Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Аз занҳои тоҷики худ ҷудо шудаанд, то зани рус бигиранд”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) дар ҷануби Тоҷикистон 20 хонаводаеро ошкор кардааст, ки дар он ҳамсарон баъди талоқи расмӣ боз ҳам ба зиндагии муштарак идома медиҳанд. Масъулони идора гуфтанд, ки ҳадафи талоқи расмӣ – муҷаррад нишон додани мард ва роҳро боз кардан барои издивоҷи тақаллубӣ дар Русия будааст.

Бино ба иттилои раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Русия, ҳар сол дар ин кишвар беш аз 12 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо шаҳрвандони Русия издивоҷ мекунад.

Роҳи нисбатан осон?​

Зиннатбӣ Сафарзода, сардори Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон, охири ҳафта дар як нишаст дар Кӯлоб гуфт, “онҳо бо никоҳи мусалмонӣ бо ҳамсарони худ зиндагӣ доранд. Танҳо ба хотири гирифтани шаҳрвандии кишвари дигар ба ин кор даст задаанд.”

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба хотири ҳарчи зудтар ба даст овардани шаҳрвандии он кишвар расман аз занҳои тоҷики худ ҷудо шуда, бар асоси шартномаи шифоҳӣ бо занону духтарони рус издивоҷ мекунанд.

Мурод, як сокини минтақаи Кӯлоб, ҳар сол бо ҳадафи кор ба Русия меравад. Ӯ як сол пеш тасмим гирифт, ки бо ҳамсари қонуниаш дар Тоҷикистон расман ҷудо шуда, бо як зани рус издивоҷи тақаллубӣ кунад.

  • Роҳи нисбатан осони дарёфти шаҳрвандии Русия – издивоҷ бо зани дорои шаҳрвандии он кишвар мебошад. Роҳҳои дигар баъзан тӯлониву мушкил ва баъзан серхарҷанд.

Маслиҳат бо ҳамсари тоҷик, муомила бо зани рус

Дар натиҷа, Мурод бо ҳамсараш машварат кард ва соле пеш дар ЗАГС талоқ карданд ва ҳоло дар фикри пайдо кардани ҳамсари рус мебошад. “Бо зан ё духтари рус маслиҳат мекунӣ, ки то як сол ё замони гирифтани шаҳрвандии Русия ҳар моҳ барояш ҳақ медиҳӣ. Ва ӯ нақши ҳамсари туро мебозад. Бо он зан аслан зиндагӣ намекунӣ. Вақте шаҳрвандиро гирифтӣ, метавонӣ, бо он зани рус муомиларо қатъ ва расман ҷудо шуда, боз бо ҳамсари худат никоҳи расмӣ кунӣ”, - нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Мурод мегӯяд, чунин тасмимгирӣ барои худу оилааш осон набуд, аммо аз ночорӣ ду тараф розӣ шудаанд. “Ин ҳама барои беҳтар кардани вазъи зиндагии хонавода аст. Ҳамсарам ҳам мефаҳмад. Агар шаҳрвандии Русияро дошта бошӣ, хуб кор мекунӣ, пули патент намедиҳӣ ва милиса ҳам камтар азият мекунад”, - гуфт мусоҳиби мо.

Ин роҳи дерина ва озмудаи ба даст овардани шаҳрвандиро дар забони ҳуқуқӣ “издивоҷи тақаллубӣ” меноманд ва мақомоти Русия ин масъаларо ҳам ҷиддӣ назорат мекунанд. Ҳар сари чанд вақт матбуоти Русия бо такя ба мақомот дар бораи ошкор шудани издивоҷи тақаллубии шаҳрвандони ин кишвар бо хориҷиҳо хабар медиҳанд.

"Суду зиёнро баркашанд"

Рустам, яке аз муҳоҷирон, ду сол пеш бо истифода аз ин роҳ шаҳрвандии Русияро соҳиб шудааст. Ӯ гуфт, “садҳо нафар аз роҳи таҳияи санад шаҳрвандӣ мегиранд. Баъзеҳо пули зиёд харҷ мекунанд, баъзеи дигар ҳар сол рафтаву омада, тоқат мекунанд. Аммо як чунин роҳ ҳам вуҷуд дорад.”

Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар ин ҳама моҷароҳо боз ҳамин ҳамсарони муҳоҷирон ҳастанд, ки дар ниҳояти амр дар ҳолати беҳуқуқӣ қарор мегиранд. Дар сурати дигар шудани фикру хаёл ё ошиқ шудани ҳамсар ба зани рус, бисёр ҳолатҳое шудааст, ки мардони тоҷик дигар зану фарзандони худро дар Тоҷикистон суроғ намекунанд. Агар даъво ҳам кунанд, ҳақ нестанд, чунки расман ҳамсар намебошанд.

Аз ин хотир, бархе ҷомеашиносон ба занону духтарон машварат медиҳанд, ки пеш аз гирифтани тасмими ҷиддӣ дар заминаи пазириши нақшаи талоқ ба хотири издивоҷи тақаллубӣ бо ҳамсари дигар, манфиату зарарҳои худ ва фарзандонро аз назари қонун фикр кунанд.

Дар як сол беш аз 12000 издивоҷи тоҷикон бо русҳо

Бино ба иттилои раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Русия, ҳар сол дар ин кишвар беш аз 12 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо шаҳрвандони Русия издивоҷ мекунад. Пеш аз издивоҷи шаҳрванди Тоҷикистон бо зани рус, мақомоти Русия аз домоди тоҷик мехоҳанд, собит кунад, ки дар ватан ҳамсари дигар надорад.

Омори никоҳҳои қалбакии бекоршудаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дастрас нест. Вале як кандукови мо дар саҳифаҳои матбуоти Русия собит кард танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз 71 мавриди ошкор шудани чунин никоҳҳои қалбакии шаҳрвандони Тоҷикистон гузориш пахш шудааст.

Аз ҷумла соли гузашта Додситонии ноҳияи Левобережнии шаҳри Воронежи Русия аз додгоҳи ноҳия дархост карда буд, ки никоҳи як шаҳрванди Тоҷикистонро бо сокини маҳаллӣ бекор кунад. Додистонии ин ноҳия ба муҳаббату самимияти шаҳрванди Тоҷикистон бо зани рус шак карда ва гуфтааст, ин никоҳ ҳосили муомилаи молии ду нафар аст ва онҳо бо ҳам соате ҳам оиладорӣ накардаанд.

XS
SM
MD
LG