Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба баррасии даъвои ду вакили мудофеъ сар кардааст.
- Яке аз онҳо Саидбек Нуриддинов, раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон ва дигаре Ҳилолбӣ Назарова, корманди созмони “Кафолат” (собиқ “Сипар”) аст. Ҳарду вакили мудофеъ якдигарро ба туҳмат ва бадгӯӣ муттаҳам мекунанд.
Раиси Иттифоқи адвокатҳо дар навбати худ аз додгоҳ хостааст, ки аз Ҳилолбӣ Назарова ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ 300 ҳазор сомонӣ, муодили 30 ҳазор доллар, рӯёнда шавад. + гуфтааст, ин маблағро ба хонаи ятимон медиҳад
Додгоҳ пешниҳод кард, ки оштӣ кунанд
Аҳмад Бобозода, додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, рӯзи 27-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол тарафҳо чанд дафъа рӯбарӯ карда шудаанд. “Додрас аз ҳарду ҷониб хост, ки мусолиҳа кунанд. Ин яке аз шартҳои пеш аз мурофиа аст. Вале додрас то ба охир наметавонад барои оштӣ кардани онҳо пофишорӣ кунад”, - афзуд ӯ.
Ҳилолбӣ Назарова, вакили мудофеи созмони “Кафолат”, иддао дорад, ки Саидбек Нуриддинов – раиси Иттиҳоди адвокатҳо – “аз рӯи хусумати шахсӣ” ба мақомоти интизомӣ ӯро яке аз тарафдорони ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ муаррифӣ кардааст. “Ӯ гуфтааст, гӯиё мо дар соли 2015 адвокатураи “Сипар”-ро ба ҷои гирдиҳамоии аъзои ҳизби наҳзат табдил дода бошем. Ин як туҳмати сангин дар ҳаққи ман аст”, - мегӯяд Назарова.
Даъвои зидди даъво
Вай иддао дорад, ки бо ин маълумотнома Нуриддинов ба зиндагӣ ва равони ӯ зарба зад ва ҳамчун ҷуброни зарар 200 ҳазор сомонӣ, муодили 20 ҳазор доллар, талаб дорад.
Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, рӯзи 27-уми сентябр ба зангҳои телефонии мо посух надод. Вале дар санадҳое, ки ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод кардааст, иддаои Ҳилолбӣ Назароваро рад намуда ва “як амали иғвогарона” зикр кардааст.
Вай, баръакс, дар аризаи худ ба додгоҳ Назарова ва гуруҳи дигари вакилони мудофеъро барои ташкили ситод алайҳи Иттифоқи адвокатҳо ва паст задани обрӯи созмон айбдор кардааст. Бо назардошти ин, раиси Иттифоқи адвокатҳо аз додгоҳ хостааст, ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ аз Ҳилолбӣ Назарова 300 ҳазор сомонӣ, муодили 30 ҳазор доллар, рӯёнда шуда ва ин миқдор маблағ ба хонаи бачагон дода шавад.
Баҳс аз чӣ бархост?
Ҳилолбӣ Назарова, вакили мудофеъ аз Маркази адвокатураи “Кафолат” мегӯяд, баҳси онҳо баъди як шикояти ӯ дар мавриди бекор кардани қарори анҷумани Иттифоқи адвокатҳо дар соли 2017 бархостааст. Ӯ мегӯяд, “бар асоси қарор аз ҳамаи минтақаҳои кишвар 10-нафарӣ вакил ба анҷуман интихоб мешуд. Дар ҳоле ки дар баъзе аз ноҳияҳо ҳамагӣ 5 адвокат дорем. Дар пойтахт 300 вакили мудофеъ аст. Чӣ гуна аз ноҳия ва ҳам аз пойтахт даҳнафарӣ вакил интихоб мешуд? Ин нобаробарӣ маро водор кард, ки ба додгоҳ муроҷиат кунам.”
Вай гуфт, ҳамчунин Саидбек Нуриддинов ба ҳайси раиси Иттифоқи адвокатҳо аз ҳисоби аъзоҳаққии онҳо 5000 сомонӣ маош гирифта, “вале ҳамчун масъул барои рушди кори вакилони дифоъ дар Тоҷикистон фаъолияти назаррасе намекунад”.
Аз якуним ҳазор вакили дифоъ 800 нафар монд
Саидбек Нуриддинов нахустин раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аст. Ӯ тобистони соли 2015 бо дарёфти 70 дарсади орои вакилони мудофеъ, бар курсии раиси Иттиҳоди адвокатҳоиТоҷикистон нишаст. Нуриддинов 20 сол таҷрибаи кори адвокатӣ дошта, қаблан узви раёсати Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон - "Сипар" буд. Дар гузашта ба ҳайси додрас дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ кор кардааст.
То замони ташкили Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, вакилони мудофеъ асосан дар ҳайати коллегияҳо ва созмонҳои алоҳида фаъолият доштанд.
Аксари вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон аз иштирок дар парвандаҳои пурсару садо ваё афроди ҷанҷолбарангез худдорӣ карда, бештар дар баҳсҳои оилавӣ ва тақсими молу мулк ҳузур пайдо мекунанд. Солҳои охир баъзе аз вакилони мудофеъ, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров зиндонӣ шуда, бархеи дигар ба хориҷ рафтаанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 800 вакили мудофеъ фаъолият доранд. Қаблан ин рақам ба якуним ҳазор нафар баробар буд. Бар сари беш аз 11 ҳазор аҳолии кишвар 1 адвокат рост меояд.