Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як вакили дифоъ дар Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам мешавад


Як вакили мудофеъ дар Тоҷикистон ба қаллобӣ гумонбар мешавад. Масъулони Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 13-уми декабр гуфтанд, таҳқиқи парванда оид ба “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург”, ки моҳи октябри имсол боз шуд, дар ҳоли анҷомёбист.

Дар хабари расмии ин ниҳод гуфта мешавад, Жанна Исроилова, узви Коллегияи адвокатҳои “Адл”-и шаҳри Душанбе бар асоси шикояти як сокини пойтахт гумонбар мешавад. Даъвогар дар шикояташ ҳуқуқшиносро барои гирифтани 8300 доллар муттаҳам кардааст.

Дар шикояти шаҳрванде, ки исмаш оварда намешавад, ҳуқуқшинос дар он муттаҳам мешавад, ки гӯё соли 2014 бо ваъдаи кумак дар ҳалли як баҳси манзил дар Додгоҳи шаҳри Душанбе пул гирифта ва ба ваъда вафо накардааст.

“Илова ба ин, аз шаҳрванд “А” овардани маблағи 2500 доллари дигар талаб карда, аз ин миқдор санаи 15-уми октябри соли 2018 5000 сомонӣ гирифта, оварда додани боқимонда 2000 долларро талаб намуд”, - навиштааст вебсайти Оҷонсии зидди коррупсия.

Дар хабар омадааст, ки Исроилова ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллари боқимонда боздошт шуд. Моддаи 247, қисми 4, ки бар асоси он парванда боз шудааст, дар сурати гунаҳкор эътироф шудани шахс пардохти ҷарима ва ё то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Маълум нест, ки мавқеи худи ҳуқуқшинос ба ин иттиҳомот чист ва то куҷо худи ӯ ин иттиҳомотро эътироф мекунад ё на.

XS
SM
MD
LG