Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширинзода бо ҷурми қатли Моҳира Ятимова 18 сол зиндонӣ шуд


Бобоҷон Ширинзода, котиби пешини Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ва писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, бо ҷурми қатли бераҳмонаи ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимова 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми ноябр гуфт, ки Бобоҷон Ширинзода давраи адои ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард.

Хоҳари Бобоҷон: "Аз ҳукми додгоҳ розӣ нестем"

Меҳрӣ Ширинова, хоҳари Бобоҷон Ширинзода, рӯзи панҷшанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он талош хоҳанд кард.

Вай дар сӯҳбати ҳузурӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "Бобоҷон ҳамсарашро барқасдона накуштааст. Моҳира ба пойи худаш ба манзили мо омад. Агар Бобоҷон қасди куштори ӯро медошт, на дар манзили зист, балки дар ҳар гӯшаи шаҳр метавонист ин корро кунад. Мо ба ин ҳукм розӣ нестем".

Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ барои Бобоҷон Ширинзода 20 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда буд. Имрӯз дар додгоҳ аз ҷониби Бобоҷон Ширинзода хоҳарону бародарон ва дигар наздиконаш ширкат доштанд ва аз тарафи Моҳира танҳо падараш Аҳлиддин Ятимов ҳамчун ҷабрдида ҳузур дошт.

Аҳлиддин Ятимов баъди эълони ҳукми додгоҳ гуфт, ки ҳеҷ шикояте надорад ва мурофиаҳо бар асоси қонун сурат гирифт ва ҷинояткор ҷазои сазовор гирифт. "Муҳим ин набуд, ки вай ҳукми бештар аз 18 сол ё ҳукми абад мегирифт. муҳим ин буд, ки вай муҷозот шуд. Яъне, қонун амал кард ва иҷро шуд, бинобар ҳамин, ман ҳеҷ шикоят надорам".

Куштори пурсару садои Моҳира

Куштори Моҳира Ятимова бегоҳи 6-уми июни имсол дар хонаи Бобоҷон Ширинзода рух додааст. Тафтишот бо такя ба навори дурбинҳои назоратӣ гуфта буд, ки Бобоҷон Ширинзода ҳамсари пешинаашро бо 13 зарби корд дар пеши чашми ду кӯдаки ноболиғ куштааст.

Моҳира Ятимова ва Бобоҷон Ширинзода дар донишгоҳ ҳамсабақ буданд ва баъди хатми он дар соли 2007 издивоҷ карданд. Вале волидони духтар мегӯянд, ки зиндагиашон аз аввал хуб набуд. Моҳира Ятимова соли 2016 аз Бобоҷон Шарифзода ҷудо шудааст ва бар асоси қарори додгоҳ бояд се фарзанди ӯ дар хонаи модар зиндагӣ мекарданд.

Аммо Бобоҷон Ширинзода ду фарзанди калонӣ – писарҳои 8 ва 10-солаашро ба хонаи худ бурда, нагузоштааст, ки модари худро бубинанд ва ин масъала ҳамеша мояи баҳси ду тараф будааст.

Бобоҷон Ширинзода, писари Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст. Генерал Ширинов соли 2015 аз ин мақом барканор шуда буд.

XS
SM
MD
LG