Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писарамро ба нерӯи барқ мондаанд"


Модараш мегӯяд, дар бадани писараш осори латукӯб возеҳ дида мешуд.
Модараш мегӯяд, дар бадани писараш осори латукӯб возеҳ дида мешуд.

Як модари тоҷик иддао дорад, ки муфаттишон фарзанди 26-солаашро барои эътирофи иттиҳом шиканҷа кардаанд. Аммо мақомот мегӯянд, санҷиш муайян кард, ки иддаои ин модар беасос аст.

Маъмурони милиса Анвар Ҳакимов, сокини шаҳри Бохтарро (Қӯрғонтеппаи пешин) моҳи майи имсол бо иттиҳоми дуздии пули зиёд аз хонае боздошт карда, ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб бурдаанд.

Дилором Ҳакимова, модари Анвар рӯзи 18 - уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ пас аз як моҳи ҳодиса, зимни мулоқот бо писараш дар моҳи сентябр дар бадани Анвар осори лату кӯбро мушоҳида кард.

Дар аксҳое ҳам, ки модар дар даст дорад, дида мешавад, ки панҷаҳо ва пушти Анвар захмӣ буда, доғҳои сиёҳу кабуд доранд. Анвар ба модараш нақл кардааст, ки ӯро дар шӯъбаи корҳои дохилӣ барои эътироф ба қувваи барқ мондаанд ва ҳам лату кӯб кардаанд.

"Тамоми баданаш сурху кабуд буд"

“Аввал ба ман барои вохурӣ иҷоза надоданд. Натавонистам ба наздаш ба боздоштгоҳ дароям. Вақте ӯро дидам, ҳама ҷо лату кӯб шудааст. Панҷаҳои бача сӯхтагӣ. Ба қувваи барқ мондаанд. Ман аввал фақат дастонашро дидам, намонд, ки танашро бинам, вақте дуввумбор ӯро дидам, дигар тоб наовардам, куртаашро кашидам. Тамоми бадан сурху кабуд аст" - гуфт Дилором Ҳакимова.

Панҷаҳои бача сӯхтагӣ. Ба қувваи барқ мондаанд.

Модари Анвар бовар дорад, ки писараш бегуноҳ аст ва мақомоти милиса гунаҳкори аслиро пайдо накардаанд.

"Ӯро шиканҷа кардаанд, ки ту корро ба гардан гир, вале писарам мегӯяд, дуздӣ накардааст ва инро дар видеоҳои хона ҳам сабт кардаанд. Дар рӯзи боздошт ҳам дар назди худам писарамро лату куб карда буданд" - мегӯяд Дилором Ҳакимова.

Дилором Ҳакимова ба мақомот аз ҷумла додситони кулл шикоят бурда ва аксҳои писарашро ҳамчун далел пешниҳод кардааст, вале ба гуфтаи худаш, то ҳол ба муроҷиаташ ҷавоб нагирифтааст.

Ба гуфтаи модар, рӯзи 18-уми октябр бояд мурофиаи додгоҳии писараш, дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баргузор мешуд, вале онро ба таъхир андохтанд. Сабаб ҳам хуб набудани сиҳатии Анвар Ҳакимов дар боздоштгоҳ гуфта шудааст.

Шикояти модар асос надошт?

Ҳолати писар, модарро, ки дар бораи сиҳатии ӯ дар ин авохир маълумот надорад хеле нигарон кардааст. “Омадам, ки писарчаам бемор будаст, дар мурофиа иштирок накардааст. Намедонам чӣ бемор шудааст, чӣ ҳол дорад. Ба ман иҷозат барои вохӯрӣ надода буданд. Ман нав ариза навиштам барои мулоқот" - гуфт ӯ, ба Радиои Озодӣ.

Аммо мақомоти ноҳияи Варзоб иддаои модарро дар мавриди шиканҷа шудани писарашро рад мекунанд. Илҳом Нуров, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб, мегӯяд, даъвои Дилором Ҳакимоваро чанд ниҳод аз ҷумла додситонӣ тафтиш кард, вале даъвояшро беасос номиданд​.

Экспертиза таъйин карданд, табибони беғаразро ҳам бурдем, ҳамаро татфтиш карданд. Ҷавон сиҳат аст.

“Суратҳо дар маводи додситонӣ ҳаст. Экспертиза таъйин карданд, табибони беғаразро ҳам бурдем, ҳамаро татфтиш карданд. Ҷавон сиҳат аст. Ин шикояти модар ҳам ягон асоси худро наёфт” - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи муфаттиш, Анвар Ҳакимов, ба дуздии маблағи калон муттаҳам дониста мешавад ва ҳоло дар боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе аст.

Дилором Ҳакимова мегӯяд, писараш дар як ошхона ба ҳайси пешхизмат кор мекард ва ба кишоварзӣ ҳам машғул буд ва аз ҳеҷ хонае дуздӣ накардааст.

Шиканҷаи муттаҳамон мушкили доғи Тоҷикистон

Иддаои модари Анвар, аз шиканҷа шудани писараш дар идораи милиса дар ҳолест, ки шиканҷаи муттаҳамон дар Тоҷикистон як масъалаи доғ боқӣ мемонад. Аммо шикоятҳо аз шиканҷа умдатан натиҷа намедиҳад ва ба истиснои як ду маврид дигар корманди ниҳодҳои интизомӣ беҷазо мемонанд.

Тибқи як таҳлили Эътилофи зидди шиканҷа дар шаш соли ахир 200 нафар аз амалкардҳои мақомоти интизомӣ, аз ҷумла шиканҷаву бадрафторӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кардаанд.

Ахиран Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз он нигаронӣ карда, дар хулосаи худ гуфт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

XS
SM
MD
LG