Моҷарои оиладории Ҳабиб Патахонов, як ҷавони тоҷикистонӣ, ки дар як барномаи шабакаи якуми телевизиони Русия даъвои наве барпо кард, дар Тоҷикистон бо вокунишҳои зиёд ва аксаран манфӣ рӯбарӯ шуд. Дар пайи баррасиҳои тунд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рафтори Патахоновро шадидан маҳкум кард.
Масъулини ин кумита рафтори ин шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз болои ҳамсари аввали русаш бо духтари тоҷике никоҳ карда, баъди як моҳ ӯро талоқ дод, "ғайриқонунӣ" ва ҳам "ноҷавонмардона" хонданд.
Бино ба иттилои раёсати Сабти аҳволи ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Русия, ҳар сол дар ин кишвар беш аз 12 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо шаҳрвандони Русия издивоҷ мекунанд.
Сабоҳат Маҳмадалиева, намояндаи Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, рӯзи 30-юми апрел ва баъди чанд рӯзи пахш шудани барномаи пурмоҷарои телевизионӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қонун дузанагӣ ва бисёрникоҳӣ дар кишвар манъ аст ва фаъолияти онҳо ҳам аз рӯйи ин санадҳо ба роҳ монда шудааст. Ин масъули Кумитаи кор бо занон афзуд, дар ин маврид вазорати меҳнат салоҳият дорад, ки ӯро бозхонд кунад ва дар мавриди оиладорӣ ва дузанагӣ тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шавад.
Масъулини Кумитаи кор бо занон мегӯянд, дар пайи шикояти Зарина Раҳимова, ҳамсари 29-солаи тоҷики Ҳабиб Патахонов онҳо метавонанд вобаста ба имконияту салоҳиятҳои худ ин масъаларо баррасӣ кунанд ва ба вай кӯмак расонанд. Сабоҳат Маҳмадалиева афзуд, ки агар Зарина Раҳимова барои маслиҳати равонӣ ва ҳуқуқӣ агар кӯмак пурсад, кумита омода аст мусоидат намояд. "Чун кумита ҳамарӯза бо занонеро, ки шавҳаронашон дар муҳоҷират ҳастанд ва ба кӯмак ниёз доранд, дастгирӣ мекунад",- мегӯяд Сабоҳат Маҳмадалиева.
Зарина Раҳимова ва Ҳабиб Патахонов 2 марти соли ҷорӣ дар Душанбе никоҳ ва маросими тӯй барпо карданд. Арӯсӣ дар пайи маросими хостгории хонаводаи Ҳабиб ва бо ширкати худи ӯ анҷом шуд ва Зарина ҳам огоҳона бидуни қайди расмӣ дар САҲШ розӣ шуд ҳамсари Ҳабиб шавад.
Вай гуфт, ба Ҳабиб ваъда дод, ки никоҳаш бо Зарринаро дар Маскав қонунӣ мекунад. Вале ҳоло Заррина Раҳимова мегӯяд, баъди арӯсӣ ва моҷарое, ки дар телевизион намоиш дода шуд, фаҳмид, ки Ҳабиб аз ҳамсари русаш Валентина Исаева ҷудо нашуда ва дар қайди расмии Маскав ҳам набудааст.
Издивоҷи моҷаробарангез бо духтари 11-сола
Исми Ҳабиб Патахонов баъди он маъруф шуд, ки соли 2005 телевизиони Русия дар як барнома ҳомиладор шудани Валентина Исаеваи 11-соларо аз Патахонови он вақт 19-сола намоиш дод. Таҳдиди зиндон ба ин ҷавон бо издивоҷи ду ошиқ анҷом шуд ва дар муддати 13 соли охир ин ду нафар соҳиби 2 фарзанд шуданд.
Вале моҷарои телевизионии нави онҳо соли 2017 ва иттиҳоми ҳамсари рус дар робитаи ошиқона бо марди дигаре боиси он шуд, ки марди тоҷик гӯё Исаеваро тарк карда ба Душанбе баргашт. Аммо барномаи навбатии телевизионии ҳафтаи гузашта дар шабакаи аввали Русия бо Зарина издивоҷ кардану дар як моҳ талоқ додани духтари тоҷикро ба намоиш гузошт.
Ҳоло Зарина бар ин бовар аст, ки издивоҷ бо ӯ як барномаи тарҳрезишудаи Ҳабиб буд ва натиҷааш ҳам бадбахт шудани Заррина шуд. Зоҳиран Ҳабиб дубора ба назди ҳамсари русаш баргаштааст.
Заррина Раҳимова рӯзи 27-уми апрел баъди бозгашташ аз Маскав, ки дар барномаи телевизионӣ иштирок кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо умеди барқарор шудани муносибатҳои оилавиаш бо Ҳабиб ба сафари Маскав розӣ шуд.
"Духтарони барнома телевизиони Русия занг зада, аз номи Ҳабиб гуфтанд, ки агар зани ман омада дар барнома ширкат кунад ва ман росту дурӯғ будани гапҳояшро бифаҳмам, метавонам дубора бо ӯ зиндагӣ кунам. Ман ҳам бо умед рафтам, ки мумкин муносибатамон хуб шавад."
Ба гуфтаи Заррина, арӯсии онҳо 2-юми март баргузор шуд ва 6-уми апрел баъди моҷарое ҳамсараш ӯро талоқ дод. Вай гуфт, рӯзи 12-уми апрел бар асари асабонияту нороҳатии зиёд фарзанди батнашро аз даст дод ва ба бемористон афтод. Вай мегӯяд, баъди фурсати кӯтоҳи зиндагӣ бо ҳамсар дарк кард, ки Ҳабиб ҳеҷ гоҳ бо Валентина тамосашро қатъ накарда буд ва ҳамеша дилаш кашоли он зан будааст: "Вай ба ман гуфта буд, ки фақат бо фарзандонаш гап мезанад, вале дар асл бо занаш гап мезадааст. Мехостааст бо занаш будан, аммо чаро маро интихоб кард, бахти маро шикаст."
Заррина баъди ин моҷаро мегӯяд, ки ин ҳодиса барои ӯ як дарси хуби зиндагӣ шуд. Зарин ҳанӯз намедонад, ки ояндааш чӣ мешаваду то куҷо метавонад дубора издивоҷ ва ба марди дигаре бовар кунад. Вале мегӯяд, худи духтарон ва ҳам волидони онҳо пеш аз арӯсӣ бо муҳоҷирони корӣ бояд ҷузъиёти шахсияти домодро бидонанд, аз қайди расмии САҲШ гузаранд ва бидонанд, ки бояд ҳуқуқи ҳамсари худро эҳтиром кунанд. "Дар ин бора муллоҳо ҳам бояд дар масҷидҳо сӯҳбат кунанд, то ки никоҳ бозича нашавад"-, гуфт Заррина.
12 ҳазор издивоҷ бо шаҳрвандони Русия
Бино ба иттилои раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Русия, ҳар сол дар ин кишвар беш аз 12 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо шаҳрвандони Русия издивоҷ мекунад. Ва дар бисёр ҳолат ҳатто, онҳое, ҳам, ки дар Тоҷикистон оилаву фарзанд доранд, дар кишвари муҳоҷират оила дигар бунёд ва хонаводаҳои худро тарк мекунанд.
Сабоҳат Маҳмадалиева, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, ба ин ниҳод дар як соли ахир 1706 оилаҳои муҳоҷирон муроҷиат кардаанд. Бархе ҳам барои пайдо кардану овардани шавҳарони бедаракшудаи худ аз Русия кӯмак хостаанд.