нест. Ин пешниҳод аз сӯи бародари шавҳараш, ки дар шаҳри Панҷакент чун додситон кор мекард, садо дод. Он вақт Муаттара ҳамагӣ 30 сол дошт ва ман гуфтам, мо аз сиёсат дурем ва ин бозиҳо ба мо лозим нест. Муаттара низ дар аввал розӣ нашуд, чун гуфт ин кори осон нест ва ба ӯ ҳеҷ кас овоз намедиҳад. Вале бародари шавҳараш зиёд пофишорӣ кард ва Муаттара маҷбур шуда рафт ва сабти ном кард. Миёни ду соат шумораи зарурии имзоҳоро ҷамъ оварданд. Ҳама халқ ба тарафдории Муаттара буд. Ҳатто дар Хуҷанд бештари мошинҳо, нақлиёти мусофирбар дар пушти шишаҳо акси Муаттараро доштанд, дар кӯҳҳо, дар рӯи замин бо ранг навишта шуда буд, ки “Муаттара, мо бо шумоем.” Ба фикрам роҳбарони вилоят аз меҳри беандозаи мардум дар нисбати Муаттара ҳаросиданд, ки ҷойи онҳоро мегирад ва ба ӯ монеа эҷод карданд. Вале ҷойи онҳо ба ҳеҷ кас даркор набуд."
Радиои Озодӣ: То ҷое мо мебинем, ҳоло шумо дар хонаи иҷора ба сар мебаред ва Муаттара ба озодӣ барояд, ба чӣ кор машғул хоҳад шуд?
Олиябону Ҷӯраева: "Чуноне, ман гуфтам, ният дорам бо фарзандони Муаттара ба Русия кӯч бандам ва агар Муаттара баъд аз озод шудан розӣ мешуд, ки ба назди мо ояд, хурсанд мешудам. Аммо то ин вақт Муаттара тасмим дорад, гирудорҳои чанд моҳи ахир ва он рӯзҳоеро ки пушти сар мекунад, рӯи коғаз орад."