Мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз ду муассисаи байналмилалии молӣ даъват кардаанд, ки дар сармоягузории нирӯгоҳи Роғун – бузургтарин тарҳи иқтисодии кишвар – саҳм бигиранд. Намояндагони Бонки Миллии Тоҷикистон дар мулоқоте дар Вашингтон бо Вазил Ҳудак, муовини раиси Бонки Сармоягузории Аврупо, гуфтаанд, бонк метавонад дар сармоягузории тарҳҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат варзад.
Бонки Миллӣ рӯзи 25-уми апрел дар як баёнияи расмӣ гуфт, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳангоми вохӯрӣ бо Вазил Ҳудак изҳор доштаанд, ки "иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон зиёд аст ва Роғун аҳамияти минтақавӣ дорад".
- Аз ин рӯ, аз Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ даъват кардаанд, ки дар татбиқи ин тарҳ ва лоиҳаҳои дигари сармоягузорӣ ширкат намояд.
Аз ин пештар Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ дар мулоқот бо муовини раиси Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Юрген Ригторинг хостааст, ки дар ҷалби ин муассиса барои сармоягузорӣ дар Роғун мусоидат намояд. Ҷамолиддин Нуралиев гуфтааст, барои Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои соҳаи гидроэнергетика дар афзалият қарор дорад.
Ба қавли Бонки Миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев, барои ширкати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар иҷрои тарҳи “Роғун” ва таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар ин самт даъват кардааст.
Даъвати мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои ҷалби сармояи муассисаҳои байналмилалӣ зоҳиран баёнгари он аст, ки давлат маблағи кофӣ барои идомаи сохтмон надорад ва мехоҳад, қарзи боимтиёз аз ин созмонҳо бигирад. Айни замон сохтмони Роғун аз ҳисоби пули евробондҳои Тоҷикистон идома дорад, ки кишвар ба маблағи 500 миллион доллар фурӯхтааст. Аммо баҳраи ин қарзҳо калон аст ва мумкин аст, Тоҷикистон онро ба осонӣ пардохта натавонад.
Дар ин бора бештар бихонед:
Чархаи аввали "Роғун" 16 ноябр ба кор медарояд
Қаблан Тоҷикистон ният дошт, ки сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ба танҳоӣ ва бо сармояи дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо бисозад. Вале фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба мардум дар соли 2010 дер напоид ва ин маърака бо талаби ниҳодҳои молии байналмилалӣ қатъ гардид.
- Вазорати молияи Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли 2018 аз ҳисоби буҷети кишвар ду миллиард сомонӣ ҷудо кардааст.
Давлати Тоҷикистон Роғунро тарҳи ҳаёту мамот барои кишвар номидааст ва мегӯяд, қарор аст, ширкати итолиёвии Салини Импреҷило то охири имсол яке аз турбинаҳои онро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад ва истеҳсоли нерӯи барқ дар он шурӯъ шавад. Роғун дар сурати такмил шудани сохтмонаш метавонад Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.
Садди нирӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.