Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Онҳо маргро интихоб карданд. Чаро? Видео


Марҳабо Алимардонова
Марҳабо Алимардонова

Ҷустуҷӯгари Google танҳо барои соли 2018 беш аз ҳаштсад матлаби марбут ба “худкушӣ” дар Тоҷикистонро пайдо мекунад. Ин танҳо омори хушку холӣ нест, дар паси он фоҷиаҳои воқеии инсонӣ нуҳуфтаанд.

Як минтақаи гулистонро партофта омадам ва дар қоқистон зиндагӣ ихтиёр кардам. Гармии инҷо дар пеши сӯзиши фироқи духтарам ҳеч аст

Бино ба иттилои расмӣ низ дар нуҳ моҳи имсол беш аз 440 нафар дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ задаанд, ки беш аз дусад нафари онҳо зан ва тақрибан чиҳил тани дигар духтарони ноболиғ ҳастанд. Манобеи расмӣ мегӯянд, аксари ин афрод бино ба мушкили хонаводагӣ, бемории равонӣ ва вазнинии ҳаёт ба зиндагии худ нуқта гузоштаанд.

“Дар ин миён беш аз сесад нафар бо роҳи худовезӣ, боқимонда бо истифода аз силоҳ, заҳролудшавӣ, худсӯзӣ ва ғарқшавӣ ҳаёти худро қатъ кардаанд. Ин рақам дар муқоиса ба нуҳ моҳи соли гузашта дастикам 60 ҳолат бештар аст”, - гуфт як манбаъ дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр ба Радиои Озодӣ.

Дар хонаводаҳои ин духтарону занон ва мардон соли 2018 соли дард, ғам ва андӯҳи амиқ будааст. Бисёре аз наздикони онҳо ба суоли аслии ин ки чаро чунин ҳодиса рух дод, посух надоранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Марҳабо, Фариза, Фарзона... Афзоиши худкушӣ дар соли 2018
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:20 0:00

"Зиндаам, бадтар аз мурда"

Марҳабо Алимардонова, сокини рустои Навзамини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, яке аз онҳоест, ки имсол худкушӣ кард ва асрори чунин амали худро ба хок бурд. Гулҳарам Хидирова – модари Марҳабо – ҷасади духтари 15-солаи худро рӯзи 19-уми ноябри имсол аз дохили "гараж" ёфт. Ӯ худро бо банд овехта буд.

Хидирова рӯзи 26-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадро бо дастони худ аз банд раҳо кард, ба умеде ки дили духтараш ҳанӯз аз задан намондааст. "Ба рӯяш ҳам задам, Марҳабо гуфтам, аллакай дер шуда буд", - нақл кард ӯ.

Марҳабо Алимардонова, хонандаи синфи 8-уми мактаби ноҳияи Вахш буд ва дар хулосаи мақомот сабаби марги ӯ “бемории равонӣ” гуфта шудааст. Хулосае, ки модар бо он комилан розӣ нест ва мегӯяд, ҳеҷ гоҳ нишонаҳои мушкили равониро дар духтараш мушоҳида накардааст. Барои Ҳайиталӣ Алимардонов, падари Марҳабо, низ имсол соли наҳс шуд. То ҳол саҳнаҳои он фоҷиа пеши чашмаш чарх мезанад. Ӯ мегӯяд, ки баъди марги духтараш то ҳол ба худ наомадааст ва "зиндаи бадтар аз мурда аст".

"Ба қадри ман дертар мерасед"

Ҷасади Тангемро дар инҷо пайдо карданд
Ҷасади Тангемро дар инҷо пайдо карданд

Худкушӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон солҳо боз ба як масъалаи доғ табдил шудааст. Бо вуҷуди онки мақомот ва руҳониён чунин амалро ба шиддат маҳкум кардаанд, ҳар сол даҳҳо нафар ба ҳаёти худ нуқта мегузоранд.

Имсол наздикони Тангеми 14-сола аз шаҳри Ҳисор низ ҷасади ӯро аз анбори хонаашон пайдо карданд. Самандар Баракаев, бобои Тангем, мегӯяд, то ба ҳол ба ин суол ҷавоб наёфтааст, ки чаро наберааш чунин кард.

Равоншиносон мегӯянд, ноболиғон пеш аз худкушӣ ишораҳое мекунанд, вале наздикон ба он диққат намедиҳанд. Равоншинос Баҳрулло Саидов гуфт, "вақте эътирозҳо оғоз мешавад, ибораҳоеро ба мисли аз зиндагӣ безор шудам ва Шумо дер ба қадри ман мерасед ба забон меоранд. Касе ба ин рафтору гуфтори онҳо аҳамият намедиҳад ва таҳлил намекунад."

Аз Сангвор ба Ҷайҳун кӯчиданд

Фаризаи Хӯҷаназар
Фаризаи Хӯҷаназар

Падари ғамзада Хӯҷаназар Алиев то як соли пеш бо хонаводааш дар ноҳияи Сангвор зиндагӣ мекард. Духтари 21-солааш Фаризаи Хӯҷаназари 21-сола моҳи феврали имсол дар хонаи шавҳараш деҳаи Миёнадуи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) дар банди дор пайдо шуд. Мақомот сабаби марги ӯро хушунату зӯроварӣ гуфтанд ва хушдомани Фариза – Зӯҳро Ҷӯрабековаро бо ҷурми ба худкушӣ расондан ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Хӯҷаназар Алиев баъди ин фоҷеа натавонист дар ноҳияи худ зиндагӣ кунад ва бо хонаводааш ба ноҳияи Ҷайҳун кӯч баст. “Як минтақаи гулистонро партофта омадам ва дар қоқистон зиндагӣ ихтиёр кардам. Гармии инҷо дар пеши сӯзиши фироқи духтарам ҳеч аст”, - гуфт Хӯҷаназар Алиев.

Дилшод Ҳайтов
Дилшод Ҳайтов

Дилшод Ҳайтов моҳи майи имсол аз рӯди Душанбе як занро, ки мехост худро бо ду кӯдакаш ғарқ кунад, берун овард. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақти берун оварданашон зан ҳолати бади равонӣ дошт. Радиои Озодӣ маълум кард, ки ин зан сокини ноҳияи Синои Душанбе буд ва баъди ҷанҷол бо шавҳараш қасди ҷони худу фарзандон кардааст. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ба хотири наҷоти кӯдакон ба Дилшод Ҳайтов ҷоиза доданд.

Мутаассифона, на ҳама заноне ки дар соли 2018 қасди ҷони худ карданд, бо наҷотдиҳандае ба мисли Дилшод дучор омаданд.

Зафар Сафаров, Аваз Набиев...

Дар соли 2018 дар баробари занону духтарон, хабарҳои мудҳиши қасди ҷони худ кардани мардон ҳам расонаӣ шуд.

Ҷасади подполковники милиса Зафар Сафаров, муовини раиси ҷаъмияти Иттиҳодияи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритусро моҳи октябр ҳамсару хоҳараш аз дарахти чормағзи ҳавлияшон дар маркази ноҳияи Вахш пайдо карданд. Тафтишот гуфт, ки шояд сабаби худкушӣ кардани марди хона - бемории равонӣ бошад.

Аваз Набиеви 22-сола, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, барои иштирок дар тӯйи оиладоршавии бародараш аз Ишкошим омад, вале рӯзи 20-уми август худро дар назди хонаашон ба дор овехт.

Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, нокушода мондани асрори бисёре аз худкушиҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон баръакс сабаби ба ин роҳ рафтани дигарон мешавад. Як фаъоли ҳуқуқи занон гуфт, “агар волидон ва наздикон бидонанд, ки фарзандон дар пайи ишқи ноком, таҷовуз ба номус ваё кадом сабаби дигаре худкушӣ кард, шояд волидони дигар эҳтиёт мекунанд. Аз дили ҷигарбанди хуб бештар бохабар мешаванд.”

"Дар пайи суҳбатҳо аз худкушӣ даст мекашанд"

Райҳона Ҳақбердиева, ҷомеашиноси дигари тоҷик, гуфт, масъалаи худкушиҳо дар Тоҷикистон ба падидаи нигаронкунанда табдил шудааст. Ӯ гуфт, занону мардоне, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, бояд ба равоншиносону созмонҳои бӯҳронӣ муроҷиат кунанд.

“Бисёр шудааст, ки муштариҳо дар ҳолати бӯҳрони равонӣ меоянд ва баъди сӯҳбатҳо оромиш пайдо мекунанд ва аз фикри бад даст мекашанд”, - афзуд ӯ.

Райҳона Ҳақбердиева, раиси созмони ҷамъиятии “Дилафрӯз” дар шаҳри Бохтар, аз мушоҳидаҳои чандсолаи худ гуфт, решаи аслии аксар фоҷеаҳо, ки бо худкушӣ меанҷомад, “ноқаноатмандиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва набуди шароити хуби рӯзгор мебошад”.

Дар Тоҷикистон соли 2017 беш аз 500 нафар қасд ба ҷони худ кардаанд. Аксари қурбониҳо занону духтарон мебошанд.

XS
SM
MD
LG