Манобеъ мегӯянд, бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар наздикии сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун чаҳор нафар фавтида ва шаш тани дигар маҷруҳ шудаанд. Афроди осебдидаро дар бемористони марказии шаҳри Роғун табобат доранд ва якеи онҳо ба сабаби амиқ набудани ҷароҳат рухсат шудааст.
Дар миёни захмиҳо як зан ҳам ҳаст. Асосан аз пой осеб дидаанд
- Ҳодиса рӯзи 26-уми октябр иттифоқ афтодааст.
Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 27-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аввал як нақлиёти хурди мусофирбар ҳангоми интиқоли 9 коргари нирӯгоҳ ба маҳалли сохтмон ба садама дучор шудааст. Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ва як нафари дигар дар бемористон ҷон додаанд. Дар ҳодисаи дигар як "Камаз" ба дарё афтода, ронандааш ҳалок шудааст."
Абдуҷаббор Одинаев, сокини деҳаи Порвени Панҷакент, яке аз чаҳор қурбонии садамаи рӯзи гузашта дар Роғун будааст. Ӯ 62 сол дошт ва як сол боз дар нирӯгоҳи Роғун фаъолият доштааст.
Насимҷон Ҷумъаев, раиси ҷамоати Вору, ки деҳаи Порвен тобеаш аст, гуфт, Абдуҷаббор Одинаев мошини иҷора гирифта, дар нирӯгоҳи Роғун фаъолият дошт. Ба қавли Ҷӯраев, "субҳи имрӯз ҷасади Одинаевро ба хок супоридем. Ба наздикони марҳум ҳамдардӣ карда ва гуфтем, ки барои кумак ба онҳо омода ҳастем."
Бино ба иттилои дарёфтӣ, рӯзи гузашта чанде аз пизишкони "Қарияи Боло" барои табобати захмиҳо ба шифохонаи марказии шаҳри Роғун рафтаанд.
Рӯзи 27-уми октябр дар бемористони "Қарияи Боло" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки онҳо қабл аз зуҳри рӯзи ҷумъа дар бораи ин ҳодиса огоҳ карда шудаанд. Як мақоми беморхона ба шарти фош нашудани номаш гуфт, барои муолиҷаи маҷруҳон ба Роғун ду гуруҳи табибон фиристода шудааст.
Ду пизишке, ки барои муолиҷаи маҷруҳон рафта буданд, гуфтанд, садамаи нақлиёти ҳомили коргарон соати 7-и субҳи 26-уми октябр рух додааст. Ба қавли онҳо, дар ин садама ронандаи мошин ҳамроҳ бо ду коргари нирӯгоҳи Роғун ҳалок шудаанд. “Ронанда сокини шаҳри Панҷакент будааст”, - гуфтанд ҳамсуҳбатони мо.
Онҳо гуфтанд, "дар миёни захмиҳо як нафар зан ҳам ҳаст. Асосан аз пой осеб дидаанд".
На мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва на мақомоти нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар ин бора иттилоъ надодаанд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд. Як мақоми нирӯгоҳи Роғун бидуни зикри номаш гуфт, ки гӯиё садама на дар маҳалли сохтмон, балки берун аз он, дар роҳи миёни шаҳри Роғун ва Душанбе, рух додааст.
Дар гузашта низ мақомот аз марги чанде аз коргарон ҳангоми иҷрои вазифа дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун хабар дода буданд. Аз ҷумла, моҳи феврали имсол Раҳим Санъат, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи кӯҳкорӣ гуфта буд, ки танҳо дар соли 2017 дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун 4 нафар фавтида ва 9 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ин шабу рӯз охирин омодагиҳо барои ба истифода додани чархаи нахустини нирӯгоҳи барқи обии Роғун идома дорад. Интизор меравад, чархаи аввал рӯзи 16-уми ноябр, санаи таҷлили рӯзи президент ба кор дарояд.
Садди нирӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.