Ҳукумати вилояти Бадахшон як бори дигар аз вуҷуди постгоҳ ё дидбонгоҳҳои махсус дар шаҳри Хоруғ ҳимоят кардааст. Аз моҳи сентябри имсол ба ин тараф дар шаҳри Хоруғ ва баъзе ноҳияҳои дигари вилояти Бадахшон постгоҳҳои махсуси нерӯҳои пулис фаъол аст ва тартибот, бахусус ҳаракати мошинҳои сиёҳшиша ва бе рақамро назорат мекунад.
Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 15-уми декабр дар як баёниияи кӯтоҳ дар Фейсбук гуфт, вуҷуди постгоҳҳо сабаб шудааст, ки ҳаракати мошинҳои сиёҳшишаи ғайриқонунӣ ва бе рақам аз байн биравад.
“Ин натиҷаи ташкили постгоҳҳои махсуси назоратӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Роштқалъа мебошад”, - гуфтаанд мақомоти Бадахшон.
Инчунин, ба қавли мақомот, танбашавии мошинҳо дар роҳҳои Хоруғ ҳам байн рафтааст. Ба гуфтаи онҳо, пештар дар наздикии бозори марказии Хоруғ танбашавии мошинҳо ба вуҷуд омада, ҳатто то як соат идома мекард. Онҳо гуфтанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз танбашавӣ "истгоҳи мошинҳои самти шаҳри Душанбе ба маҳаллаи Теми шахри Хоруғ ва истгоҳи мошинҳои самти ноҳияи Мурғоб ба маҳаллаи Хоруғи Боло кӯчонда шуд”.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри имсол дар як сафари корӣ ба вилояти Бадахшон аз ҳузури афроди ба қавли ӯ ҷиноятпеша дар ин вилоят танқид кард ва ба дунболи ин дар сатҳи олии вилоят тағйироти кадрӣ ба амал овард.
Танқиди раиси ҷумҳур нороҳатиеро дар байни гурӯҳҳое ба вуҷуд овард, ки аз онҳо ба унвони афроди таъсиргузор ва ё раҳбарони ғайрирасмӣ ном мебаранд.
Тағйироти кадрӣ дар ин минтақа ва сари кор омадани раҳбари пешини Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов пешгӯиҳоеро, ки вазъи Бадахшон метавонад бо шеваи соли 2012 пеш равад, хунсо кард. Бо он ки ҳодисаҳои кӯчак дар моҳҳои гузашта дар маркази маъмурии ин вилоят ҷой доштанд, мақомоти нав тавонистанд онҳоро бо роҳи гуфтушунид бо аҳолии маҳаллӣ ҳал кунанд.