Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи як пулис, ки бо ду тири туфангчаи хизматияш ҳамсарашро кушт, баъди таҳқиқи додситонӣ барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода мешавад.
"Набиҷон пас аз тантанаҳои ҷашни истиқлол ҳамсарашро кушт"
Як мақом аз додситонии вилояти Хатлон рӯзи 30-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи онҳо нишон дод, ки Набиҷон Аминҷонов, эксперт ё таҳлилгари идораи пулиси Вахш бинобар моҷарои хонаводагӣ ба сӯи ҳамсараш тир кушодааст.
Ҳамсари ин корманди пулис дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст. "Парванда ба додгоҳ фиристода мешавад, аз сӯи додситонии ноҳияи Вахш баррасӣ шуд, ки корманди пулис ҳамсарашро куштааст",-афзуд ин манбаъ.
Набиҷон Аминҷонов чанд соли ахир дар идораи пулиси ноҳияи Вахш ба ҳайси таҳлилгар кор мекард ва аз рӯзи сар задани ҳодиса дар боздошт қарор дорад.
Набиҷон Аминҷонов, капитан ва таҳлилгари идораи пулиси ноҳияи Вахш шаби 8 ба 9 сентябр баъди баргаштан аз тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни истиқлолият, бо туфангчаи дасташ ҳамсараш Турсуной Аминоваи 30-соларо ба қатл расонидааст.
Мақомоти расмӣ аз гуфтани тафсилот худдорӣ мекунанд, вале афроди огоҳ аз ин қазия мегӯянд, ки қатли Турсуной Аминова, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 3-и ноҳияи Вахш дар назди се фарзанди ноболиғаш -- як писар ва ду духтарча, сурат гирифтааст.
Зану шавҳар ҳарду аз ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш будаанд ва ба гуфти ҳамсояҳо, зиндагии осуда доштаанд ва то рӯзи ҳодиса дар бораи баҳси хонаводагии онҳо чизе намедонистанд. Наздикони Набиҷон Аминҷонов ва Турсуной Аминова дар бораи ин қазия сӯҳбат намекунанд, вале як хешованди зан гуфт, ки зиндагии онҳо хуб буд.
Басгул Қосимова, мудири мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 3 дар ноҳияи Вахш аз Турсуной Аминова, муаллимаи фанни адабиёт ва забони тоҷикӣ тавсиф мекунад ва мегӯяд, зоҳиран бо се фарзанд зиндагии ороме дошт ва омӯзгори хубе буд.
"Набиҷон қатли ҳамсарашро қабул надорад"
Сироҷ Маҳмадалиев, вакили дифои Набиҷон Аминҷонов гуфт, зерҳимояаш айби эълоншуда алайҳи худ, яъне куштори завҷаашро рад мекунад. Маҳмадалиев афзуд, зерҳимояаш мегӯяд, ки ҷиноят содир накардааст ва кӯдакҳо вақти ин ҳодиса онҷо набудаанд. Ӯ мегӯяд, ки вақте 10 метр дур рафтааст, садои тир шунида шуд ва ӯ баъдан ҷасади ҳамсарашро пайдо кардааст.
Набиҷон Аминҷонов, ки 31-сол дорад ва чанд соли ахир дар идораи пулиси ноҳияи Вахш ба ҳайси таҳлилгар кор мекард, аз рӯзи сар задани ҳодиса дар боздошт қарор дорад. Як мақоми додситонии вилояти Хатлон гуфт, ки парванда аз рӯи моддаи "куштор" баррасӣ мешавад.
Чанде баъд аз рух додани ин ҳодиса, яъне куштори ҳамсар бо дасти шавҳар, сардори идораи пулиси ноҳияи Вахш Рустам Аҳмадзода аз мақомаш барканор шуд ва расонаҳои маҳаллӣ сабаби барканорияшро ба рӯх додани ин ҳодиса рабт доданд.
Ҳодисаҳои қатли ҳамсар ба дасти шавҳар дар Хатлон
Аз аввали соли ҷорӣ чандин ҳолати худкушӣ бо шеваи худовезӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон рух медиҳад.
Солҳои охир қатли зану шавҳар ба дасти якдигар дар минтақаҳои Тоҷикистон афзудааст. Баъзе аз ин ҳодисаҳо дар рӯзи рӯшан ва дар пеши чашми мардум сурат гирифта, баҳонаи чунин бархӯрд асосан бевафоиву рашк ва ҷанҷоли хонаводагӣ гуфта мешавад.
Бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз аввали соли ҷорӣ беш аз даҳ ҳолати куштори ҳамсарон бо дасти шавҳарон сабт шудааст. Куштор дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад ва ин модда аз 8 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.