Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, аз корхонаи алюминийи тоҷик – ТАЛКО – дидан кард.
Ҳукумати пешини Узбекистон аз мухолифони корхонаи алюминий буд ва иддао дошт, ки он муҳити зистро олуда мекунад. Ҳоло ҳукумати нав ба раҳбарии Мирзиёев бо ин корхонаи муҳими Тоҷикистон, ки маҳсулоташ яке аз молҳои асосии содиротии кишвар мебошад, чанд созишномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.
Корхонаи алюминийи тоҷик дар шаҳри Турсунзода, дар наздикии марз бо Узбекистон ҷойгир аст.
АКСҲОИ БЕШТАР ДАР ИНҶОСТ:
Раиси ҷумҳури Узбекистон бо ҳадафи иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) рӯзи 27-уми сентябр ба Тоҷикистон омад. Аз аввали имсол ин сафари дувуми ӯ ба кишвар аст.
Дар ҳамин рӯз марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон – "ТАЛКО-КРАНТАС" низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин корхона тавлиди мошинҳои боркашро дар назар дорад. Ва ду тараф дар бораи бунёди корхона моҳи марти имсол ба тавофуқ расиданд.
Қаблан Игор Сатторов, сухангӯи ТАЛКО гуфта буд, ки мошинҳои боркаш ва мошинолот бештар барои бароварда сохтани ниёзи худи корхона зарур аст. "Ҳамзамон бо дархости мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, мошинҳои обу партовкашон дуруст мекунанд", - афзуд ӯ.
Боздиди Шавкат Мирзиёев аз корхонаи алюминийи тоҷик дар ҳолест, ки ҳукумати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, яке аз мухолифони сарсахти ин корхона буд ва иддао дошт, ки ТАЛКО муҳити зистро олуда мекунад. Чанд дафъа сокинони навоҳии наздимарзии Узбекистон низ басташавии корхонаро талаб карда буданд.
Аммо бо тағйири ҳукумат дар Узбекистон дар соли 2016 муносибати ин кишвар бо Тоҷикистон тағйир ёфт ва яхи дар ду даҳа ҷамъшуда ба обшавӣ шурӯъ кард.
Ҳоло ширкати ТАЛКО созишномаеро имзо кардааст, ки бар асоси он ҳар сол 10 ҳазор тонна метали алюминийро аз Тоҷикистон ба Узбекистон интиқол хоҳад дод.
Тоҷикистону Узбекистон якдигарро шарикони стратегӣ номиданд. Раҳбарони ду кишвар рӯзи 27-уми сентябр гуфтанд, равобити хуби Тошканду Душанбе аз афзалиятҳои кори онҳост.
Дар шаш моҳи аввали имсол Тоҷикистону Узбекистон ба маблағи 117 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар будааст. Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 66 миллион доллар маҳсулот содирот карда, аз ин кишвар ба маблағи 51 миллион доллар коло ворид намудааст.
Нахустин сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзи 9-уми марти имсол сурат гирифт. Он замон миёни ду кишвар 27 созишнома имзо шуд, ки шароити бидуни виза сафар кардани шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар то сӣ рӯз яке аз онҳост.
Баъдан, дар моҳи августи имсол, дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, президентҳои ду кишвар созишномаи шарикии стратегиро имзо карданд.
Бо ин ҳол, гуфта мешавад, ҳанӯз чанд мушкил миёни Тоҷикистону Узбекистон боқӣ мондааст. Поккории минтақаҳои минакоришуда ва таъйину аломатгузории марз аз ҷумлаи онҳост.